Баробарӣ дар ҷамъият — баробарии ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандӣ дар ҷомеа.

Либерализм
Идеяҳо
Озодӣ
Капитализм · Бозор
Ҳуқуқи инсон
Давлати қонунӣ
Қарордоди иҷтимоӣ
Баробарӣ · Миллат
Плюрализм · Демократия
Ҷараёнҳои дохилӣ
Классикӣ
Либертарианизм
Неолиберализм
Иҷтимоӣ
Миллӣ
Консервативӣ
Иқтисодӣ
Сабз
Масеҳӣ
Исломӣ

[шаблон]

Таърих вироиш

Дар таърихи халқи тоҷик ва диг. халқҳои Шарқи Наздику Миёна мубориза барои баробарии иҷтимоӣ аз аҳди қадим шурӯъ шудааст. Яке аз ҳаракатҳои мардумӣ дар аҳди қадим барои бартараф намудани нобаробарии иҷтимоӣ шӯриши Маздак дар давраи Сосониён буд. Мувофиқи таълимоти иҷтимоии маздакия замин, об, чарогоҳҳо ва диг. сарватҳои табиӣ ба афроди ҷомеа баробар мансубанд. Аз ин рӯ, яке ҳақ надорад, ки нисбати дигаре қисми бештареро ғасб намояд. Пайравони маздакия таъкид мекарданд, ки ҷоиз набошад то яке чандин зан ва сарвати зиёд дошта, дигаре аз онҳо маҳрум бошад. Дар асрҳои миёна дини ислом дар Қуръон баробарии ҳамаи мусулмононро эълон кард, вале пас аз ваф. Муҳаммад (с) дар хилофат ин усул риоят нагардид ва бар ҳамин мабно наҳзатҳои гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ аз қабили шуубияву тасаввуф пайдо шуданд. Онҳо баробарии аҳли ҷомеаро тарғиб менамуданд. Аксари намояндагони тасаввуф, аз ҷумла Аттору Ҷалолуддини Румӣ таъкид мекарданд, ки ҳамаи одамон, аз дарвеш то султон, дар назди офаридгор баробаранд ва аз як гил сиришта шудаанд, аз ин рӯ бояд яке ба дигаре мутеъ набошанд. Роҷеъ ба масъалаи баробарӣ Форобӣ дар «Ороу аҳл-ил-мадинат-ил-фозила», Насируддини Тусӣ дар «Ахлоқи Носирӣ», Даввонӣ дар «Ахлоқи Ҷалолӣ» аҳли ҷомеаро баробару озод эълон намуда, вазифаи муқаддаси ҳокимонро дар хидмати халқ медиданд. Ғояи баробари и иҷтимоӣ дар осори дигар мутафаккирони асрҳои миёна низ дида мешавад. Мутафаккирону файласуфони Ғарб низ нисбат ба ҷорӣ шудани нобаробарии иҷтимоӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ сабабҳои чунин нобаробариро таҳқиқ ва роҳҳои бартараф намудани онро ҷустуҷӯ намудаанд. Т. Мор ва Т. Кампанелла моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолотро сабаби асосии нобаробарии иҷтимоӣ ба қалам додаанд. Ин алоқамандиро Ж. Ж. Руссо дар асараш «Дар бораи шартномаи ҷамъиятӣ» равшан нишон дод. Ин мутафаккирон баробариро ба инсофу адолату некӣ вобаста мекарданд, ки он ба назарияи дигар намояндагони сотсиализми хаёлӣ (Ж. С. Моле, Г. Мабли ва Морелли) обу ранги дигар медод. Ғояи баробарӣ дар таълимоти Сен-Симон, Ш. Фурйе ва Р. Оуэн боз ҳам инкишоф ёфт, вале онҳо низ камбудиҳои ақидаҳои салафони ғоявии худро бартараф карда натавонистанд. Бо вуҷуди ин ақидаҳои сотсиалистони хаёлӣ ва маорифпарварон барои тарғиби баробарӣ дар амалияи ҷамъиятӣ таъсири калон расонданд. Дар инқилоби буржуазии Англия (а. 17) ва Инқилоби кабири Фаронса ҷараёнҳои Левеллер (баробарихоҳон дар Англия) ва бабувиҳо (пайравони Бабёф дар Фаронса) мақсади ҷорӣ намудани баробарии иҷтимоии умумиҷамъиятиро доштанд. Инқилоби буржуазӣ дар Аврупо ба як силсила тағйирот дар муносибатҳои ҷамъиятӣ оварда расонд. Бори аввал ба имтиёзҳои тоифавию табақавӣ хотима дода шуд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Курилов А. К., Ильяшенко Ф. И. К полному сотсиальному равенству. М., 1965;
  • Шарипов А. Маздакия, Таърихи фалсафаи тоҷик. Ҷ. 1. Фалсафаи аҳди бостон. Д., 2011.

Сарчашма вироиш