Бехҷаст — нардҳое, ки аз муғҷаҳои иловагӣ ва баъзан аз кӯрмуғҷаи кунда ё решаи дарахт (анҷир, олуболу, ток, олу, анор ва ғайра) месабзанд.

Бехҷаст, одатан, дар муддати кӯтоҳ рушд ёфта, ба навниҳол монанд мешавад. Бехҷастро дар ҷангалпарварӣ, сабзкорӣ ва боғдорӣ истифода мебаранд. Дарахте, ки аз бехҷаст месабзад, кӯтоҳумр буда, чӯбаш сифатан паст аст. Бехҷаст қувваи рушди танаи асосиро суст ва ҳосилро кам мекунад. Бинобар ин, бехҷастро бурида ё кофта гирифта, замини атрофи бутта ё дарахтро дар давоми тобистон 2-3 маротиба амиқ шудгор мекунанд.

Сарчашма

вироиш