Масҷидулҳаром нодуруст аст, зеро калимаи ҳаром муқобили ҳалол аст (Фарҳанги забони тоҷикӣ ҷ 2. саҳ 734). Калимаи ҳарам — мамнунгоҳ, ҷои муқаддас, зиёратгоҳ (Фарҳанги забони тоҷикӣ ҷ 2. саҳ 732) Аз сабаби зеру забар надоштани хат дар бахши форсӣ ва арабӣ, ин калимаро «المسجد الحرام» набояд ҳаром хонд. Дувум ин аст, ки дар забони арабӣ ал, ул, ус, уш, аш, ат, ва ҳоказо, бо ду калима, якҷоя нависта намешаванд ва мисоли оддиро дар бахши араби метавон бозёфт кард. Дар онҷо, байни масҷид ва ал фосила дорад ва маҳз аз ҳамин сабаб, дар кулли бахшҳо Масҷид ал Ҳарам ном дорад. Савум ин аст, ки пас аз ал, ул, ус, уш, аш, ат, ва ҳоказо, калимаро бояд бо ҳарфи калон навишт, чун ном аст. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:34، 15 Июн 2016 (UTC)

На, ҳаргиз чунин нест! Лутфан ба ояти якуми сураи Исро таваҷҷуҳ намоед:

سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلًا مِنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الْأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ لِنُرِيَهُ مِنْ آيَاتِنَا إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ  ‎  Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки дар забони тоҷикӣ ин масҷидро на Масҷид-ул-Ҳаром ва на Масҷид-ал-Ҳаром, балки ҳамчун Масҷидулҳаром ном мебаранд. Ва сабаби Масҷидулҳаром ном гирифтани ин масҷид низ ҷуз ибодати Аллоҳ, ҳаром (الْحَرَامِ) будани дигар аъмол дар онҷост.

Ё нури чашмам хирагӣ карда истодааст (чунон майда навишта шудааст, ки танвинро аз ташдид фарқ карда натавониста истодаам), ё дар болои ҳарфи ре «ر» забар аст, пас бояд ҳарам хонд. Сарчашма аз Маркази Исломии Тоҷикистон оварда метавонед, ки дар Тоҷикистон Масҷидулҳаром ном мебаранд? Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:19، 15 Июн 2016 (UTC)
« Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабе аз масҷидулҳаром ба масҷидулақсо, ки гирдогирдашро баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ нишон диҳем, албатта! Ӯ шунавову биност!
»

Ман ҳам ёфтам. Дар инҷо бо забони тоҷикӣ. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 18:07، 15 Июн 2016 (UTC)

Хулоса, бо ин ном Масҷидулҳаром маъруф ҳаст... Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 18:17، 15 Июн 2016 (UTC)

Start a discussion about Шаблон:Ислом

Start a discussion
Return to "Ислом" page.