Ашқобод
Ашқобóд (туркманӣ: Aşgabat), Ашкобод, Ишқобод (форсӣ: عشقآباد) (то соли 1919 Асхабат, солҳои 1919–1927 Полторатск) — пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон. Ашқобод мақоми вилоят дорад.
Шаҳр | |||
---|---|---|---|
Ашқобод туркманӣ: Aşgabat | |||
|
|||
Кишвар | Туркманистон | ||
Координатаҳо | 37°57′00″ а. шим. 58°23′00″ т. ш.HGЯO | ||
Тақсимоти дохилӣ | 6 этрап | ||
Ҳоким | Дурдилиев Шомуҳаммад[d] | ||
Номи қавмӣ | ашхабадец, ашхабадка, ашхабадцы | ||
Сайти расмӣ |
ashgabat.gov.tm (рус.)(туркман.) |
||
День города | 25 мая[1] | ||
Неофициальные названия |
Беломраморная столица[2][3], Город любви[4] |
||
ҶуғрофиёВироиш
Ашқобод дар ҷануби кишвар, дар ҳамвории назди доманаи кӯҳи Копетдоғ (минтақаи зилзиладор) дар воҳаи Аҳал ҷой гирифтааст (дар баландии 214–240 м аз сатҳи баҳр). Дар зилзилаи сахти с. 1948 шаҳр тамоман хароб гардида, зиёда аз 160 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Аҳолиаш 827,5 ҳазор нафар (2009).
НақлиётВироиш
Роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан марказро бо вилоятҳо пайваст мекунанд. Аз шимоли Ашқобод наҳри Қароқум мегузарад. Дорои фурудгоҳ ва роҳи оҳани байналмилалист.
ТаърихВироиш
Ашқобод соли 1881 чун истеҳкоми ҳарбии Россия дар ҷойи харобаи Асхабат бунёд ёфтааст. Таърихи қадимӣ ва асримиёнагии Ашқобод бештар мутааллиқ ба шаҳри Нисо аст. Аз он ҷо ёдгорҳои замони Ашкониён ёфт шудааст, ки ба таърихи яке аз давлатҳои бузурги аҷдоди тоҷикон — Ашкониён тааллуқ доранд. Аз охири садаи XIX ва аввали садаи XX Ашқобод маркази ҳаракати инқилобии Закаспий (паси Каспий) буд. Аз соли 1882 маркази вилояти Закаспийи генерал-губернатории Туркистон гардид. Баъди насби роҳиоҳани Закаспий (1885) ба маркази муҳимми алоқаи тиҷоратии Империяи Россия бо мамлакатҳои Шарқ (махсусан Эрон) табдил ёфт. Моҳи декабри 1917 дар Ашқобод ҳокимияти шӯравӣ барқарор шуда, июли 1918 Ашқободро эсэрҳо-дастаи гордҳои сафед ишғол карданд. 9 июли 1919 шаҳр боз ба дасти болшевикон гузашт. Солҳои 1919-24 Ашқобод маркази ҶҲШС Туркистон дар ҳайати РСФСР буд. Бо ташкил шудани ҶШС Туркманистон (27 октябр 1924) пойтахти он гардид.
Ёдгориҳои таърихӣВироиш
Дар атрофи Ашқобод ёдгорҳои таърихӣ-бостоншиносӣ боқӣ мондаанд. Муҳимтарини онҳо харобаҳои мақбараи Анов (9 км шарқтар) ва мамнӯъгоҳи шаҳри қадимаи Нисои Куҳна мебошад.
ИқтисодВироиш
Ашқобод калонтарин маркази иқтисодию саноатии мамлакат мебошад. Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ, коркарди филизз, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, электротехникӣ. Комбинати шишасозии Ашқобод дар Осиёи Марказӣ калонтарин мебошад. Ашқобод фабрикаи қолинбофӣ дорад.
МеъморӣВироиш
Дар охири садаи XX баъди заминларза шаҳр аз нав обод гардид. Биноҳои нави ба зилзила тобовар сохта шуданд. Ибтидои садаи XXI аз рӯйи лоиҳаи меъморони хориҷӣ дар маркази шаҳр бинои Шӯрои Халқ, Қасри эҳёи миллӣ, иншооти майдони Бетарафӣ, бинои фурудгоҳи байналмилалӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Аз соли 1991 сар карда дар Ашқобод биноҳои бо услуби шарқӣ иморатшуда қомат афрохтанд.
Илм, маориф ва фарҳангВироиш
Ашқобод маркази илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Туркманистон мебошад. Дар Ашқобод Академияи Илмҳо Туркманистон, 35 муассисаи таҳқиқоти илмӣ, зиёда аз 10 мактаби олӣ (донишгоҳҳои тиббӣ, политехникӣ, санъат, кишоварзӣ), театрҳо, (аз ҷумла Театри опера ва балети Туркманистон, Театри академии драмаи ба номи Мулло Нафас), нашриёт («Туркманистон» ва «Илм»), осорхонаҳо (Осорхонаи санъати тасвирӣ, осорхонаи таъриху этнография, с. таъсис 1881), китобхонаҳо, сирк, варзишгоҳҳо (калонтаринаш «Копетдоғ»), филармонияи давлатӣ, киностудияи «Туркманфилм», маркази телевизион, пойгоҳҳои радиошунавонӣ фаъолият доранд.
МатбуотВироиш
Дар Ашқобод рӯзнома ва маҷаллаҳо ба забони туркманӣ ва русӣ нашр мешаванд. «Ашгабат акшами» нашрияи ҳукумати шаҳри Ашқобод мебошад. Дар масофаи 39 км аз А. дар доманаи шимолу шарқии Копетдоғ шаҳрчаи курортии Фирӯза ҷой гирифтааст.
Муносибатҳои байналмилалӣВироиш
БародаршаҳрҳоВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ Беломраморный Ашхабад — в Книге рекордов Гиннеса. // turkmenistan.gov.tm
- ↑ Ашхабад попал в Книгу рекордов Гиннесса как самый беломраморный город. // ria.ru (25 мая 2013 года)
- ↑ Ашхабад признан самым беломраморным городом в мире // bbc.co.uk (25 мая 2013 года)
- ↑ Перспективы Ашхабада: новая городская среда и транспортная инфраструктура. // turkmenistan.gov.tm (28 ноября 2013 года)
АдабиётВироиш
- Малколм Колледж. Парфяне. М. 2004;
- Новая российская энциклопедия. Т. 2. Москва, 2005.
ПайвандҳоВироиш
Ашқобод дар Викианбор |
- Сайти расмӣ(туркман.)(рус.)
- Даргоҳи иттилоотии шаҳри Ашқобод
- «Город сердара» — Вокруг Света (рус.)
- А. А. Никонов «Ашхабадское землетрясение: проблемы и решения полвека спустя после катастрофы». Вестник ОГГГГН РАН, № 2(4), 1998 (специальный выпуск)(рус.)
- Ашхабад, учебный фильм(рус.)
- Туризм города Ашхабада(рус.)
- Книга: «Ашхабад — в Книге рекордов Гиннеса». Фотогалерея. © Türkmen döwlet neşirýat gullugy, 2013. // ashgabat.gov.tm (рус.)
СарчашмаВироиш
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.