Баҳроми Гӯр
Баҳроми Гӯр (форсӣ: بهرام گور), Баҳроми V (порсии миёна: Warahrān, Wahrām; 406 — 438[1], Media[d]) — понздаҳумин шоҳаншоҳи Соcонӣ (421—438), писари Яздгирди I, аз шахсиятҳои мавриди таваҷҷуҳ дар адабиёт ва шеъри форсӣ. Дар соли 420 мелодӣ бар тахти подшоҳии Эрон нишаст.
порсии миёна: Warahrān, Wahrām | |
| |
420/421 — 439 | |
Пешгузашта | Яздигурди I |
Таваллуд | 406 |
Даргузашт |
438[1] |
Дудмон | Хонадони Сосон |
Падар | Яздгирди I |
Модар | Shushandukht[d] |
Ҳамсар | Сапенуд[2] |
Фарзандон | Яздгирди II |
Эътиқод | маздаясно |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Эзоҳ
вироишЗиндагинома
вироишБаҳроми Гӯр дар хонадони подшоҳи сулолаи Сосониён Яздгурди якум ба дунё омад. Бо дастури мунаҷҷимон ӯро барои таълиму тарбия ба ҳукмрони шаҳри ал-Ҳира (поёноби дарёи Фурот, ҳаммарз бо Эрон) Мунзир ибни Умар ибни Адими Лаҳмӣ, ки дастнишондаи Сосониён буд, доданд. Пас аз вафоти падараш Баҳроми Гӯр ба Эрон омада, тоҷу тахтро соҳибӣ кард. Дар ҷанг бо ҳайтолиён пирӯз шуд, тамоми Арманистонро ба Эрон ҳамроҳ кард.
Баҳроми Гӯр дар адабиёт
вироишДар осори таърихӣ ва адабӣ аз майлу рағбаташ ба шикори гӯр (Баҳроми Гӯр лақаб гирифтанаш аз ҳамин ҷост:
Шикораш набошад магар шеру гӯр,
Азерош хонанд Баҳроми Гӯр.- Фирдавсӣ), мусиқӣ ва адабиёт иттилоъ дода шудааст.
Ҳамин шахси таърихӣ дар достонҳову қиссаҳои адабиёти форс-тоҷик ба симои бадеӣ табдил ёфта, бо рангу тобишҳои гуногун, ороста бо тахайюлоти бадеии шоирону адибон, ҷилвагар шудааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ қиссаи зиндагию омоли Баҳроми Гӯр хеле густарда тасвир ёфтааст. Баъзе лаҳзаҳои зиндагии Баҳроми Гӯр дар навиштаи Фирдавсӣ ба ҳақиқати таърихӣ мутобиқанд, аммо аксаран шоир қиссаву ривоятҳои мардумии дар бораи Баҳроми Гӯр вуҷуддошта, маълумоти дар осори адабиву таърихии ба забони форсии миёна — паҳлавӣ, забонҳои арабӣ ва форсии дарӣ навишташударо ба назм даровардааст. Баҳроми Гӯр дар назди Мунзир илму адаб омӯхта, дар 15-солагӣ ба шикор мерафт. Боре ӯ дар шикор шер ва гӯрхареро, ки шер ба пушташ савор шуда буд, ба як тир бикушт. Ба фармони Мунзир ҳамин лаҳзаи шикори Баҳроми Гӯр дар яке аз деворҳои қасри Хаварнақ, ки Баҳроми Гӯр дар он ҷо мезист, сабт гардид. Пас аз вафоти падари Баҳроми Гӯр, мӯбади мӯбадон, бузургфрамадори Эрон (вазири аввал) ва сипаҳсолор машварату қарор карданд, ки яке аз хешовандонаш — Хусравро ба тахт биншонанд, чунки ба андешаи онҳо, Яздгурд шоҳи бадхӯю бадкирдор, ки буд, фарзандаш ҳам монанди падараш хохад буд. Баҳроми Гӯр бо сӣ ҳазор лашкар ба Тайсафун омада, дар беруни шаҳр қарор гирифт. Ба вакилоне, ки ба наздаш барои машварат омада буданд, эълон дошт, ки барои соҳиб шудан ба тахти падар омадааст, на барои ҷанг. Шарт гузоштанд, ки тоҷи шоҳӣ дар назди ду шери гурусна гузошта шавад ва касе, ки онро аз пеши шерон бигирад, ҳукмрони кишвар хоҳад шуд. Хусрав ба Баҳроми Гӯр пешниҳод кард, ки аввал ӯ барои гирифтани тоҷ ҳаракат бикунад. Баҳроми Гӯр аз пеши шерон тоҷро гирифт ва ба тахти шоҳӣ соҳиб гашт. Нисбат ба дигар подшоҳони силсилаи сосонӣ Абулқосими