Белиз (англисӣ: Belize) — давлат дар Амрикои Марказӣ, дар қисми ҷанубу шарқии нимҷазираи Юкатан. Дар Шимол ва Шимолу Ғарб бо Мексика, дар Ғарб ва Ҷануб бо Гватемала ҳамсарҳад буда, қисми шимолиаш соҳили Баҳри Кариб аст. Масоҳаташ: 23 ҳазор км2, аҳолиаш 315 ҳазор нафар (2011). Пойтахташ – Белмопан. Ба 6 округ (дистрикт)-и маъмурию ҳудудӣ тақсим шудааст. Иди миллиаш Рӯзи истиқлол – 21 сентябр Асъори миллӣ – доллари Белиз. Сохти давлатӣ–монархияи конститутсионӣ дар ҳайати Иттиҳоди Британия. Сардори давлат – Шоҳбонуи Британия, ки ӯро дар Белиз генерал-губернатор намояндагӣ мекунад. Ҳокимияти қонунбарор – Ассамблеяи (Маҷлиси) миллии иборат аз Палатаи намояндагон ва Сенат. Белиз узви СММ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Рушди Кариб ва ғайра мебошад. Забони давлатӣ – англисӣ, забонҳои испанӣ ва креолӣ низ роиҷ аст.

Белиз
Belize
Парчам Нишон
Шиор: «Sub Umbra Floreo»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Белиз|Land of the Free ]]»
Рӯзи истиқлолият (аз Бритониёи Кабир)
Забони расмӣ Забони англисӣ
Пойтахт Белмопен
Шаҳри калонтарин Белиз
Идораи давлат
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
146-ум ҷой дар ҷaҳон
22,966 км²
0.7 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2015)
  • Зичӣ
179-ум ҷой дар ҷaҳон
347 369
14.1 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2015)
  • Ба сари аҳолӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
3.028 миллиард $
8,321 $
Пули миллӣ Доллари белизӣ
Интернет-Домен .bz
Коди телефон +501
Соат UTC -6
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Таърих

вироиш

Асрҳои 4–10 ҳудуди ҷазираи Белиз дар ҳайати давлати ҳиндуёни майя буд. Белизро соли 1502 Х. Колумб кашф кард. Дар садаи XVI Белиз ба ноиб–шоҳигарии Испанияи Нав ҳамроҳ карда шуд. Аз с. 1638 ба Белиз англисҳо ворид шуда, асосан бо истеҳсолу истихроҷи чӯби навъҳои боарзиши дарахтҳо машғул буданд. Барои дарахтбурӣ аз Африқо зиёд ғулом меоварданд. Дар натиҷа охири садаи 18 онҳо ақаллияти аҳолиро ташкил мекарданд. Дар асрҳои 17–18 испаниҳо ба колонияҳои англисҳо зиёд ҳуҷум мекарданд. Ҳуҷуми охирини Испанияро дар соли 1798 аҳолии таҳҷоӣ бо ёрии Флоти Британия рафъ намуд. Баъди барҳам дода шудани ғуломдорӣ дар Белиз, чун дар дигар мустамликаҳо, баъди ба имзо расидани шартномаи Британия бо дав­латҳои Амрико, махсусан бо Гватемала (1859) ҳудудҳои Белиз муайян гардид ва он Гондураси Британия (Гондураси Британия) ном гирифт (1862). То соли 1884 Белизро губернатори Ямайка идора мекард. Соли 1945 Гватемала Белизро ҳудуди худ эълон кард. Соли 1950 Ҳизби иттиҳоди халқӣ таъсис ёфта, бо талаби озодии сиёсӣ додан ба Белиз баромад кард. Соли 1958 аз ҷониби аҳолии англиспараст, тоҷирон ва буржуазияи маҳаллӣ Ҳизби истиқлоли миллӣ (ҲИМ) таъсис ёфта, он ғояи озодии Гондураси Британияро дар ҳайати Иттиҳоди Британия талқин мекард. Соли 1974 ҲИМ бо гурӯҳҳои сиёсии дигар муттаҳид шуда, Ҳизби иттиҳоди демократиро (ҲИД) ташкил кард, ки дар натиҷа Гондураси Британия соли 1954 истиқлоли нисбӣ ва соли 1964 истиқлоли комилро соҳиб гашт ва соли 1978 номи Белизро гирифт. 21 сентябр 1981, ки Белиз охирин мустамликаи Британия дар Амрико буд, соҳиби истиқ­лолияти давлатӣ дар чорчӯбаи Иттиҳоди Британия гардид. Мувофиқи Шартномаи байни Белиз ва Британия Белизро лашкариёни англис ишғол карда, то соли 1994 он ҷо буданд. Соли 1999 Гватемала гарчанде истиқлоли Белизро эътироф карда буд, боз ҳам мехост як қисми ҳудуди онро соҳиб шавад. Соли 2002 бо миёнаравии Ташкилоти давлатҳои Амрико онҳо ба мусолиҳа омада, сарҳадҳои байни Белиз ва Гватемала ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар баҳр муайян карда шуданд.

