Конибодом - шаҳр дар ҳайати вилояти Суғд. Номгузории шаҳр аз бодом - форсӣ: بادام‎ яъне кони бодом ба вуҷуд омадааст (дар гузашта "Канди бодом" низ мегуфтаанд). Аз самти Шимоли Конибодом обанбори Қайроққум ҷойгир аст, аз самти Ҷануб шаҳри Исфара, аз Шарқ Ҷумҳурии Ӯзбекистон вилояти Фарғона ва аз Ғарб дар мобайн шаҳри Ғафуров ҷойгир аст.

Конибодом аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ баъд аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан дар вилояти Суғд дар ҷойи сеюм меистад. Аҳолии Конибодом 49 700 нафар (соли 2015) мебошад. Дар Конибодом 54 мактаби миёна, литсейу гимназия, мактабҳои хусусӣ, Омўзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Конибодом, литсеи аграрӣ ва чанде дигар омӯзишгоҳҳо вуҷуд доранд. Аз маркази ноҳия Канали калони Фарғона гузаштааст, ки аҳолии ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонии онро бо об таъмин мекунад. Асоси қувваи кории аҳолиро зиёиён ва деҳқонҳо ташкил медиҳанд. Дар ноҳия якчанд хоҷагиҳои калон ба монанди Энаҷон Бойматова, "ҶС Ирам", "ҶС Асор", ва ғайра фаъолият мекунанд.

Таърих

вироиш

Конибодом дар гузашта яке аз шаҳрҳои маъмуру ободи Осиёи Миёна буд ва бо номи «Канд» шухрат дошт. Нахустин ҳуҷҷате, ки дар номи «Канд» сабт шудааст, мактуби ба ҳокими Суғд Диваштак навиштаи сафири у Фатуфарн аст, ки он тахминан солҳои 712 – 713 ҳангоми ба Мовароуннаҳр лашкар кашидани Қутайба ибни Муслим сарлашкари араб навишта шудааст. Аз ин ҳуҷҷат метавон ба хулоса омад, ки Конибодом ҳануз пеш аз истилои араб вуҷуд дошт.бештар...