Ҳазал Кая
Лайло Ҳазал Кая (тур. Leyla Hazal Kaya, тав. 1 октябри 1990; Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи телевизион ва синамои турк.
тур. Hazal Kaya | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Leyla Hazal Kaya |
Таърихи таваллуд: | 1 октябр 1990 (34 сол) |
Зодгоҳ: | Истанбул, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 2006-то ҳол |
Самт: | синамо, телевизион |
IMDb: | ID 2700631 |
hazalkaya.com.tr | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишҲазал Кая дар шаҳри Истанбули Туркия таваллуд шудааст. Таърихи таваллуди ҳунарпеша 1 октябри соли 1990 мебошад. Падару модари ӯ ба ҳайси вакил кор мекарданд, аз ин рӯ Ҳазали хурдсол ба чизе эҳтиёҷ надошт. Аммо, баъзе манбаъҳо иддао доранд, ки волидони Ҳазал аз ҳам ҷудо шудаанд. Модари ситораи оянда кӯшиш кард, ки истеъдоди духтарро рушд диҳад, ӯро барои таҳсил ба мактаби итолиёвии Истанбул фиристод. Вай дар мактаби ибтидоии Gaziosmanpaşa таҳсил карда, соли 2009 "Liceo Italiano di Istanbul"-ро хатм кардааст. Баъдтар вай барои маълумоти олӣ дар Донишгоҳи Билги Истанбул номнавис шудааст. Ҳазал инчунин мактаби балет, хореография ва скрипка таҳсил намудааст. Вай англисӣ, олмонӣ ва итолиёиро омӯхтааст.
Орзуи кӯдакии Ҳазал Кай бораи ҳунарпеша шудан вақте ба мактаби машҳури театри Истанбул Айла Алга пазируфта шуд, амалӣ гашт. Дар баробари омӯхтан, ӯ ба наворбардорӣ дар таблиғот шурӯъ кард. Чеҳраи Ҳазал дар муқоваи маҷаллаҳои тобнок ва таблиғи брендҳои косметикӣ ҷой гирифтааст.
Фаъолият
вироишҲунарпеша Ҳазал Кая нақши аввалини худро дар синни 16-солагӣ бозидааст. Ин нақши духтарчаи хурдсол Беррин дар силсилафилми машҳури «Сила. Бозгашт ба хона» мебошад, ки бо Ҷонсу Дере дар нақши асосӣ бозидаанд. Пас аз ин нақш нақшҳои хурдро бозидааст, ки маъруфияти Ҳазалро ба бор наоварданд. Аммо духтарак корашро идома додп умед дошт, ки рӯзе ситораи дурахшон ба рӯи ӯ низ медурахшад.
Муваффақияти ҳунарпешаи ҷавон даъвати коргардон Ҳилол Сарал барои нақш дар мелодрамаи Ишқи мамнӯъ соли 2008 буд. Нақши Ниҳол Зиёгил на танҳо дар ватани худ Туркия, балки берун аз марзи он шуҳрати Ҳазал Каяро овард. Ҳуқуқи пахши филмро 20 кишвар харидаанд. Ситораҳои синамо Киванч Татлитуғ ва Набоҳат Чеҳра бо Ҳазал дар як майдон кор кардаанд. Дар лоҳаи "Ишқи мамнӯъ" ситораи дигари синамои турк Берен Саат низ муваффақ шуд.
Моҳи январи соли 2011 силсилафилми "Ман ӯро Фериҳа ном мебарам" бо Ҳазал Кая дар нақши асосӣ баромад. Дар силсилафилм ҳунарпеша духтари боистеъдоди хидматкори оилаи марди сарватманд Фаррух Йилмазро бозидааст. Тибқи нақшаи филм, духтарак ба донишгоҳи бонуфузе дохил мешавад ва Амир Саррафоғлуро ба худ ошиқ мекунад. Вай бояд вазъи молиявии оилаашро бодиққат пинҳон кунад, зеро ҳамсинфони духтар аз оилаҳои бонуфузи Туркия мебошанд.
Ҳунарпешаи турк Чағатой Ӯлусой шарики филм шуд. Силсилафилмро мебоист ба сабаби бемории Воҳида Гердюм, иҷрокунандаи нақши модари Фериҳа пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд. Филмнома ба ситкомаи "Роҳи Амир" идома кард, аммо Ҳазал Кая дар он ширкат надошт. Дар соли 2012, ҳунарпеша дар филмҳои "Son Yaz-Balkanlar 1912", "Bu Son Olsun" нақш бозидааст. Соли 2013 филмномаи Ҳазал Кая бо филми "Мавҷи кабуд" пурра карда шуд.