Сиёсат ва ҳукумат

вироиш

Бахшбандии кишварӣ

вироиш

Аҳолӣ

вироиш

Дурагаҳои испанию таҳҷоӣ–метисҳо 48,7, дурагаҳои англису африкоӣ–креолҳо 24,9 ва ҳиндуҳои майя–10,6 дарсадро ташкил медиҳанд. Муҳоҷирати креолҳо ба ИМА ва баръакс, ворид шудани гурезаҳои Гватемала ва Салвадор (солҳои 80 садаи 20 дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ) ба ҳайати аҳолии Белиз таъсир карда, шумораи метисҳо бештар гардид. Дар Ҷануби Белиз ҳиндуёни кекчи ва мопан маскунанд (13 ҳазор), ки мансуби гурӯҳи забонии майя мебошанд. Суръати афзоиши аҳолӣ 2,7%, дарозумрӣ ба ҳисоби миёна – 68,4 сол, зичии миёнаи аҳолӣ 10,5 нафар дар 1 км2. Динашон католикӣ–60 дарсад, муътақидони равияи протестантӣ–35 дарсад.

Ҷуғрофия

вироиш

Табиат

вироиш

Асосан аз пастиҳои ботлоқзор иборат буда, дар қисми ҷануби ғарбиаш кӯҳҳои Майя (нуқтаи баландтаринаш–Виктория, 1122 м) ҷойгиранд. Кӯл ва ҷазираҳои зиёд дорад. Қисми соҳилии Белизро тасмаи дарози рифҳои марҷонӣ ташкил медиҳад (аз ҷиҳати дарозӣ 2-юм дар ҷаҳон), ки он аз ҷониби ЮНЕСКО мероси табиии умумибашарӣ эълон шудааст. Сарватҳои зеризаминиаш омӯхта нашудаанд. Аз захираҳои табиӣ асосан чӯб ва моҳиро метавон ном бурд. Конҳои боксит ва тилояш аҳаммияти саноатӣ надоранд. Иқлимаш тропикӣ, намнок. Ҳарорати миёнаи моҳҳои сол +25 – 270. Дар қисми соҳилии Белиз сардии ҳаво то–100 мерасад. Июл–декабр – мавсими бӯронҳои тропикист. Миқдори бориш 2000 мм, дар Ҷануб то 4500 мм дар як сол. Дарёҳои асосиаш – Белиз ва Рио-Ондо. Кӯҳҳои ба ном Санавбарӣ (Сосновые) шаршараҳои зиёд доранд. Хокаш сурхчатоб, дар Ҷануб зардтоб, даштҳо дорад. 45 дарсади ҳудуди Белиз бешазор буда (тӯс, санавбар, булут), дар ҷазираҳо бештар нахл мерӯяд. Навъҳои арзишманди дарахтони тропикӣ–гевея, саподиля, дарахти сурх (махагон), оҳандарахт ва ғ. низ дорад. Олами ҳайвоноташ ғанӣ ва мансуби минтақаи ғайритропикии зоогеографист: паланг, пума, носух (ҳайвони скотмонанд), гурбаи бузургҷусса; аз сумдорҳо тапир (рамзи кишвар), оҳу, маймунҳо (навъи наъразан), аз обхокиҳо тимсоҳ, сангпушт, мор (59 намуд), 500 намуд паранда (бештар тӯтиҳо) ва ғайра мавҷуданд. Барои ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот (ягона дар ҷаҳон – мамнӯъгоҳи юзҳо – пантерраҳо) дар қисми қоравӣ ва як қатор ҷазираҳо 35 боғи миллӣ ва мамнӯъгоҳ мавҷуданд, ки чоряки ҳудуди Белизро ташкил медиҳанд. Кам шудани бешазор, ифлосшавии об (аз партобҳои саноатӣ) аз масоили экологии Белиз аст.

