Берен Гӯкйилдиз

ҳунарпешаи турк

Берен Гӯкӣилдиз (тур. Beren Gökyıldız, тав. 12 сентябри 2009; Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи синамо ва телевизиони турк.

Берен Гӯкӣилдиз
тур. Beren Gökyıldız
Таърихи таваллуд: 12 сентябр 2009(2009-09-12) (15 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2014-то ҳол
Самт: синамо, телевизион
IMDb: ID 6905846

Зиндагинома

вироиш

Берен Гӯкӣилдиз 29 сентябри соли 2009 дар шаҳри Истанбули Туркия таваллуд шудааст. Навраси ҳунарпешаи боистеъдоди турк Берен фавран ба дили тамошобинон роҳ ёфт. Модараш истеъдоди духтарашро дарк карда, корро тарк кард ва худро ба фаъолияти духтари худ бахшид. Сарфи назар аз он, ки духтар дар раванди наворгирӣ хеле банд аст, вай хонандаи аълохони мактаб мебошад.

Фаъолият

вироиш

Фаъолияти ҳунарии Берен аз синни хурдӣ ба шарофати истеъдод ва намуди зебои ӯ оғоз ёфт. Аввалин кори ӯ иштирок дар силсилафилми "Оилаи шавҳари ман" буд, ки ду фасл идома ёфт ва тамошобинонро нисбат ба кори ӯ бетараф нагузошт. Мавзӯи силсилафилм дар атрофи духтари ҷавонест, ки мехоҳад барои сохтани оилаи беҳтарин марди мувофиқ пайдо кунад,тасвир шудааст.

Кори навбатии ӯ дар силсилафилми «Модар» буд, ки ба истеъдоди ҷавон муваффақияти воқеӣ овард. Тақдири душвори кӯдаки хурдсол бинандаро аз дақиқаҳои аввали тамошо тасхир мекунад. Бо вуҷуди азобу машаққатҳое, ки зиндагӣ барояш пешкаш мекунад, духтар ба мӯъҷизот боварӣ дорад ва мунтазир аст, ки зиндагии ӯ ба сӯи беҳтар тағйир ёбад ва ҳамчун як шахси меҳрубон бошад. Ӯ дар ин лоиҳа нақши асосиро бо Ҷонсу Дере бозидааст.

Роҳи муваффақиятро филми ҳунарии «Дар ҷои холӣ» идома дод, ки дар он моҷароҳои хатарнок бо анҷоми хуб ба поён мерасад. Берен инчунин дар наворгирии филми "Асал ва ҷурғот", ки дар бораи муҳаббат ва оштӣ нақл мекунад, ширкат варзид. Сипас вай дар мелодрамаи "Достони мо" нақши хурдакакеро офарид, ки дар бораи як оилаи ғайриоддӣ мебошад. Духтари калонии оила Филиз (Ҳазал Кая) тамоми бори гарони хонаводаро ба дӯш мегирад, бародарон ва хоҳари худро ба воя мерасонад ва нигоҳубин мекунад, ки модар онҳоро тарк кардаву падар майзада мебошад. Ҳар як аъзои оила бо хоҳиш ва фикрҳои худ кор мекунанд, аммо ҳамаи онҳо муттаҳиданд ва бидуни ҳам зиндагӣ карда наметавонанд. Нақши асосии писарро Бурак Дениз бозидааст.

Аз соли 2018 то 2019 дар силсилафилми "Духтарам" нақши асосии Ойкюро бозидааст, ки дар бораи муносибатҳои баланд, муҳаббат ва дастгирии падару духтар нақл мекунад. Ин ҳикояи ҷолиб нишон медиҳад, ки муҳаббат метавонад ҳама бадиҳо ва мушкилоти зиндагиро паси сар кунад.

Соли 2020 Берен дар силсилафилми "Тифлӣ" нақши Мавиро бозидааст, ки мавзӯи силсилафилм дар атрофи кӯдакони интернат мебошад. Нақшҳои асосиро Эрдал Бешикчиоғлу ва Бурҷу Озбарқ бозидаанд.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Берен дар тӯли фаъолияти кӯтоҳи худ бисёр ҷоизаҳои бонуфузи телевизиониро соҳиб шудааст. Вай маҳбубтарин ҳунарпешаи хурд шуд ва ҷоизаи беҳтарин бозигари кӯдак дар ҷашнвораи филмҳоро ба даст овард. Мисли ҳар як кӯдаки хурд, Берен рақс, расмкашӣ ва бо дӯстонаш сайругашт карданро дӯст медорад. Ҳоло вай толибаи мактаби ибтидоӣ мебошад.

Филмнома

вироиш
Синамо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2016 Boşu Bir Yerde Элмас Нақши марказӣ
2017 Bal Kaymak Нақши марказӣ
Телевизион
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2014–2015 Kocamın Ailesi Пелин Нақши дуюмдараҷа
2016 Güldür Güldür Show Худаш Ҳунарпешаи театр
2016–2017 Модар Мелек Акчай / Турна Нақши асосӣ[1]
2018 Bizim Hikaye Оиша Нақши дуюмдараҷа
2018–2019 Kızım Ойкю Текин Нақши асосӣ
2020 Mucize Doktor Бетюш Нақши меҳмонӣ
2020 Çocukluk Мавӣ Нақши асосӣ

Ҷоизаҳо

вироиш
Сол Ҷоиза Гурӯҳ
2015 Ҷоизаҳои медиавии Донишгоҳи Иелис Гелисим Беҳтарин ҳунарпешакӯдаки соли 2015 [2]
2016 43юм Ҷоизаҳои Pantene шапараки тилоӣ Беҳтарин ҳунарпешакӯдак[3]
2017 Ҷоизаҳои телевизиони Донишгоҳи Билкент Беҳтарин ҳунарпешакӯдак
2017 Мактаби миёнаи санъати тасвирии Мимар Синан Беҳтарин ҳунарпешакӯдаки сол

Нигаред низ

вироиш

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

Пайвандҳо

вироиш