Чархбол

(Тағйири масир аз Вертолёт)

Чархбол — ҳавогарди вазнинтар аз ҳаво, ки амудӣ парвоз мекунад ва фурӯд меояд. Чархбол метавонад дар ҳаво дар ягон масофа аз руи Замин «муаллақ» истад, дар атрофи моҳвари амудӣ ба тарафи дилхоҳ гардиш кунад, ба самти дилхоҳ, яъне пешнокӣ, ё худ ақиб ё ба паҳлӯ парвоз намояд.

Чархбол 1922
Чархболи Ка-52 «Аллигатор»

Қувваи болобардори чархбол бо як ё якчанд (аксар бо ду) винти баранда, ки ба воситаи муҳаррики авиатсионӣ (вертолётӣ) уфуқӣ чарх занонда мешаванд, ба вуҷуд меояд. Ҳангоми тасодуфан аз кормондани муҳаррик чархбол бо истифодаи винти баранда нишаста метавонад.

Идоракунӣ

вироиш

Аз ҷиҳати тарзи ба мувозинат овардани моменти реактивии винтҳои баранда вертолётҳо яквинта (бо винти думӣ ё бо тарзи реактивӣ чарх занондани винти баранда), дувинтаи ҳаммеҳвар, дувинтаи барқад, дувинтаи кӯндаланг сохта мешаванд. Вертолёт аз фюзеляж, шассӣ, узвҳои идоракунӣ, винтҳои баранда, дастгоҳи қувва (муҳаррик ва трансмиссия), таҷҳизоти электрикию радио ва навигационӣ иборат мебошад. вертолёти яквинтаи дорои ҳаракатовари механикӣ, ғайр аз ин, винти думӣ ва системаи онро идоракунанда низ дорад. Парраҳои винти баранда дар шакли боли борики дароз ва буриши онҳо чун буриши кундаланги боли самолёт сохта мешавад. Дар вақти чарх задани вертолёт парраҳо қувваи болобардор ба вуҷуд меоранд ва бо таъсири ин қувва вертолёт ба ҳаво бардошта мешавад. Қувваи кашише, ки винти бараида инкишоф медиҳад, ба ҳамвории чархзании вай перпендикуляр мебошад (расми 1). Аз ин сабаб ҳангоми чархзании уфуқии винти баранда, қувваи кашиши он амуди ба боло таъсир мекунад. Дар ин ҳол, агар қувваи кашиши винт R аз вазни вертолёт G зиёд бошад, вертолёт амудона боло, кам бошад, амудона поён шуда ва агар баробар бошад «муаллақ» меистад. Агар фюзеляжи вертолёт ба пеш моил шуда, ҳамвории чархзании винти баранда низ ба тарафи пеш моил гардад, қувваи кашиши винт ҳам ба ҳамон ҳамворӣ перпендикуляр ва ба пеш моил мешавад. Дар ин ҳол қувваи кашиши винт R ба қувваҳои таркибдиҳандаи уфуқӣ Р ва амудӣ У ҷудо мешавад. ки аз онҳо қувваи болобардор У вазни вертолётро ба мувозинат меорад ва қувваи Р ба вертолёт ҳаракати пешравона медиҳад. Ҳамвории чархзании винт ба кадом тарафе, ки тамоюл дода шавад (ба воситаи механизми махсус, ки онро автомати моилкунанда мегӯянд), мувофиқан қувваи кашиши винти баранда низ ба ҳамои тараф майл мекунад. Дар натиҷа вертолёт метавонад ба самти дилхоҳ парвоз намояд. Суръати вертолёт то 350—370 км/с, борбардориаш то 40 т, дурпарвозиаш то 2000 км мерасад.

Истеҳсоли чархбол дар ИҶШС

вироиш

Дар СССР истеҳсоли сериягии вертолёт соли 1951 огоз ёфт. Тараққиёти вертолётсозӣ дар ИҶШС ба фаъолияти конструкторонн советӣ Н. И. Камов, М. Л. Миль, А. С. Яковлев ва дигарон алоқаманд аст.

Намудҳои чархболҳо

вироиш

Вертолёт дар нақлиёти ҳавоӣ (Ми-4, Ми-6, Ми-8, В-12, Ка-22), хоҷагии қишлоқ, ҷангал, моҳигирӣ (Ка-15, Ка-26, Ми-1. Ми-2), нигаҳдории тандурустӣ (Ка-18), ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ (Ка-26, Ка-18), сохтмони саноат, роҳи оҳан, пулҳо, корҳои монтажӣ (Ми-10) ва ғайра васеъ кор фармуда мешавад. Махсусан дар шароитҳои кӯҳии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурдани вертолёт қулай аст.

Дар соҳаи ҳарбӣ вертолёт барои кашондани десантҳои ҳавоӣ, қӯшун, техника ва таҷҳизоти гуногуни ҳарбӣ, беморону маҷруҳон, барои алоқа бо киштиҳои мухталиф, барои бо торпедаю мина ба заврақҳои зериобии душман зарба расондан, чун воситаи разведка ва ғайра истифода мешавад.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш