Беназир Бҳутто
Беназир Бҳутто (урду: بینظیر بهٹو; Карочи, Покистон, 21 июни 1953, Равалпинди, Покистон, 27 декабри 2007) — ходими давлатии Покистон. Духтари собиқ сарвазири Покистон Зулфиқор Алӣ Бҳутто (1971—1977).
Беназир Бҳутто | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
урду: بینظیر بھٹو, синдӣ: بينظير ڀٽو | ||||||
![]() | ||||||
|
||||||
Пешгузашта | Моинуддин Аҳмад Куреши | |||||
Ҷонишин | Меъроҷ Холид | |||||
|
||||||
Пешгузашта | Маҳмуд Ҳорун | |||||
Ҷонишин | Ghous Ali Shah | |||||
|
||||||
Пешгузашта | Муҳаммад Зиёулҳақ | |||||
Ҷонишин | Ғулом Мустафо Ҷатой | |||||
Таваллуд |
21 июн 1953[3][4][5][…] |
|||||
Даргузашт |
27 декабр 2007[6][3][4][…] (54 сол) |
|||||
Мадфан | Мавзолей в деревне Гари Худа Бахш, близ Ларкана | |||||
Ҷинс | Bhutto family[d] | |||||
Падар | Зулфиқор Али Бҳутто | |||||
Модар | Нусрат Бҳутто | |||||
Ҳамсар | Осиф Алӣ Зардорӣ | |||||
Фарзандон |
писар: Билавал духтарон: Бахтовар ва Осифа |
|||||
Ҳизб | ҲХП | |||||
Таҳсилот | ||||||
Дараҷаи илмӣ | доктори илм | |||||
Эътиқод | Ислом, шиа[1][2] | |||||
Соядаст |
![]() |
|||||
Ҷоизаҳо | ||||||
Вебгоҳ | ppp.org.pk/pppchange/ | |||||
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Беназир Бҳутто соли 1973 Донишгоҳи Ҳарварди (ИМА) ва соли 1977 Донишгоҳи Оксфорд (Британияи Кабир)-ро хатм кардаст.
Фаъолияти сиёсӣВироиш
Аз соли 1976 мушовири расмии падараш — Зулфиқор Алӣ Бҳутто буд ва баъди табаддулот (1979) маҳбус гардид. Солҳои 1984—1986 дар Британияи Кабир зиндагӣ мекард. Баъди ба ватан баргаштан роҳбари мухолифин ва раиси Ҳизби халқии Покистон интихоб мешавад. Дар интихоботи парламентии соли 1988 дар таърихи мусулмонони дунё бори аввал зан Сарвазири мамлакат интихоб мешавад. Бо иттиҳоми ришваситонӣ (1990) аз иҷрои вазифаҳои давлатӣ сабукдӯш гардид. Октябри 1993 аз сари нав сарвазири мамлакат интихоб мешавад. Беназир Бҳутто барои доир намудани ислоҳоти демократӣ дар мамлакат ба муқобилияти сахти ҳаракатҳои тундгароёнаи динӣ ва ақидаҳои кӯҳнапарастонаи ҳарбӣ дучор шуд. Ноябри соли 1996 дигарбора аз нав ба ришваситонӣ муттаҳам шуда, маҷбуран ба истеъфо рафт. Солҳои 1999—2007 дар Британияи Кабир ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард. Октябри 2007 Беназир Бҳутто ба ватан баргашта, хост дар интихоботи парламентии соли 2008 иштирок кунад ва сарвазири мамлакат гардад. Ба истиқболи Беназир Бҳутто дар шаҳри Карочӣ митинг баргузор шуда, дар он амали террористӣ содир гардид, ки дар натиҷаи он зиёда аз 140 нафар ҳалок ва беш аз 500 нафар захмдор шуданд. 3 ноябри 2007 Президент Парвиз Мушарраф дар мамлакат ҳолати фавқулодаро ҷорӣ намуд. Мухолифони ҳукумат ва Беназир Бҳутто муқобили ҳолати фавқулода буданд ва тарафдоронашонро ба митинги оммавӣ даъват намуда, хостори истеъфои Президент Парвиз Мушарраф шуданд ва дар натиҷа Беназир Бҳутто ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. 19 декабри 2007 Парвиз Мушарраф интихоботи президентиро 8 январи 2008 эълон кард.
МаргВироиш
27 декабри 2007 Беназир Бҳутто дар зодгоҳаш шаҳри Равалпиндӣ дар гирдиҳамойии умумӣ бар асари як амали террористӣ ва сӯиқасд захмдор шуда, дар беморхона ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт[7].
ЭзоҳВироиш
- ↑ Interview with Vali Nasr
- ↑ End in sight for a dynasty steeped in power, death and politics
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118852477 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
- ↑ Encyclopædia Britannica
- ↑ https://web.archive.org/web/20080209132427/http://www.time.com:80/time/world/article/0,8599,1698466,00.html
- ↑ Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2
СарчашмаВироиш
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.