Фирдавсӣ ба Баҳроми Гӯр таваҷҷуҳи хос дорад. Ӯ дар достони «Баҳроми Гӯр» тарзи давлатдорӣ, шикору базму размҳои Баҳроми Гӯрро муфассал тасвир намудааст (саҳнаи шикори Баҳроми Гӯр, издивоҷи ӯ бо чаҳор духтари осиёбон, сафари Баҳроми Гӯр ба Ҳиндустон ва саргузаштҳояш дар ин кишвар, ҷанги Баҳроми Гӯр бо хоқони Чин ва ғайра). Дар «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ, достони «Ҳашт биҳишт»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ва диг. осори адабӣ-таърихии форс-тоҷик қиссаҳои ҷолибе дар бораи Баҳроми Гӯр оварда шудаанд. Дар ин асарҳо аз майлу рағбати Баҳроми Гӯр ба суруду мусиқӣ, шеъру адаб сухан меравад. Тазкиранигор Муҳаммад Авфӣ дар боби чоруми асараш «Лубобу-л-албоб» —
«Дар маънии он ки аввал кас шеъри порсӣ кӣ гуфт?» мегӯяд: «Бибояд донист, ки аввалкасе, ки шеъри порсӣ гуфт, Баҳроми Гӯр буд».— Муҳаммад Авфӣ «Лубобу-л-албоб»
Ҳамин маънию мазмун дар «ал-Муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ҳам таъкид ёфтааст. Ба қавли Авфӣ, Баҳроми Гӯр ба арабӣ низ шеър месурудааст ва гӯё, ӯ дар Бухоро девони ашъори Баҳроми Гӯрро дидааст. Аз ашъори форсии Баҳроми Гӯр мисраъҳои зерин дастрас гардидаанд, ки дар манбаъҳо ба ду гуна забт ёфтаанд:
Манам он шери гала,
Манам он пири яла!
Номи ман Баҳроми Гӯр,
Кунятам Буҷабала
***
Манам он пили дамону манам он шери яла,
Номи ман Баҳроми Гӯр, кунятам Буҷабала!
Дар баъзе манбаъҳои адабӣ аз забони Баҳроми Гӯр андарзҳо, суханони ҳикматомез, хитобааш ҳангоми ба тахт нишастан ва ғ. нақл шудаанд. Саргузашту зиндагиномаи Баҳроми Гӯр мавзӯи кори рассомону наққошон будааст. Дар рӯйи девори қасрҳо, қолинҳо, матоъҳо, табақҳои сафолину мису нуқрагин корномаҳои Баҳроми Гӯр, саҳнаҳои шикору ширкати ӯ дар базмҳо тасвир шудаанд. Баъзе сулолаҳои шоҳону ҳукмронони Эрону Осиёи Марказӣ, аз қабили Саффориён, Оли Бӯя, Шервоншоҳиён худро аз дудмони Баҳроми Гӯр медонистанд. Баъзе аз аҳли қаламу шамшер, монанди Деваштич, ходими давлат Микол ибни Абдулвоҳид ибни Ҷибрил ибни Қосим ибни Абдулвоҳид ибни Баҳр ибни Девостии Сур ибни Сур ибни Фирӯз ибни Яздгурд ибни Баҳроми Гӯр, Амир Абулаббоси Исмоил ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Микол (882—972), Ҳасанаки вазири Ғазнавиён (с. қатлаш 1058) ва диг. аз дудмони Баҳроми Гӯр мебошанд. Қиссаву достонҳое дар бораи Баҳроми Гӯр дар адабиёту санъати халқҳои дунё роҳ ёфтаанд. Дар забони туркӣ достони омиёнаи «Ҳафт пайкари Баҳроми Гӯр» офарида шудааст, ки ба форсӣ тарҷума шуда, соли 1903 дар Теҳрон ба табъ расидааст. Дар асоси «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ намоишномаи «Маликаи Турандот» (Турондухт)-и драманависи итолиёӣ Карло Готси (1720—1806) ва операи мусиқидони итолиёӣ Чакомо Пуччини (1858—1924) офарида шудаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #130027189 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ فردوسی, دقیقی شاهنامه (форс.) — 1011.
Адабиёт
вироиш- Баҳроми Гӯр / М. Диловаров, Ш. Муҳаммадиев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Шамсиддин Муҳаммадӣ. Баҳроми Гӯр //Донишномаи Рӯдакӣ. Ҷ. 1. Д., 2008;