Белканто (ит. bel canto – сурудхонии бисёр нағз) — услуби сурудхонии хушобуранги ҷудогона, ки дар Италия аз а. XVII васеъ паҳн гардид, ба сабаби пайдоиш ва ташаккули жанри опера. Баъди бартарии бисёрасраи сурудҳои хорӣ, ҷой гирифтани шакли яковозаи мусиқии вокалӣ (ария, ариозо ва ғайра), ки ба овозхони яккахон барои нишон додани қадру қимати овози фардияш имкониятҳои васеъ пеш меоварад. Барои услуби Белканто пайвастагии оҳангнокӣ, талаффузи буррои матн, афзунии мумтозӣ, таъсирбахшӣ, нафосат ва зебоии садобарорӣ хос аст. Дар рафти таърих сабки Белканто ба баъзе дигаргунӣ дучор шуд. Вале дар марҳалаҳои гуногун ташаккули операҳои итолёвӣ (аз А. Скарлаттӣ то Д. Пучини) вай хусусияти аслии худро нигоҳ дошт ва ба шакл гирифтани мактаби вокалии бисёр халқҳо таъсири мусбӣ расонд.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 64. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)