Виндҳук (африкаанс Windhoek) — шаҳр, пойтахти Намибия, маркази маъмурӣ ва фарҳангиву иқтисодии вилояти Кхомас.

Маҳалли аҳолинишин
Виндҳук
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-hz" does not exist.
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Sade Gawanas[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1840
Масоҳат
  • 5 133 000 000 м²
Баландии марказ 1 650 м
Минтақаи замонӣ UTC+02:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 431 000 тан (2020)
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 61
windhoekcc.org.na
 Парвандаҳо дар Викианбор

Виндҳук дар баландии 1650 м аз с. б., дар маркази Намибия ҷойгир аст. Масоҳаташ 645 км2. Аҳолиаш 334,6 ҳазор нафар (2012). Роҳоҳан, роҳҳои мошингард ва фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Таърих

вироиш

Виндҳукро соли 1840 доҳӣ (сарвар)-и яке аз қабилаҳо Й. Африкаанер бунёдгузорӣ кардааст. Баъди соли 1861 дар натиҷаи даргириҳои қавмии қабилаҳои нама ва гереро шаҳр комилан хароб гардид. Аз 1884 тобеъи ҳукумати Олмон, аз 1890 маркази маъмурии мустамликаи Олмон дар Африқои Ҷанубу Ғарбӣ буд. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—1918) аз тарафи лашкариёни Иттиҳоди Африқои Ҷанубӣ истило гардид.

Иқтисод

вироиш

Дар Виндҳук саноати хӯрокворӣ (шаробпазӣ, маҳсулоти гӯштӣ), васлкунии автомобил, собунпазӣ, дӯзандагӣ, мебелсозӣ тараққӣ кардааст. Маркази савдои чарм (пӯст)-и гӯсфанд аст. Виндҳук калисои ҷомеъ (1910), бинои Парламент (қасри Тинтенпаласт, 1914), Китобхонаи миллӣ (аввали асри 20), Донишкадаи меъморӣ (1952), Донишгоҳи миллии Намибия, Осорхонаи давлатии Намибия, театри миллӣ, боғи ҳайвонот, варзишгоҳи футбол, мамнуъгоҳи Даан-Вилюн, осоишгоҳи Вон-Бач, муолиҷагоҳи дорои обҳои маъдании Гросс-Бармен ва боғи ботаникӣ дорад. Дар канори шаҳр қалъаи бо услуби меъмории готикаи нави олмонии охири асри 19 ва аввали асри 20 бунёдшуда боқӣ мондааст.

Адабиёт

вироиш


Пойтахтҳои Африқо
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Таробулус-ал-Ғарб | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде