Бобо Аннанов
Бобо Аннанов (туркманӣ: Baba Annanow; 20 феврали 1934, Ашқобод — 27 декабри 1991, ҳамон ҷо) — ҳунарпеша ва коргардони туркман, Артисти халқии СССР (1985).
Baba Annanow | |
| |
Таърихи таваллуд: | 20 феврал 1934 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 21 декабр 1991 (57 сол) ё 27 декабр 1991[1] (57 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, коргардони филм, филмноманавис |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0030278 |
Зиндагинома
вироишДонишкадаи театрии шаҳри Тошкандро соли 1959 хатм намуда, дар театри шаҳри Чорҷӯ кор кардааст. Солҳои 1961 – 91 режиссёр студияи телевизиони Ашқобод буд.
Дар студияи «Туркманфилм» ролҳои зиёд офаридааст: Гулманов («Имтиҳони аввалин»), Шерсинг («Роҳи охирин»), Ортиқ Боболӣ («Қадами қатъӣ»), Черкез («Роҳи аробаи сӯзон»), Санъат («Тасодуф дар паҳлӯ»), Атобоев («Ранги тило») ва ғаайра. Асосан образи одамони мубориз, қавиирода, поквиҷдон ва фаъоли ҷомеъаро иҷро менамуд.
Аннанов Бобо дар киностудияи «Тоҷикфилм» нақши ҳамзамононро дар як силсила филмҳо хеле боварибахш офаридааст: Ӯртабоев («Одам пӯсташро иваз мекунад»), босмачӣ («Ҳеҷбудагон…»), Хуршед («Ҷинояткор ва ҳимоятгарон»), полковник Мӯъминов («Дастгиркунӣ»), подполковник («Ба дӯстон хиёнат намекунанд»).
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти ҶШС Туркманистон ба номи Махтумқулӣ (1966).
Эзоҳ
вироиш- ↑ Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
Сарчашма
вироиш- Аннанов Бобо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Пайвандҳо
вироиш- Баба Ананов(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database