Бӯстон (деҳа, ҷ. Дарқад, н. Фархор)
Бӯстон (то соли 1986 Навободи Нав) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор. Аз Бӯстон то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 13 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 810 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Фархор |
Ҷамоат | Деҳоти Дарқад |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Навободи Нав |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 810 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3316 |
Нишонаи почта | 735140 |
Иқтисод
вироишБунгоҳи тиббӣ, 2 осиёб, масҷиди панҷвақтаи Бибитошгул ва 8 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бунафша таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ ба воситаи наҳр обёрӣ мешаванд.
Мувофиқи иттилои сокини Бӯстон Қувват Пиров аҳолии Бӯстон солҳои 1963—1965 аз деҳаи Навободи Куҳна (ҳозира Бунафша) кӯчида омада, деҳаи Навободи Нав (ҳозира Бӯстон)-ро дар ҳайати колхози ба номи Калинин (минбаъд ба номи Амиршо Ҳасанов) ташкил кардаанд. Айни замон дар ҳудуди Бӯстон 340 хоҷагии деҳқонии хурди инфиродӣ ва хоҷагии деҳқонии «Тоҳир» мавҷуд мебошанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бӯстон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2