Панҷ (рӯд)

(Тағйири масир аз Дарёи Панҷ)

Панҷ (порсӣ: پنج) — рӯдест дар Осиёи Марказӣ ки дар миёни Тоҷикистону Афғонистон равон аст ва резишгоҳи он Омударё аст.

Панҷ (рӯд)
Ҷараёни об
Сарчашма дарёҳои якҷоя: Помир ва Вахондарё
  Баландӣ 4130 м
  Координатаҳо 37°01′03″ с. ш. 72°39′41″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ Амударё
  Координатаҳо 37°06′39″ с. ш. 68°18′53″ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Панҷ (рӯд) (Тоҷикистон)
болооб
резишгоҳ
Панҷ (рӯд)
дар Викианбор
Пули дустӣ миёни Афғонистону Тоҷикистон дар минтақаи Шуғнон

Сарчашмаи рӯди Панҷ рӯдҳои Помир ва Вахондарё ҳастанд, ки яке аз дарёжаи Зоркӯл дар сарзамини Тоҷикистон ва дигаре аз кӯҳсори Вахон дар сарзамини Афғонистон об мегиранд.

Аз саросари рӯди Панҷ марзи Афғонистону Тоҷикистон мегузарад[1] ки ду кишвари обгири он ҳастанд.

Дарозои ин рӯд 921 км, паҳноварии ҳавзаи обхезаш 114 000 км², миёнгини гузашти обаш 1000 м³/с аст. Оби ин рӯд барои обёрӣ ба кор меравад. Аз дараи рӯди Панҷ шоҳроҳи ДушанбеХоруғ ва КӯлобҚалъаи Хумб мегузаранд.

Решашиносии ном

вироиш

Куҳантарин номи торихии рӯди Панҷ Харвоб будааст, ки гетинигорони даврони исломӣ онро Харноб ва Ҷарёб навишта ва сарчашмаи Омударё медонистанд ва саргаҳи онро Вахоб мехондаанд, ки аз Вахон ояд. Чунончи, нависандаи гумноми «Ҳудуд-ул-олам» дар фасли «Сухан андар рӯдҳо» мегӯяд: «Ва дигар рӯдест ӯро Харноб хонанд, аз мағриби кӯҳи Қасак биравад ва миёни Бадахшон ва Порғар андар Ҷайҳун афтад. Ва ин Харноб аз Ҷайҳун меҳтар аст, валекин ҳама ба Ҷайҳун бозхонанд аз баҳри он, ки Ҷайҳун аз раҳе дуртар равад»[2].

Харноб ва Ҷарёб таҳрифе ҳастанд аз вожаи Харвоб, ки онро Харбоб низ овардаанд: порсӣ: جریاب <- خرناب <- خرباب <- خروآب. Аммо росту дурусташ «Харвоб» аст, зеро вожаи «харв» ва гунаҳои дигари он — «шарв», «шорв» ва «шор» — ба маънои «чашма, чашмасор; рӯди кӯҳӣ ё даргов» - ҳамакнун низ дар ҷойномҳои Муҷихарв дар Дарбанд, Сабзихарв, Ушхарв, Харвундо, Ҳидошор, Висхарв, Вишхарв, Пшихарв дар Дарвоз, Вишхарвак, Пошхарв, Рохарв, Техарв дар Ванҷ, Рошорву Ҳидошарв дар Рӯшон, Сохчарв, Миденшор, Пашор, Тишор, Дишор дар Шуғнон ва Абхарву Шитхарв дар Вахон зинда аст.

Рӯди Панҷро дар Дарвозу Ванҷ «Оби Панҷ» ва дар Рӯшону Шуғнон «Панҷдарё» меноманд.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Сафаров Ш. Совместная таджикско-афганская комиссия определила линию госграницы в районе Хамадони // AVESTA — Новости Таджикистана. 30.01.2008. 22 май 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 феврали 2009.
  2. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м. саҳ. 40