Ҷорҷ Уэлс Бидл (англ. George Wells Beadle; 22 октябри 1903, Уаҳу, Небраска — 9 июни 1989) — генетики амрикоӣ, муаллифи фарзияи «як ген — як фермент».[8]

Бидл, Ҷорҷ Уэлс
англ. George Beadle
Таърихи таваллуд 22 октябр 1903(1903-10-22)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 июн 1989(1989-06-09)[1][2][3][…] (85 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ офаринишшиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи донишгоҳҳои Небраска (1926) ва Корнелск (1931). Фаъолияти илмиаш аз Институти технологии Калифорния (1931—1936) оғоз ёфта, то ба дараҷаи профессор Институти Станфорд (1937—1946) расидааст. Солҳои 1961—1968 Президенти Донишгоҳи Чикаго буд.

Ҷорҷ Бидл оид ба ситология ва генетика, назорати генетикии мубодилаи моддаҳо, асосҳои физикавию кимиёии ирсият пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст. Ӯ бо роҳи таҷриба (дар ҷуворимакка, пашшаи дрозофил ва занбӯруғи нейроспора) табиат ва фаъолияти генҳоро омӯхта, қобилияти бактерияҳоро дар мавриди пайвастани унсурҳои генетикии бегона бо худӣ муайян намуд. Ҷорҷ Бидл ҳамроҳи Э. Тейтем ва Ҷ. Ледерберг барои таҳқиқот доир ба генетикаи микроорганизмҳо сазовори ҷоизаи Нобел гардид (1958).

  1. 1.0 1.1 1.2 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 Bibliothèque nationale de France George Wells Beadle (1903-1989) (фр.) — 2011.
  4. Бидл Джордж Уэлс // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 SNAC (ингл.) — 2010.
  6. 6.0 6.1 George Beadle – Biographical (ингл.) // nobelprize.orgNobel Foundation.
  7. http://www.dnaftb.org/16/bio.html
  8. Beadle GW, Tatum EL (15 November 1941). «Genetic Control of Biochemical Reactions in Neurospora». PNAS 27 (11): 499–506. doi:10.1073/pnas.27.11.499. PMID 16588492. Бойгонӣ шудааст 24 сентябри 2015  сол.[1]

Сарчашма

вироиш