Уи́лям Ҳе́нри Гейтс III (англ. William Henry Gates III; 28 октябр 1955, Сиэтл[8], Вашингтон), бештар маъруф ба Билл Гейтс (англ. Bill Gates)[9][10] — тоҷир ва ходими ҷамъиятӣ, филантропи амрикоӣ, яке аз созандагони (ҳамроҳ бо Пол Аллен) ва собиқ саҳмиядори бузурги ширкати Microsoft.

Билл Гейтс
англ. Bill Gates
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд англ. William Henry Gates III
Таърихи таваллуд 28 октябр 1955(1955-10-28)[1][2][3][…] (69 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша корофарин, барномасоз, башардӯст
Падар Bill Gates Sr.[d]
Модар Mary Maxwell Gates[d]
Ҳамсар Melinda Gates[d][5][6]
Фарзанд Jennifer Katherine Gates[d], Phoebe Adele Gates[d] ва Rory John Gates[d]
Ҷоизаҳо
Knight Commander of the Order of the British Empire Commander of the Legion of Honour Grand Cordon of the Order of the Rising Sun Cross of Recognition Commander of the Order of the Star of Romania Presidential Medal of Freedom Grand Cross of the Order of Prince Henry Падма Бҳушан

National Medal of Technology and Innovation[d] (1992)

Lasker-Bloomberg Public Service Award[d] (2013)

Fulbright Prize[d] (2010)

Silver Buffalo Award[d] (2010)

Distinguished Fellow of the British Computer Society[d] (1994)

United Nations Population Award[d] (2010)

Order of the Aztec Eagle

NAS Public Welfare Medal[d] (2013)

Bower Award for Business Leadership[d] (2010)

honorary doctor of the Tsinghua University[d] (2007)

honorary doctor of Royal Institute of Technology[d] (7 феврал 2002)

Honorary Doctor at Karolinska Institutet[d] (23 январ 2008)

доктори фахрии Донишгоҳи Ҳарвард[d] (2007)

Financial Times Person of the Year[d] (1994)

honorary doctor of Stockholm University[d] (2002)

Bambi Award[d] (14 ноябр 2013)

Bower Award and Prize for Achievement in Science[d] (2010)

American Library Association Honorary Membership[d] (1998)

Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Билл Гейтс дар синни 13-солагӣ аввалин бор бо компютерҳо ва забони барномасозӣ шинос гардид. Соли 1972 якҷо бо дӯсти мактабиаш Пол Аллен (Paul Allen) ширкати «Трэф-О-Дейта»-ро таъсис дода, ба барномасозӣ ва танзими ҳаракати кӯча оғоз намуд ва натиҷаҳои онро бо усули коркарди компютерӣ истифода бурд. Ҳамин тавр онҳо бо микропротсессори барномашудаи 8008 бори аввал ба фаъолияти мустақилонаи барномарезӣ шурӯъ намуданд. Соли 1973 Билл Гейтс ба Донишгоҳи Гарвард дохил шуд. Соли 1974 якҷо бо Пол Аллен ширкати «Майкрософт» (Microsoft)-ро ташкил карданд, 60 дарсади саҳмияи он ба Билл Гейтс ва 40% ба Аллен тааллуқ дошт. Дар ибтидои соли 1975 онҳо барои компютери инфиродии «Алтаир»-и ширкати MITS забони барномасозии BASIC-ро таҳия намуданд. Билл Гейтс ва Аллен бо роҳбарони MITS қарордод бастанд, ки мутобиқи он барномаи компютерии онҳо якҷо бо компютер фурӯхта мешуд[11][11].

Билл Гейтс соли сеюми таҳсил донишгоҳи Гарвардро тарк намуда, комилан ба кори ширкат машғул гардид. Вай бовари комил дошт, ки компютери шахсӣ дар рӯйи ҳар мизи корӣ ва ҳар хонавода ҷой мегирад. Акнун Билл Гейтс ва Аллен ба таҳия ва таъмини барномаҳои компютерҳои шахсӣ шурӯъ намуданд. Соли 1976 Билл Гейтс фурӯши литсензияро барои истифодаи барномаҳои компютерӣ аз тарафи истеҳсолкунандагони компютерҳо ҷорӣ намуд. Дар натиҷа истеҳсолкунандагони компютерҳо дастгоҳҳои худро якҷо бо ин барномаҳо дастраси харидорон менамуданд. Пас аз барҳам хӯрдани ширкати MITS, «Майкрософт» тавонист бо ширкатҳои машҳури «Эппл», «Коммодор» ва «Тэнди», ки компютерҳои «Рэйдио шэк»-ро истеҳсол мекарданд, қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонад. Соли 1979 ширкати «Майкрософт», ки дар он ҳамагӣ 15 нафар кор мекард, қароргоҳашро ба шаҳраки Бсевю (наздикии шаҳри Сиэтл, иёлати Вашингтон) кӯчонд. Як сол баъд фирмаи IBM ҷиҳати тартиб додани барнома барои компютери шахсии нави худ ба Билл Гейтс муроҷиат намуд, ки ин барнома дар охир ҳамчун IBM PC шуҳрат пайдо карда, таҳиякунандагони он шахсони сарватманди дунё гардиданд[11].

  1. Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
  2. Discogs (ингл.) — 2000.
  3. Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  4. #2 Bill Gates (ингл.) // Forbes / S. ForbesNYC: Forbes, 1917. — ISSN 0015-6914
  5. https://twitter.com/BillGates/status/1389316412259270657/photo/1
  6. https://www.wired.com/2008/05/st-billgates/
  7. Deutsche Nationalbibliothek Record #119081199 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  8. Manes, 1994, p. 11.
  9. Уильям (Билл) Гейтс. Биографическая справка(рус.). РИА Новости. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июни 2013.
  10. Гейтс, Билл — основатель корпорации Microsoft(рус.). Лента.ру. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июни 2013.
  11. 11.0 11.1 11.2 Гейтс Билл // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.