Бурҳон Раҳмон

(Тағйири масир аз Бурҳон Раҳмонов)

Бурҳон Раҳмон (4 апрели 1934, ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон — 28 декабри 2015, Душанбе, Тоҷикистон) — ровии радио ва телевизиони тоҷик, наттоқи дараҷаи олӣ. Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон.

Бурҳон Раҳмон
Бурҳон Раҳмон.jpg
Навъи фаъолият:

ровии радио, наттоқи телевизион

Таърихи таваллуд:

4 апрел 1934(1934-04-04)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Таърихи даргузашт:

28 декабр 2015(2015-12-28) (81 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе, Тоҷикистон

Ҷоизаҳо:

«Корманди шоистаи Тоҷикистон»
«Аълочии радио ва телевизион»

ЗиндагиномаВироиш

Бурҳон Раҳмон дар деҳаи Одешти ноҳияи Ванҷ 4 апрели соли 1934 ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоиро дар хонаи кӯдакони Ванҷ, Тавилдара ва Ҳисор фаро гирифтааст.

Бурҳон Раҳмон фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе буд. Баъди хатми таҳсил Бурҳон Раҳмонов якуним моҳ таҷрибаомӯз ва аз 15 майи соли 1957 диктор — наттоқи гуфторҳои бурунмарзии радиои тоҷик шуд ва то имрӯз дар Радиои Тоҷикистон ва унвони ровии барнома ва гуфторҳо барои хориҷи кишвар фаъолият мекард.

Фаъолияти корӣВироиш

Ӯ зиёда аз 60 соли умрашро дар бахши брунмарзии Радиои Тоҷикистон ва то дер боз дар шабакаи «Овози тоҷик» кору фаъолият менамуд. Инчунин ӯ дар телевизион барномаҳои «Аз почтаи телевизион» ва «Чашма»-ро худ менавишт ва барандагӣ менамудааст. Ӯ ғайр аз фаъолияти ровигӣ ҳамчунин ба сифати муҳаррир, рӯзноманигор ва ҳунарманди театр низ кору фаъолият карда, дар тарҷумаи 300 филми мустанаду бадеӣ овоз додааст.

ДаргузаштВироиш

Бурҳон Раҳмон 28 декабри соли 2015 бар асари беморӣ дар сини 81-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт[1].

ҶоизаҳоВироиш

Бурҳон Раҳмон корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон, дорандаи чандин ифтихорномаи ҳукуматӣ ва сухангӯйи писандидаи мардум мебошад.

АдабиётВироиш

Дар бораи Бурҳон Раҳмон[2]
  • Мирзоев, К. Ҳамсадои рўдҳо: Дар бораи диктори радио Бурҳон Раҳмонов // Маориф ва маданият. — 1980. — 6 май.
  • Исмоилова, М. Овози шинос: Аълочии Комитети давлатии телевизион ва радиошунавонии СССР, Корманди Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон, барандаи дараҷаи олӣ Бурҳон Раҳмонов // Тоҷикистони Советӣ. — 1985. — 7 май.
  • Сӯгворӣ: Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи радио ва телевизиони Бурҳон Раҳмонов // Адабиёт ва санъат. — 2015. — 31 декабр.

ЭзоҳВироиш

  1. Даргузашти Бурҳон Раҳмон, ровии маъруфи радио ва телевизиони тоҷик » Озодагон(тоҷ.). www.ozodagon.com. 27 Декабри 2017 санҷида шуд.
  2. Ёди ровии маъруф Бурҳон Раҳмон ба хайр. kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (8 апрели 2019). 25 октябри 2019 санҷида шуд.

ПайвандҳоВироиш