Белянкин, Дмитрий Степанович
Белянкин Дмитрий Степанович (28.08.1876, деҳаи Ламанихаи губернияи Вологда — 20.06.1953, Маскав) — минералшинос ва петрографи шӯравӣ, асосгузори петрографияи сангҳои техникӣ, академияи АИ ИҶШС (1943).
Белянкин Дмитрий Степанович | |
Таърихи таваллуд | 20 август 1876 |
Зодгоҳ | Вологда, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 20 июн 1953 (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | минералогия, петрография |
Ҷойҳои кор | Институти илмҳои геологияи АИ ИҶШС |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои геологӣ ва минералӣ[d] |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети Юрйев |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишУниверситети Юрйевро хатм кардааст (1901). Аз соли 1920 профессор Институти политехникии Петроград. Аз соли 1930 дар Институти петрография, баъдтар дар Институти илмҳои геологияи АИ ИҶШС кор кардааст. Аз соли 1949 академики котиби шуъбаи геология ва ҷуғрофиёи АИ ИҶШС. Асарҳои Белянкин асосан ба маъсалаҳои петрографияи умумӣ, назариявӣ ва техникӣ, ичнунин ба минералогияи сангҳои техникӣ бахшида шудаанд. Дар Урал, Қафқоз ва қисми Аврупоии ИҶШС таҳқиқот гузарондааст. Дар байни онҳо таҳқиқи кӯҳҳои Илмен мақоми махсус дорад. Белянкин бори аввал дар Қафқоз ҷинсҳои ҷавони интрӯзивиро (ба истилоҳ «неоинтрӯзияҳо»), ки бо онҳо конҳои маъдан алоқаманданд, дарёфт кард ва омӯхт. Ба шарафи ӯ минералеро «белянкинит» номидаанд.
Ҷоизаву орденҳо
вироишБо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Сарчашма
вироиш- Белянкин Дмитрий Степанович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |