Ватания́ (ар. وطنیه‎) — дар адабиёт осори манзуму мансуре, ки дар васфи Ватан, ҳифзи диёр, дастовардҳои ватандорон, тарки зодгоҳу Ватан кардан ва ғайра эҷод мегарданд.

Навъҳои ватания

вироиш

Ватанияҳои манзумро шоирон дар навъҳои адабии ғазал, қасида, рубоӣ сурудаанд. Дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик афкори ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба Ватан, зодгоҳ дар қолаби дубайтиҳо, рубоиҳо, манзумаҳо бо номи «Ғарибнома» ифода ёфтаанд. Ватанияҳо бештар ҳангоми ба хатар афтодани Ватан эҷод мешаванд. Онҳо хусусияти дифоъ аз арзишҳои миллиро доранд. Ватанияҳоро онҳое муассир эҷод менамоянд, ки дар ғарибианд. Дар солҳои нооромӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон чанде аз сокинон ба кишварҳои дигар муҳоҷир шуда буданд. Дар Радиои Тоҷик барномае бо номи «Хоки Ватан» садо медод, ки дар он мардум дарди ҳиҷрони Ватанро дар номаҳо, дубайтию рубоиҳо, манзумаҳо иброз медоштанд. Сурудани ватания дар адабиёти форс-тоҷик аз замони қадим шурӯъ шудааст. Дар Авесто калимаи «меҳан» ба шакли «маетҳана» (maethana), маетҳанӣа (maethanya) ба маънои Ватан омадааст: «Меситоям туро монанди меҳан, эй Сипандормад. Туӣ, эй меҳромиҳанбон, туӣ нигаҳдори касе, ки дурӯғ нагӯяд».

Ватания дар адабиёти классикии форс-тоҷик

вироиш

Дар адабиёти классикии форс-тоҷик ба забони форсии дарӣ аввалин ватанияҳо ба қалами Рӯдакӣ тааллуқ доранд:

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Ин суруда достони фаро хондани Наср ибни Аҳмади Сомонӣ аз Ҳирот ба Бухоро мебошад. Дар садаи XI бисёре аз шоирон азм карданд, ки мардумро бо рӯҳи миллӣ ва асолати аҷдодиашон шинос кунанд. Минбаъд мавзӯи асосии осори адибон хотираи неки муҳофизони Ватан, эҳсосоти баланди ватанпарварӣ гардид. Онҳо дар осорашон саргузашти паҳлавонон, шарҳи лашкаркашиҳо, муборизаву мудофиа ва қаҳрамониҳои халқро баён намудаанд. Дар ашъори шоирони классики форс-тоҷик Фирдавсӣ («Шоҳнома»), Адиб Собири Тирмизӣ, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мушфиқӣ, Ҳилолӣ, Саййидо ва адибони муосир − Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Садриддин Айнӣ («Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик») ва дигарон ватания мавқеи асосӣ дорад. Дар ибтидои садаи XX ватанияҳо мазмун ва маънои иҷтимоӣ пайдо карданд ва онҳо на ба шахс ва зодгоҳу манзили ӯ, балки ба тамоми халқ нисбат дода мешуданд. Баъди Инқилоби Октябр (1917) ва тақсимоти ҳудудии кишварҳои Осиёи Миёна, сарнигун шудани сохти амирӣ дар Бухоро шоирон дар зери таъсири ин ҳодисот эҳсосоти худро баён кардаанд:

Зи қаъри фалак баски дар гиря ҳастам,
Зи ҳар дидаам гашта наҳрест ҷорӣ....
Ҷуз ин қазя дигар гуноҳе надорам,
Ки фикри халоси Ватан шуд шиорам.
Бухоро, Ватан, ай ба як қабза хокат
Фидо ҷони мискину ҷисми фигорам...
Шавам хок, лекин яқин дон, ки ҳаргиз
Ба ҷуз тухми меҳри ту дар дил накорам.
(Пайрав Сулаймонӣ)

Ватания дар даврони Шӯравӣ

вироиш

Дар замони шӯравӣ ватанияҳо арзишҳои ҳамаи ҷумҳуриҳо ва мардуми шӯравиро ифода мекарданд. Зери шиори «Оилаи ягонаи халқҳо» дар охири солҳои 30 садаи XX ашъори шоирони халқҳои гуногун ба майдон омаданд:

Дар оғӯши ту ҳазорон диёру шаҳр бувад,
Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд.
(Ҳабиб Юсуфӣ)

Маънои фарохи Ватан, ки тамоми қаламрави собиқ ИҶШС-ро дар назар дошт, солҳои 50 − 60 садаи XX мафҳумҳои «Ватани кӯчак» ва «Ватани бузург»-ро дар адабиёти замони шӯравӣ ба миён овард. Тасвири «Ватани кӯчак» дар шеър тадриҷан ривоҷ ёфт:

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи ширу поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар....

Солҳои 60−70 садаи XX шоирони тоҷик аз ватанияҳои адабиёти гузашта илҳом гирифта, ба мавзӯи ватанпарастӣ рӯй оварданд ва то имрӯз (даҳсолаи дуюми садаи XXI) яке аз мавзӯъҳои асосии адабиёти муосири тоҷик ватанпарастӣ, яъне, эҷоди ватания мебошад. Намунаи ватания аз эҷодиёти шоирони тоҷик:

Аз фарози қуллаи иқболи мо
Медамад хуршеди истиқлоли мо!
Ҳадяи Яздон, биҳишти мо-Ватан,
Шаҳкитоби сарнавишти мо-Ватан!
(Гулрухсор)
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
(Лоиқ)
Сарчашмаи боғи булбулонай ватанум,
Хушбоду ҳавову бӯстонай ватанум.
Як бор агар бод барад бар ватанум,
Дил пора кунум, ёди ғарибӣ накунум.
(аз эҷодиёти халқ)

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Акбаров Ю. Меҳри Ватан. Д., 1989;
  • Акбаров Ю. Шеъри тоҷикии нимаи дуюми садаи бист. Д., 2011;
  • Дарси хештаншиносӣ (маҷм. мақолаҳо иборат аз 2 ҷилд). Д., 1988;
  • Муҳаммадҷон Ш. Б. Хуросон аст ин ҷо. Д., 2005;
  • Муҳаммадҷон Ш. Б. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист. Д., 2006.

Сарчашма

вироиш