Қаҳрамони Ҳазал Кая дар силсилафилми навбатии "A.Ş.K" Азра ном дорад. Филм соли 2013 ба намоиш гузошта шуд. Дар наворгирии лоиҳа ҳамроҳ бо ҳунарпешаҳои ҷавон ва маъруф Ҳоқон Куртош, Набоҳат Чеҳра, Каан Ӯрганҷиоғлу, Аслӣ Тандоған ва дигарон ширкат варзиданд. Ва соли 2014 Ҳазал Кая дар нақши асосӣ дар мазҳакаи полиси "Ман эътироз дорам" -и Онур Унлу нақш офарид.
Соли 2015 вай ба нақши асосӣ дар силсилафилми "Марал" даъват карда шуд. Ҳазал нақши зебои Маралро мебозад, ки дар як мағозаи олии Лондон ба ҳайси маъмур таҷрибаомӯзӣ мекунад. Ду писар ба духтар ошиқ мешаванд: писари соҳиби универмаг ва фурӯшанда. Вай киро интихоб кард? Арас Булут Ийнемлӣ дар филм яке аз ҷуфти Ҳазал Каяро бозидааст.
Соли 2016, ҳунарпеша курси ошпазро дар Академияи Санъати Кулинарӣ хатм кард. Орзуи Ҳазал Кая кушодани тарабхона дар Италия аст.
Дар соли 2017 гузориш дода шуд, ки Ҳазал Кая барои нақши Филиз Элибол дар азнавсозии туркии силсилафилми ҳаҷвии маъруфи амрикоӣ Бешармон тасдиқ шудааст.
Филм аз саргузаштҳои як оилаи марди майзада Фикрӣ Элибол қисса мекунад. Филиҳ духтари калонии Фикрӣ аст, ки масъули нигоҳубини аъзои зиёди хонаашон мебошад.
Соли 2020 Ҳазал дар филми "Benden Ne Olur" нақши асосиро бо Онур Туна бозид.
Ҳаёти шахсӣ
вироишҲазал Кая бо Алӣ Атай тӯли 5 сол мулоқот кард ва соли 2019 ҷуфт муносибатҳои худро қонунӣ кард. Онҳо соҳиби писаре мебошанд, ки онро Фикрат Алӣ Атай номгӯзорӣ намуданд.
Дар 22-солагии ӯ маълум шуд, ки Ҳазал гирифтори диабети қанд аст, ӯ хеле рӯҳафтода шуда муддати дароз сиҳат шуда наметавонист. Хушбахтона худро ба даст гирифта барои табобат ба ИМА рафт.
Филмнома
вироишФилм
вироишСол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
2011 | Çalgı Çengi | Духтарча дар анбор | Намоиши махсус |
2011 | Behzat Ç. Seni Kalbime Gömdüm | Берна | Намоиши махсус |
2011 | Ay Büyürken Uyuyamam | Хулия | Нақши асосӣ |
2012 | Bu Son Olsun | Лола | Нақши асосӣ |
2013 | Mavi Dalga | Орзу | Нақши дуюмдараҷа |
2014 | İtirazım Var | Зайнаб Булут | Нақши асосӣ |
2016 | Kırık Kalpler Bankası | Аслим | Нақши асосӣ |
2020 | Benden Ne Olur | Сертаб Бал | Нақши асосӣ |
Силсилафилм
вироишСол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
2006–2007 | Acemi Cadı | Пелин | Намоиши меҳмонӣ |
2006 | Taşların Sırrı | Бенгу | Намоиши меҳмонӣ |
2006–2008 | Sıla | Беррин | Намоиши меҳмонӣ |
2007–2008 | Genco | Озга (Гулай Эркая) | Нақши дуюмдараҷа |
2008–2010 | Ишқи мамнӯъ | Ниҳол Зиёгил | Нақши дуюмдараҷа |
2010 | Behzat Ç. Bir Ankara Polisiyesi | Берна | Намоиши меҳмонӣ |
2011–2012 | Adını Feriha Koydum | Фериҳа Йилмаз Саррафоғлу | Нақши асосӣ |
2012 | Son Yaz-Balkanlar 1912 | Омина | Нақши асосӣ |
2013 | A.Ş.K. | Азра Озак | Нақши асосӣ |
2015 | Maral: En Güzel Hikayem | Марал Эрдем | Нақши асосӣ |
2017–2019 | Bizim Hikaye | Филиз Элибол Актан | Нақши асосӣ |
2020 | Menajerimi Ara | Худаш | Намоиши меҳмонӣ |
Дар ВАО
вироишДар таблиғот
вироишСол | Тиҷоат |
---|---|
2006 | Tofita |
2007 | Nescafé |
2007 | Molped |
2007 | Turkcell |
2008 | Eti Burçak |
2010 | Penti |
2012 | Bingo |
2014 | Lux Arabia |
Дар музиквидео
вироишСол | Музиквидео |
---|---|
2008 | Аслӣ Гӯнгор - "İzmir Bilir Ya"[1] |
