БЕЛОРУСҲÓ, белорус, русҳои сафед, халқият, аҳолии асосии Ҷумҳурии Белорус, марбут ба славянҳои шарқӣ. Ба забони белорусӣ такаллум мекунанд. Теъдодашон бештар аз 9 млн нафар (2009) буда, 83,7 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Белорусҳо дар ИМА (750 000), Русия (521 443), Украина (275 763), Исроил (130 000), Канада (4 800) ва аксари ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ зиндагӣ мекунанд. Забонашон марбут ба хонаводаи ҳиндуаврупоӣ (гурӯҳи славянии шарқӣ), мазҳабашон масеҳӣ (80% православ, 15% католик, камтар аз 3% протестант) мебошад.
Ташаккули Белорусҳо ҳамчун этнос аз садаи XIII шурӯъ шудааст. Баъзе муаррихон муътақиданд, ки ин ҷараён аз асрҳои 17–18 оғоз ёфтааст. Чанд қавм дар асрҳои 10–12 (кривич, радимич, дрегович, волныян) аз сабабҳои гуногун муттаҳид гардида, боиси пайдоиши қавми Белорусҳо шудаанд. Ақидае низ вуҷуд дорад, ки асоси пайдоиши қавми Белорусҳо омезиши балтҳо бо славянҳои муҳоҷир мебошад. Роҷеъ ба ин масъала мулоҳизаҳои дигаре ҳам мавҷуданд.

Белорусҳо
Номи қавмии ҳозира беларусӣ: беларусы
Забон белорусӣ
Дин масеҳияти православӣ, котулисизм[d] ва протестантизм
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аввалин навиштаҳо дар бораи истилоҳи «белорус» (Leucorussus) ба соли 1586 тааллуқ доранд. Дар охири садаи XIX ин истилоҳ ба таври комил ба Белорусҳо мутааллиқ гардид. Пас аз ташкил ёфтани Белоруссия забони белорусӣ забони давлатӣ шуд. Соли 1933 ислоҳоти забони белорусӣ гузаронда шуд. Забону фарҳанги Белорусҳо дар охири солҳои 80 садаи XX дубора эҳё гардиданд. Машғулияти суннатии белорусҳо кишоварзӣ, чорводорӣ (парвариши хук, гов, гӯсфанд, асп), моҳипарварӣ, картошкапарварӣ, зағир, ғалла (гандум, ҷав, нахӯд), занбӯрпарварӣ, карам, бодиринг, пиёз, сирпиёз, ҷуворӣ, сабзӣ, себ, нок, гелос, олу, тамашк ва ғайра мебошад. Дар байни Белоруссҳо ҳунармандӣ ва косибӣ хеле ривоҷ дорад. Фаршбофӣ, бӯрёбофӣ, сохтани олоти кишоварзӣ, коркарди пӯст, пашм, пойафзор, воситаҳои нақлиёт, мебел, кулолгарӣ, зарфҳои сафолӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои суннатии Белорусҳо мебошад. Ороиши хона аз матоъ, пӯст ва гулдӯзии миллӣ дар байни Белорусҳо хеле роиҷ аст.
Таърихан Белорусҳо бо ҳам якҷо мезистанд. Дар нимаи дувуми садаи XX деҳоти Белорусҳо обод гардида, марказҳои фарҳангӣ, қасрҳо, клубҳо, мактабҳо, китобхонаҳо сохта шуданд. Белорусҳо либоси миллии хоси худро доранд. Либоси занон махсусияти худро дошта, бо зебу зинати миллӣ ороиш меёбад. Баъзе таомҳои миллии Белорусҳо аз гиёҳҳои саҳроӣ таҳия мешаванд. Хӯроки суннатии Белорусҳо «билин» аст. Аз орду сабзавот хӯрокҳои мухталиф омода менамоянд. Дар маросимҳои Белорусҳо нони гирдаи махсус, тухми мурғи рангшуда ва дигар хӯрокҳои миллӣ мепазанд. Ҷашни арӯсии Белорусҳо хеле рангин мегузарад. Ба хусус, маросими мавсимӣ, монанди Мавлуди Исо (Рождество) бисёр ҷолибанд. Дар омади баҳор, маросими мазҳабӣ (пасха), Иван Купала ва иди дарав таронаҳои махсус месароянд. Фолклори Б. аз афсонаҳо, қиссаҳо, ривоятҳо, зарбулмасалҳо, чистонҳо, назми маросимӣ ва мавсимӣ, намоишномаҳои мардумӣ ва ғ. иборат аст. Созҳои хосси мусиқии Белорусҳо дуда, бастеля, жалейка, лира, дойра мебошанд. Асосгузорони адабиёти классикии Белорусҳо Янна Купала (1882–1942) ва Яқуб Колас (1882–1956) ба ҳамин забон асар офарида, мардум ашъорашонро бо муҳаббати тамом мехонанду месароянду тарғиб мекунанд. Намунаҳое аз осори адибони тоҷик ба белорусиву белорусӣ ба тоҷикӣ тарҷумаву нашр шудаанд.

Адабиёт вироиш

/ Р. Раҳмонӣ
  • Гринблат М. Я. Белорусы. Очерки происхождения и этнической истории. Минск., 1968;
  • Зеленин Д. К. Восточнославянская этнография. Москва, 1991;
  • Носевич В. Л. Традиционная белорусская деревня в европейской перспективе. Минск, 2004;
  • Страны мира/ Под. ред. Д. И. Люри. Москва, 2007;
  • Белорусы // Народы России. Атлас культур и релегий. Москва, 2010.