Ибни Ҳиббон

муҳаддис

Абуҳотим Муҳаммад Ибни Ҳиббон Тамимии Бустӣ (ар. ابن حبان‎; 883[2], Лашкаргоҳ19 октябр 965 ё 965[1], Лашкаргоҳ) — муҳаддис, фақеҳи шофеӣ, муаррих, луғавӣ.

Ибни Ҳиббон
араб. ар. محمد بن حبان بن أحمد بن حبان بن معاذ بن معبد التميمي[1]
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис, қозӣ, пизишк, муаррих, фақеҳ, ҷуғрофиёдон
Таърихи таваллуд: 883[2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 октябр 965 ё 965[1]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: таърих ва илми ҳадис
Устодон: Абӯяълои Мавсилӣ[d], Аҳмад ибни Шуъайби Насоӣ ва Ибни Хузайма
Шогирдон: Ибни Манда ва Ҳокими Нишобурӣ
Осор:
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Улуми муқаддамотиро дар Буст фаро гирифт, сипас соли 913 барои такмили дониш ба Нишопур рафт. Барои ҷустуҷӯи ҳадис ба бисёр шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон, Ироқ, Ҳиҷоз, Шом ва Миср сафар кард. Дар Ҳирот аз Абубакр Муҳаммад ибни Усмони Доримӣ, дар Рай аз Абулқосим Аббос ибни Фазли Муқрӣ, дар Басра аз Абухалифа Фазлуллоҳи Ҷумаҳӣ, дар Бағдод аз Абулаббос Ҳомид ибни Муҳаммад ибни Шуайби Балхӣ, дар Макка аз Ибни Мунзир, дар Димишқ аз Абулҳасан Аҳмад ибни Умайр ибни Ҷавсо, дар Бейрут аз Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдуссаломи Бейрутӣ, дар Байтулмуқаддас аз Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Муслими Мақдисӣ, дар Миср аз Абуабдурраҳмон Аҳмад ибни Шуайби Нисоӣ ва аз дигар фақеҳону муҳаддисон дар шаҳрҳои мухталиф ҳадис шунид ва дониш омӯхт. Ибни Ҳиббон соли 946 ба Нишопур рафт ва афроди бисёре аз ӯ ҳадис нақл кардаанд. Соли 949 бори дуввум ба Нишопур рафта, дар он ҷо ба тадриси китобҳои худ машғул шуд. Муддате дар Самарқанд низ ба тадриси фиқҳ пардохтааст. Ибни Ҳиббон шогирдони бисёреро таълим додааст, ки Абуабдуллоҳ ибни Байъи Ҳокими Нишопурӣ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ғанҷор, Абуалӣ Мансур ибни Абдуллоҳ ибни Холиди Зуҳлии Ҳиравӣ аз ҷумлаи маъруфтарини онҳоянд. Ибни Ҳиббон мавриди таваҷҷуҳи амирону ҳокимони Хуросон қарор дошт ва борҳо ба мансаби қазо интихоб шуда, дар Самарқанд ва баъзе аз шаҳрҳои Хуросон ба ин кор машғул буд.

Ибни Ҳиббон дар илмҳои риҷолу ҳадис назарияҳои хосси худро дошт, дар ҷарҳ ва таъдил дорои маслаки махсус буд. Тибқи ақидаи ӯ, ровии адл касест, ки ҷарҳе бар ӯ ворид нашуда бошад, зеро ҷарҳ зидди адл аст ва агар касеро ҷарҳ накарда бошанд, ломаҳола одил дониста мешавад. Ровии маҷҳул ҳангоме ки аз назари айн ва шахс муайян шуд, адл ба шумор меравад, магар ин ки дар мавриди ӯ ҷарҳ ва қадҳе ошкор шавад.

Ибни Ҳиббон дар заминаи риҷол, ҳадис, фиқҳ ва дигар улуми исломӣ осори бисёре нигоштааст. Муҳимтарин таълифоти Ибни Ҳиббон: «Саҳеҳу Ибни Ҳиббон» «ас-Сиқот» (дар ин китоб бисёр афродеро ном бурда ва аз онҳо ривоят нақл кардааст, ки аз назари дигарон маҷҳул буданд), «Равзату-л-уламо ва нузҳату-л-фузало» (дар ахлоқ), «ал-Маҷруҳин мина-л-муҳаддисин ва-з-зуафо ва-л-матрукин» (дар ҷарҳ ва таъдил) ва «Машоҳиру уламои-л-амсор» (дар ҷарҳ ва таъдил).

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 6. — С. 78.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт

вироиш
  • روضة العلماء و نزهة الفضلاء. بیروت، ١٣٩٧ ق
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد ٣. تهران، ١٣٧۴ ش

Пайвандҳо

вироиш