Ҳавонавардии ғайринизомӣ
Ҳавонавардии ғайринизомӣ, авиатсияи гражданӣ (русӣ: гражданская авиация) — яке аз намудҳои ҳавонавардӣ, ки барои қонеъ намудани талаботи шаҳрвандон ва иҷрои вазифаҳои махсуси хоҷагии халқ таъйин шудааст.
Барои ин мақсадҳо авиатсияи гражданӣ корҳои зеринро анҷом медиҳад: кашондани мусофирону бағоҷ, борҳо ва почта; иҷро намудани корҳои авиатсионӣ дар кишоварзӣ, сохтмон, соҳаи нефту газ, муҳофизати ҷангалзор, хидматрасонии экспедитсияҳо; расондани хидмати тиббӣ ба аҳолӣ ва гузарондани чорабиниҳои санитарӣ; гузарондани корҳои таҳқиқотии илмӣ ва таҷрибавӣ; гузарондани чорабиниҳои таълимӣ, маданӣ – маърифатӣ ва варзишӣ; гузарондани корҳои ҷустуҷӯӣ – наҷотдиҳӣ, садамавӣ – наҷотдиҳӣ ва расондани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода.
Навъҳои авиатсияи гражданӣ
вироишНавъҳои асосии авиатсияи гражданӣ:
- нақлиётӣ
- санитарӣ
- таълимию машқӣ
- варзишӣ
- махсус (кишоварзӣ, разведкаи геологӣ, аэрофотосуратгирӣ, тадқиқоти илмӣ ва ғайра).
Авиатсияи гражданӣ дар аэродромҳои гражданӣ ҷойгир шуда, дорои самолёту вертолёт, шабакаи роҳҳои ҳавоӣ, воситаҳои радиотехникӣ, метеорологӣ, техникаи рӯшноидиҳанда, аэропортҳо ғ. мебошад.
Таърих
вироишАвиатсияи гражданӣ асосан дар нимаи дуюми садаи XX инкишоф ёфт. Аз соли 1947 самолётҳои думуҳаррикаи сохти С. В. Илюшин – Ил-12 ва Ил-14 самолётҳои асосии Авиатсияи гражданӣ гардиданд. Дере нагузашта ба ҷойи онҳо самолётҳои реактивии калонсуръату бисёрҷоя истифода шуданд. Ту-104, ки ду муҳаррики турбореактивии пуриқтидор дорад, якумин дар ҷаҳон самолёти мусофиркаши реактивӣ гардид (1956), ки дар роҳҳои ҳавоии байналхалқӣ ба парвози мунтазам оғоз намуд. Солҳои 1957 – 59 самолётҳои мусофиркаши турбовинтии Ил-18, Ту-114, инчунин самолётҳои сохти О. К. Антонов – Ан-10, Ан-24 сохта шуданд. Дар намоишгоҳи ҷаҳонии Брюссель (1958) Ту-104, Ил-18, Ан-10 ба гирифтани медали тило, Ту-114 ба мукофоти олии «Гран-при» сазовор гаштанд. Самолётҳои мусофиркаши Ил-62, Ил-62 М, Ту-134, Ту-154, Як-40 самолётҳое мебошанд, ки муҳаррикҳои турбореактивии дуконтура доранд ва онҳо дар ақиби танаи самолёт ҷойгир шудаанд. Аз солҳои 50 садаи XX дар хоҷагии халқ вертолётҳои сохти М. Л. Мил ва Н. И. Камов (Ми-1, Ми-4, Ми-6, Ми-8, Ка-15, Ка-18, Ка-26 ва ғайра) васеъ истифода мешаванд. Аз самолётҳои таълимӣ ва машқию варзишӣ самолётҳои винту мотории Як-18 ва реактивии Як-30, Як-32 (сохти А. С. Яковлев) ҷолиби диққатанд. Соли 1965 калонтарин дар дунё самолёти нақлиётии Ан-22 «Антей» (сохти О. К. Антонов) сохта шуд, ки иқтидори 4 муҳаррики турбовинтии он тақр. 4416•103 Вт (60000 қ. а.) мебошад. Вай 80 т бори муфид ё 720 мусофирро бо суръати 740 км/соат ба масофаи 5000 км бенишаст бурда метавонад. Дар солҳои баъдӣ ба ҷойи онҳо самолётҳои нави мусофиркаши Ил-86 (аэробус), Як-42, самолётҳои боркаши Ил-76 омаданд. Самолёти Ил-76 метавонад 40 т борро дар баландии 13000 м бо суръати 850 км/соат ба масофаи 5000 км расонад.
Авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон
вироишАввалин хати парвози авиатсияи граждании тоҷик Бухоро – Душанбе буда, парвози нахустин ба Душанбе 3 сентябри соли 1924 дар самолёти Ю-13 таҳти идораи Р. Ахриев ва П. Комаров амалӣ шуд. Ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин маротиба 21 октябри соли 1924 самолёти Ю-13 дар ҳайати Н. Баранов ва А. Велмер аз рӯи хатсайри Душанбе – Ғарм – Хоруғ парвоз кард, лекин парвозҳои мунтазам танҳо дар соли 1932 оғоз шуданд. Охири соли 1924 роҳи ҳавоии Душанбе – Тошкент ба кор сар кард. Аэропорти шаҳри Душанбе феврали соли 1930 сохта шуд. Пас аз як сол дар Кӯлоб, Ғарм, Панҷ ва Данғара низ аэропортҳо сохта шуда, аз пойтахт парвозҳои мунтазам иҷро мешуданд. Пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ пойтахти Тоҷикистон бо 25 ноҳияи ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои Тошканду Самарқанд бо роҳи ҳавоӣ пайваст буд. Солҳои ҶБВ авиаторҳои тоҷик зиёда аз 6000 т борҳои ҷангӣ ва хоҷагии халқ, 1000 т почта ва 50 ҳаз. мусофиронро кашонда, зиёда аз 1500 парвозҳои санитарӣ ва корҳои зиёди кишоварзиро ба анҷом расондаанд. Дар ин солҳои пурошӯб ба ҳафт дастпарвари Раёсати тоҷикистонии Авиатсияи гражданӣ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст: Г. А. Таран, И. Е. Душкин (пас аз марг), Т. К. Гаврилов, И. С. Валухов, В. М. Обухов, М. В. Родних ва П. И. Тихонов. Пас аз ҶБВ авиаторҳои тоҷик ба хатҳои парвози умумииттифоқӣ баромаданд. Тобистони соли 1945 экипажи самолёти Ли - 2 дар ҳайати С. Шувалов, А. Марушкин ва В. Родченко роҳи ҳавоии Душанбе – Москва ва шаҳрҳои Боку, Минералние Води, Адлерро кушоданд. 28 феврали соли 1960 аввалини самолёти турбовинтии Ил-18 дар аэропорти Душанбе нишаст ва 2 март аз Душанбе ба Москва парвоз намуд. Солҳои баъдӣ самолётҳои турбовинтии Ли-24 (1968) ва турбореактивии Як-40 (1969) ба истифода қабул шуданд. Дар шароити кӯҳистон истифодаи вертолётҳо афзалиятҳои зиёд дошт ва аввалин вертолётҳои Авиатсияи граждании тоҷик Ми-4 (1964) ва Ми-8 (1970) буданд. Соли 1970 вертолётчиёни тоҷик ба пиряхи Федченко (дар баландии 4200 м) ва соли 1977 ба пуштакӯҳи қуллаи «Коммунизм» ҳоло Исмоили Сомонӣ; (6100 м) фуруд омаданд. Соли 1974 нахустин самолёти Ту-134 дар аэропорти Хуҷанд ба кор сар кард. Соли 1978 нахустин самолёти Ту-154 дар аэропорти Душанбе фуруд омад. Охири солҳои 60 садаи XX мамлакатҳои гуногун ба сохтани самолётҳои мусофиркаши дорои суръати фавқуссадо (2500 – 3000 км/соат) ва дурпарвоз (6000 – 8000 км) шурӯъ карданд. Соли 1968 нахустин дар ҷаҳон самолёти мусофиркаши фавқуссадои Ту-144 парвоз кард. Суръати парвози Ту-144 2300 км/соат, дурпарвозиаш бо 120 мусофир 6500 км мебошад.
Авиатсияи гражданӣ дар замони истиқлол
вироишДар давраи иститиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ширкати ҳавоии авиатсияи гражданӣ амал мекунанд: «ТоҷикЭйр» ва «СомонЭйр». Аз соли 2007 самолётҳои хориҷии навъи «Боинг 737-200» ва «Боинг 757-200» истифода мешаванд, ки дар натиҷа шумораи мусофиркашонӣ афзуд. Ҳоло аз Душанбе самолётҳо ба Россия, Эрон, Хитой, Ҳиндустон, Туркия, Германия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо парвоз мекунанд. Дар хатҳои парвози маҳаллӣ самолётҳои Ту-154, Ту-134, Як-40, Ан-24, Ан-26, Ан-28 ва вертолёти Ми-8 ба мизоҷон хидмат мерасонанд (М. Холов).
Ҳамчунин нигаред
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.