Иқтисодиёт

вироиш

Белиз кишвари аграрист. Асосан иқтисоди Белизро имрӯз ҳам, чун 300 сол пеш аз ин, истеҳсоли чӯб ва чикле (мавод барои тайёр кардани сақичи резинӣ) ташкил медиҳад. Солҳои 60 садаи 20 соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ, энергетика, сайёҳӣ ва дигар намудҳои хидматрасонӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Ҷалби сармояи хориҷӣ ва либерализатсияи савдои беруна ба роҳ монда шуд. Саноати хӯрокворӣ, махсусан истеҳсоли шакар, консентратҳои ғизоӣ (асосан ситрусӣ); инчунин истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, нуриҳои маъданӣ (аз соли 1984 5 маротиба афзуд) рушд кард. Барои содирот афлесун, грейпфрут, муз, папайя, манг ва ғайра парвариш мекунанд (округҳои Станн-Крик, Оринҷ-Уолк). Барои таъминоти дохилӣ ҷуворимакка, шолӣ, лӯбиёиҳо мекоранд. Чорводорӣ камтар тараққӣ кардааст. Дар соҳилҳо моҳӣ, харчанг ва ҷонварони баҳрии ғизоӣ ба даст меоваранд. Шакар, муз, моҳӣ, ҷонварони нодири ғизоии баҳрӣ, чӯб содир ва маҳсулоти саноатӣ, воситаҳои нақлиёт, сӯзишворӣ, дорувор, тамоку ворид мекунанд. Бандарҳои баҳрӣ: Белиз, Биг-Крик, Коммерс-Байт. 43 аэродром, аэропорти байналмилалӣ дорад. Шарикони тиҷоратиаш – ИМА, Британия, Мексика, Канада – давлатҳои атрофи Баҳри Кариб. Аз соли 1990 Белиз маркази тиҷорати оффшорӣ гардида, минтақаи савдои озод дорад. Дар соҳаи тандурустӣ низоми (система) давлатии суғуртаи тиббӣ амал карда, ба ҳар 10 ҳазор аҳолӣ 10,2 духтур рост меояд. Ассотсиатсияи бозиҳои олимпӣ ва миллӣ дошта, аз намудҳои варзиш футбол маъмултар аст.

Маориф

вироиш

93,5 дарсади аҳолӣ босавод аст. Таҳсилоти ҳатмии ибтидоӣ ва аввалия (5–14-солаҳо) ва гирифтани маълумоти миёна ройгон мебошАдабиёт: Дар худи мамлакат гирифтани маълумоти олӣ аз соли 1986 роҳандозӣ шудааст. Донишгоҳи Белиз соли 2000 ба кор даромадааст.

Илм ва фарҳанг

вироиш

Институти кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ бузургтарин муассисаи давлатии Белиз аст. Институти миллии маданият ва таърих тарғибгар, пажӯҳишгар ва танзимгари масоили фарҳангӣ ва таърихию маданӣ мебошад. Он дорои институтҳои санъат, бостоншиносӣ, таҳқиқоти иҷтимоӣ ва пажӯҳишҳои маданӣ аст.

Фарҳанг

вироиш

Фарҳанги Белиз аз тамаддуни ҳайратовару оламшумули халқияти майя, ки авлодаш ҳоло ҳам дар ин сарзамин умр ба сар мебаранд, маншаъ мегирад. Қасру ибодатгоҳҳои аз ҳазораи 1 маҳфузмонда ва дафинаҳои онҳо (дар Шунантунич, Куэйо) барои таърихшиносон ва бостоншиносон манбаи пурарзиши таҳқиқотӣ мебошанд. Аҳромҳои зинадор, ниқобҳои бузург ва нақшҳои барҷастаи маъбадҳо (дар Ламанай), ёдгориҳои Луабантун ҳоло асрори зиёдеро дар худ нуҳуфтаанд. Дар Белиз осорхонаҳои таърихӣ, баҳрӣ, Осорхонаи таърихи майя мавҷуданд. Ёдгориҳои меъмории маданияти майя – Алтун-Ха ва Лубаантун дар маркази Белиз, Каракол ва Сунантуниг дар ғарб, Ламанай ва Серрос дар қисми шимолии Белиз ҷойгиранд. Пойтахти аввалаи Белиз (то соли 1970) – Белиз-сити диданиҳои аҷоиб зиёд дорад.

Матбуот

вироиш

Дар Белиз 11 рӯзнома ба табъ мерасад, 14 пойгоҳи радиои тиҷоратӣ, се пойгоҳи телевизионӣ ва 15 пойгоҳи симӣ (стансияи кабелӣ) фаъолият мекунанд.

Инҷоро ҳам бингаред

вироиш
 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Белиз дорад

Адабиёт

вироиш
  • Новая российская энциклопедия. Т. 2. Москва, 2005;
  • Страны мира. Современный справочник. Москва, 2008.