Баҳси Википедиа:Лоиҳа:Маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон
Дӯстони аҳли Википедиаи Тоҷикӣ! Чӣ фикру ақидае, ки доред, дар ҳамин саҳифаи баҳс баён кунед, то ки ҳамаи камбудиҳоро ҳал карда, аз паси эҷоди мақолаҳои оиди маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон шавем. Бо эҳтиром, AryanSogd (t) 10:12، 10 Июл 2016 (UTC)
Деҳоти Тоҷикистон
вироиш- Барои иловаи мавод, ба назарам ба корбарон дар Лоиҳа (ҳамаи қисматҳо) маслиҳат додан лозим аст, ки маълумоти маҳалашонро худсарона не, балки аз мақолаҳои сомонаҳои электр., китобҳо, донишномаҳо (мисли Донишномаи. Ҳисор ва диг), маҷаллаву рӯзномаҳо дарёфт намоянд.
- Аксҳои маҳаллашонро низ дар Media Commons ҷойгир кунанд (Суррати маҳалҳои Тоҷикистон хеле кам аст).--Шухрат Саъдиев (talk) 00:53، 13 Июл 2016 (UTC)
- Қисматҳоро барои мисол дар бахши русӣ дида муқоиса кардан мумкин ru:Бобровский (Сысертский городской округ). Агар манбаъ бошад, деҳотро метавонем ба воситаи бот бор кунем (пеш аз ин матни сарсухан ва чӣ гуна кисматҳоро истифода бурданро бояд муайян кард). Бо эҳтиром, AryanSogd (t) 10:38، 13 Июл 2016 (UTC)
- Азбаски қисматҳои овардашуда аз (ru:Бобровский (Сысертский городской округ)) ба иттилооте, ки дар Днишномаҳои маҳаллӣ (мисли Донишномаи Ҳисор, Душанбе, 2015 ва диг) ва ҷумҳуриявӣ (ЭМТ ҷ.1-3) мувофиқат намекунанд ва хеле мухтасар таълиф шудаанд, пешниҳод мекунам, ки қисматҳои зерин дар мақолаи Деҳа ҷой дода шаванд:
- Ҷойгоҳ (яъне, ҷуғрофия, иқлим ва табиати маскан - деҳа);
- Таърих;
- Мардум;
- Хоҷагидорӣ
Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 10:40، 25 Июл 2016 (UTC)
- Зерсаҳифаи Ҷойгоҳ номувофиқ ва ногӯё аст (тадқиқоти аслӣ дар Википедиа мумкин нест). Дар Википедиа умуман Ҷуғрофия қабул шудааст ва нисбати дигар калимаҳо обрӯи зиёд дорад. Иқлим ва табиат бояд дар зерсаҳифаи Ҷуғрофия ҳамчун поварақ қарор гирад. Мисол:
== Ҷуғрофия ==
=== Иқлим ва табиат ===
Википедиа донишномаи мустақил аст ва вазифадор нест, ки ба дигар донишномаҳо мувофиқат кунад ва маҳз аз ҳамин сабаб нусхабардорӣ (копипаста), заррае обрӯ надорад. Бо эҳтиром, --AryanSogd (t) 15:12، 25 Июл 2016 (UTC)
- Ба сарлавҳаи қисматҳои нав розӣ. Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 01:55، 26 Июл 2016 (UTC)
- Ба қисмати == Мардум == дохил намудани зерсаҳифаи == Шахсиятҳои маъруф == зарур мешуморам. Бо эҳтиром,--Матлубахон (talk) 00:58، 28 Июл 2016 (UTC)
Бо дарназардошти талаботи мақолаҳои донишномавӣ оид ба деҳа пешниҳод менамоям, ки бахшҳои зеринро бояд дар мақолаҳои деҳот ҷой намуд. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 09:21، 28 Июл 2016 (UTC)
- == Ҷуғрофия ==
- === Иқлим ва табиат ===
- == Таърих ==
- == Мардум ==
- === Шахсиятҳои маъруф ===
- == Иқтисод (хоҷагидорӣ) ==
- === Шуғл ===
- == Аксҳо (нигористон) ==
- == Пайвандҳои беруна ==
Фасли Шахсиятҳои маъруф — ба талаботи Википедиа - на минбар ва на олот барои ташвиқот ё реклама ҷавобгӯ нест. Ба ғайр аз ин, яке аз панҷ рукни Википедиаро поймол месозад (беғаразӣ), чун мафҳуми маъруф васеъ аст ва ҳар инсон ҳархел мефаҳмад. Ман агар бузургони классикиро маъруф шуморам, корбаре ҳаст, ки муаллимони мактаби деҳаи худро маъруф мешуморад. Фасли Нигористон дар мақолаҳои доир ба шаҳрҳои калон мувофиқ аст. Дар охири сухан гуфтани ҳастам, ки ин дастурамал нест ва иҷрои он ғайриҳатмӣ ба ғайр аз фасли Эзоҳ бо шаблони {{эзоҳ}}, ки барои ҳамаи мақолаҳо ҳатмист. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:11، 28 Июл 2016 (UTC)
- [Ба инҷо нигаред|(Горно-Бадахшанская автономная область (раздел) Известные люди магар ин вироишот реклама аст???
Саволи 1. Чаро дар ВП тоҷикӣ шахсиятҳое ки мо тоҷикистониён хубтар аз корбарони русзабони ВП медонем дар вироишоти аз кадом маҳали Тоҷикистон будани онҳоро нанависем? Эзоҳ: Мудирон ВП-и тоҷикӣ, агар шахси ғайри афроди ношинос, ғайри муътабар буданашонро (дар мақола) аз сарчашмаҳо муайян кунанд метавонанд ҳар лаҳза ин "шахсиятҳо"-ро пок кунанд.
Саволи 2. Нигористони (аксҳо) дар қисмати ҷамоат ва деҳа ҷойгир намудан магар дар ВП-ҳо қатъиян манъ (баста шудааст) ???, ки танҳо барои "шаҳрҳои калон мувофиқ аст"? ба суханҳои гуфтаатон "ки ин дастурамал нест ва иҷрои он ғайриҳатмӣ нест" (AryanSogd) мантиқан чунин бармеояд, ки аксҳоро дар ҳар мақолаи ВП вироиш намудан мумкин аст. Бо эҳтиром --Матлубахон (talk) 17:45، 30 Июл 2016 (UTC)
- 1. Бале, ташвиқот ва реклама аст. Якум - ...ин дастурамал нест ва иҷрои он ғайриҳатмӣ... - гуфта, пешниҳоди муаллимро доир ба ворид кардани қисматҳоро дар назар доштам. Дувум - мисоле ки овардед, тоҷикистониён навиштаанд на русзабонон, чун онҳо барвақт аз ин гуна қисмат рӯ гардонда, бозёфт кардаашонро аз мақолаҳо пок карда истодаанд ва агар аҳамият диҳед, ин гуна мақолаҳоро корбарони унвондор ҳатто баррасӣ накарда истодаанд. Пеш дар мақолаҳои «Таджики» «Душанбе» «Таджикистан» ва ҳоказо қисмати Шахсиятҳои маъруф вуҷуд дошт ва имрӯз ҳамаи онҳо пок шуданд (дар вақти навшогирдӣ, ки аз дастурҳо бехабар будам, ҳамин гуна мақолаҳоро дида ман ҳам даст мезадам). Чанде пеш аксҳои бузургворонро аз ҳамаи мақолаҳо ки ба миллатҳо бахшида шуда буданд, дар ҳама бахшҳои забонии Википедиа пок карданд ва мо ба мисли зоғи сафед, набояд аз дигар бахшҳо фарқ кунем. Ба саволи дуюматон чунин гуфта метавонам: Википедиа - на нигористон -ро омӯзед. Шаҳрҳо иншоотҳои зиёди ҷолиби диққатро доро ҳастанд. Деҳот чӣ? Нигористони деҳот чӣ гуна мешуда бошад? Фарз мекунем. Тавзеҳи якум акс: Ин долони Бобо-Раҳмун аст. Тавзеҳи акси дувум: Ин дегдони Биби-Райҳун аст ва ҳоказо. Ба фикри ман, ин гуна аксҳо дар кулли маврид ғайридонишномавӣ ва албатта пайдо мешаванд, чун мардуми моро агар даст доди аз оринҷ мегирад. Бо эҳтиром, AryanSogd (t) 06:20، 31 Июл 2016 (UTC)
Ҷамоатҳои Тоҷикистон
вироишПешниҳод: Қисматҳои Ҷамоат
- Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат;
- Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо;
- Мардум;
- Деҳоти ҷамоат.
Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 11:03، 25 Июл 2016 (UTC)
Ноҳияҳои Тоҷикистон
вироишПешниҳод: Қисматҳои Ноҳия:
- * Ҷойгоҳ;
- * Иқлим ва табиат;
- * Таърих;
- * Мардум;
- * Бахшбандӣ;
- * Ҳукумат;
- * Иқтисод;
- * Захираҳои табиӣ;
- * Алоқа ва ВАО;
- * Маориф ва фарҳанг;
- * Тандурустӣ ва варзиш;
- * Сайёҳӣ ва истироҳат.
Ба эҳтиром, --Шухрат Саъдиев (talk) 10:57، 25 Июл 2016 (UTC)
- Дар қисмати ==Сайёҳӣ ва истироҳат == дохил намудани зерсаҳифаи == Ҷойҳои тамошобоб == илова намудан мумкин аст. Бо эҳтиром,--Матлубахон (talk) 00:58، 28 Июл 2016 (UTC)
Вилоятҳои Тоҷикистон
вироиш- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Иҷро шуд
- Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Иҷро шуд
- Вилояти Суғд Иҷро шуд
- Вилояти Хатлон Иҷро шуд