Ботурхон Валихоҷаев
Ботурхон Валихоҷаев (1 апрели 1932, Самарқанд — 25 августи 2005, ҳамон ҷо) — олим, доктори илмҳои филология (1968), профессор (1971). Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон. Академики АИ Узбекистон (2000)
Ботурхон Валихоҷаев | |
Таърихи таваллуд | 1 апрел 1932 |
Зодгоҳ | Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 25 август 2005 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт | Самарқанд , |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ИҶШС |
Ҷоизаҳо | медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон |
Зиндагинома
вироишБотурхон Валихоҷаев соли 1953 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба итмом расонда, дар ҳамин ҷо фаъолияташро ҳамчун муаллими кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд оғоз намудааст. Солҳои 1956—1974 муаллими калон ва дотсент ва 1974—1985 мудири ҳамин кафедра буд. Солҳои 1985—2005 вазифаи мудири кафедраи адабиёти классикии ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқандро иҷро кардааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишОид ба масъалаҳои муҳими адабиёти классики форс-тоҷик, таърихи адабиёти тоҷику узбек, робитаҳои адабии ин ду халқ асару мақолаҳо навиштааст. Таҳқиқоташ бобати таъсири эҷодиёти Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Сайфи Бухороӣ ба адибони ӯзбек ва таъсири Навоию Бобур ба адибони тоҷик ҷолиб аст. Ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи Овози Самарқанд (рӯзнома) мақолаҳои пурмӯҳтаво чакидаҳои хомаи шоиру нависандагони тоҷикзабонро пайваста чоп мекард. Ботурхон Валихоҷаев Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон ва ба дараҷаи академики АИ Ӯзбекистон (2000) расидааст.
Ҷоизаҳо
вироишАрбоби шоистаи илми Ӯзбекистон Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок»
Осор
вироиш- Дыхание веков. — Самарқанд, 1970;
- Мирӣ ва муосирони ӯ. — Тошканд, 1977;
- Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт. — Душанбе, 1977;
- Ҷомӣ ва адабиёти ӯзбек. — Самарқанд, 1984;
- Ҷомӣ ва робитаҳои адабӣ. — Душанбе, 1989;
- Чакидаи қалам. — Душанбе, 1992.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ботурхон Валиходжаев. Краткий библиографический указатель. — Самарқанд, 2008.