Довуд ибни Муҳаббар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Довуд Ибни Муҳаббар''' (Муҳаббир Ибни Қаҳзам Ибни Сулаймони Тоӣ) (фавт 821 – Бағдод) — муҳаддис...
(бе тафовут)

Нусха 10:05, 30 Январ 2018

Довуд Ибни Муҳаббар (Муҳаббир Ибни Қаҳзам Ибни Сулаймони Тоӣ) (фавт 821 – Бағдод) — муҳаддис ва фақеҳи ҳанафии аҳли Басра.

Зиндагинома

Довуд пас аз таҳсили ҳадис ба шаҳри Аббодон рафт ва муддате бо суфиён нишаст. Вай дар ин муддат иштиғол бо ҳадисро канор гузошт ва пас аз бозгашт ба Бағдод боз ба ривояти ҳадис пардохт. Асҳоби ҷарҳу таъдил дар бораи вай ихтилофи назар доранд ва аксари онҳо, бамонанди Аҳмад ибни Ҳанбал, Ибни Ҳиббон ва дигарон вайро дар ривояти ҳадис заъиф гуфтаанд, вале Яҳё ибни Маъин зимни пазириши иштибоҳоти вай дар ривояти ҳадис ӯро ровии муътамаде донистааст, ки дар нақли ривоятҳои заъиф тааммуд (қасди амдӣ)-е надошта ва ба сабаби дур мондан аз амри ҳадис бо ҳамнишинӣ ба суфиён ва бар асари таъсири мусоҳабат бо муътазилиён дучори хатоҳои зиёде дар ривояти ҳадис шудааст.

Осор

Аз Довуд танҳо китобе бо номи «ал-Ақл», ки маҷмӯае аз аҳодисро дар бораи фазилати ақл дар бармегирад, бар ҷой мондааст.

Адабиёт

  • سید غلامرضا تهامی، فرهنگ اعلام تاریخ اسلام. – تهران، 1387 ش
  • دانشنامه جهان اسلام (17) - تهران، 2012
  • محمد علی مدرس تبریزی، ریحانةالادب فی تراجم المعروفین بالکنیة واللقب، جلد اول. – تهران، 1374 ش
  • دائرة المعارف فارسی. – تهران، 1387 ش
  • عمر رضا کحالة، معجم المؤلفین. - بیروت، 1993