2011 | Салчуқ Балҷӣ - "Deniz Üstünde Fener"[2] |
2017 | Чағатой Атман - "Bizim Hikaye"[3] |
Ҷоизаҳо
вироишҶоизаҳо ва момзадиҳо | |||
---|---|---|---|
Сол | Ҷоиза | Category | Натиҷа |
2010 | Ҷоизаҳои Kavram Olympic | Беҳтарин ҳунарпешаи ҷавон[4] | Баранда |
2011 | Ҷоизаҳои Ayaklıgazete.com | Зеботарин ҳунарпеша[5] | Баранда |
2011 | Dizifilm.com Oscars | Беҳтарин ҳунарпешаи драма[6] | Баранда |
2012 | Ҷоизаҳои Ayaklıgazete.com | Беҳтарин ҳунарпеша дар таърихи силсилафилмҳо[7] | Номзад |
2012 | Ҷоизаҳои Televizyondizisi.com | Ҳунарпешаи маъруфтарин[8] | Номзад |
2012 | Ҷоизаҳои Sosyalmedya.cc | Беҳтарин ҳунарпеша[9] | Баранда |
2012 | Ҷоизаҳои Eniyiyisec.com | Беҳтарин ҳунарпеша[10] | Баранда |
2012 | Ҷоизаҳои Bakmoda.com | Беҳтарин ҳунарпеша[11] | Баранда |
2013 | Sayidaty Arab Journal | Беҳтарин Ситоразани Туркия[12] | Баранда |
2013 | Ҷоизаҳои 2.Crystal Mouse Media | Беҳтарин ҳунарпеша[13] | Номзад |
2013 | MagaziMedya.com | Зеботарин чеҳраи экрании Туркия[14] | Номзад |
2013 | Gazete5.com | Беҳтарин ҳунарпеша[15] | Номзад |
2013 | Ҷоизаҳои Sizcene.com | Зеботарин ҳунарпешаи телевизион дар Туркия[16] | Баранда |
2013 | Ҷоизаҳои Magazincity.com | Беҳтарин ҳунарпеша дар телевизион[17] | Баранда |
2013 | Ҷоизаҳои Politics Magazine | Ҳунарпешаи телевизиони сол[18] | Номзад |
2013 | YılınFenomeni.com | Ҳунарпешаи падидаи сол[19] | Номзад |
2013 | Ҷоизаҳои OMÜ 3. Media | Беҳтарин ҳунарпеша[20] | Номзад |
2014 | Ҷоизаҳои Ayaklıgazete.com | Беҳтарин ҳунарпешаи драма[7] | Номзад |
2014 | Ҷоизаҳои 2.Düzce University Media | Беҳтарин ҳунарпеша[21] | Номзад |
2014 | Ҷоизаҳои 5.KTÜ Media | Писандидатарин ҳунарпеша[22] | Номзад |
2014 | Bilgisefi.com | Зеботарин ҳунарпешаи Туркия[23] | Номзад |
2014 | Felsebiyat Journal Cinema Nominees | Ҳунарпешаи сол[24] | Номзад |
2014 | Медали аъло барои таъсирбахштарин чеҳраҳо дар ҷоизаҳои ҷаҳонӣ | Медали аъло[25] | Баранда |
2014 | Беҳтарин 33 занони зеботарин дар ҷоизаҳои телевизионӣ | [26] | Баранда |
2015 | Ҷоизаҳои Лубнон | Беҳтарин ҳунарпеша[27] | Баранда |
2015 | Ҷоизаҳои TelevizyonDizisi.com | Беҳтарин ҳунарпеша[28] | Номзад |
2015 | Marie Claire Turkey | Маъруфтарин ҳунарпеша[29] | Номзад |
2015 | Ҷоизаҳои беҳтарини Авруосиё | Беҳтарин ҳунарпеша[30] | Номзад |
2015 | Ҷоизаҳои 4.Crystal Mouse Media | Беҳтарин ҳунарпеша[31] | Номзад |
2016 | Ҷоизаҳои 7.KTÜ Media | Писандидатарин ҳунарпеша[32] | Номзад |
2017 | Ҷоизаҳои Latina Turkish | Беҳтарин бӯсаи саҳнавӣ (Ҳазал Кая - Чағатой Ӯлусой)[33] | Баранда |
2017 | Ҷоизаҳои Turkey Youth | Беҳтарин ҳунарпешаи телевизионӣ[34] | Номзад |
2017 | Stars of the Year Awards | Маъруфтарин зани телевизионӣ[35] | Номзад |
2018 | Ҷоизаҳои IU Student Council 1453 | Беҳтарин ҳунарпешаи сол[36] | Номзад |
2019 | Ҷоизаҳои Latina Turkish | Беҳтарин ҳунарпеша[37] | Баранда |
2019 | Ҷоизаҳои Latina Turkish | Беҳтарин ҷуфти телевизионӣ (Ҳазал Кая - Бурак Дениз)[37] | Баранда |
2019 | Ҷоизаҳои беҳтарини сол 19.Internet Media | Беҳтарин ҳунарпеша[38] | Баранда |
2019 | Ҷоизаҳои İstanbul Aydın University Communication | Беҳтарин ҳунарпеша[39] | Баранда |
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Aslı Güngör - İzmir Bilir Ya (4 March 2014).
