«Бежаннома» (форсӣ: بیژننامه‎) — достони манзуми ҳамосиест дар тақлиди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки аз 1400 то 1900 байт иборат аст.

Бежаннома

Дар ин достон аз Бежан — саргузашту корномаҳояш сухан меравад. Достон бо ин байт оғоз меёбад:

Кунун кори Бежан бигӯям туро,
Бад-ин оби ҳикмат бишӯям туро.
Аз байти охирини достон
Чу з-ин достон дил бипардохтам,
Суи разми Барзу ҳаметохтам.

Аз ин бармеояд, ки нигорандаи «Бежаннома» ва достони «Барзунома» ҳамон як кас аст. Қисми асосии «Бежаннома» аз баёни ҷанги Бежан бо гурозон иборат буда, аз нигоштаи Фирдавсӣ андаке фарқ мекунад. Дар 50 байти «Бежаннома» аз вохӯрӣ ва суҳбати Бежан бо Манижа сухан рафтааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 3. Д., 2008;
  • حسین شهید مازندرانی. فرهنگ شاهنامه. تهران، ۱۳۷۷ هـ. ش.؛
  • صفا ذبیح الله. هماسه سرای در ایران. تهران، ۱۳۸۷ هـ. ش