- ↑ Hürriyet Haber. Hazal oynadı Necati çaldı (21 July 2011).
- ↑ Çağatay Akman - Bizim Hikaye (14 September 2017).
- ↑ Hürriyet Haber. Kavram Olimpiyatları ödül töreni (14 April 2010).
- ↑ Kivanç Tatlıtuğ ve Hazal Kaya birinci sırada!. gecce magazine. 30 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 октябри 2015.
- ↑ En İyi Drama Kadın Oyuncusu. dizi film. 30 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ 7.0 7.1 SiteNano Internet Works. Magazin haberleri anında Ayaklı Gazete`de. AYAKLI GAZETE.
- ↑ 2012 Yılının En Popüler Kadın Dizi Oyuncusu kimdi?. Televizyon Dizisi. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 сентябри 2017.
- ↑ Archived copy. 5 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 май 2014.
- ↑ Archived copy. 5 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2016.
- ↑ prize-survey.com. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 феврали 2013.
- ↑ En İyi Türk Kadın Yıldızı. sayidaty magazine. 30 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 феврали 2013.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 май 2013.
- ↑ Türkiye'nin en güzel ekran yüzü kim? - MagaziMedya.Com. MagaziMedya.Com. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 феврали 2016.
- ↑ Hazal Kaya’nın Yeni Projesi Ne, Dizi mi, Film mi?. gezenvatandas.com (30 July 2020). 30 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 май 2013.
- ↑ Türkiye'nin En Güzel Bayan Dizi Oyuncusu. seninfikrin.com. 30 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2021.
- ↑ En İyi Kadın Dizi Oyuncusu Hazal Kaya oldu. magazincity. 30 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 октябри 2015.
- ↑ Archived copy. 5 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 Январ 2016.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 ноябри 2013.
- ↑ OMÜ 3. Medya Ödülleri 2013. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 феврали 2014.
- ↑ Çağatay AY. Düzce Üniversitesi - Medya Ödülleri 2013. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 феврали 2016.
- ↑ KTÜ 2015 Medya Ödülleri. İŞLETME VE EKONOMİ KULÜBÜ MEDYA ÖDÜLLERİ GECESİ. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 Январ 2016.
- ↑ [1](пайванди дастнорас)
- ↑ Felse Biyat Dergisi. Felse Biyat Dergisi. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2017.
- ↑ Winners of Medal of Excellence for the Most Influential Figures in the World 2014. ichaps. 30 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 сентябри 2014.
- ↑ Most Beautiful Women In The World 2014. summitrans.com. 9 октябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 феврали 2018.
- ↑ Lebanon IdoL. Twitter.
- ↑ TelevizyonDizisi.com 2015 En İyi Kadın Oyuncu Kim?. Televizyon Dizisi. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 июли 2017.
- ↑ Dizilerdeki en favori kadın oyuncunuz hangisi?. Poltio. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Январ 2016.
- ↑ [2] (пайванди дастнорас)
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 феврали 2017.
- ↑ BU YILIN MEDYATİKLERİNİ SEN SEÇ! - KTÜ İŞLETME VE EKONOMİ KULÜBÜ 7. MEDYA ÖDÜLLERİ. İŞLETME VE EKONOMİ KULÜBÜ MEDYA ÖDÜLLERİ GECESİ. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 Январ 2016.
- ↑ İşte Latine TV (Peru)’nin düzenlediği Latina Turkish Awards’ın Kazananları. gazetemag.com. 24 Январ 2017 санҷида шуд.
- ↑ HostAvrupa Türkiye Gençlik Ödülleri. www.turkiyegenclikodulleri.com.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 14 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2020.
- ↑ https://twitter.com/1453odulleri/status/982728882494279680
- ↑ 37.0 37.1 Bizim Hikaye Latin Amerika'yı fethetti. FOX. 15 марти 2019 санҷида шуд.
- ↑ İnternet Medyası Yılın En İyileri Ödülleri Sahiplerini Buldu. gazetebirlik.com. 22 марти 2019 санҷида шуд.
- ↑ Hazal Kaya’dan Ödül Konuşması. birgun.net. 9 май 2019 санҷида шуд.