Воҳид Абдуллоев
Воҳид Абдуллоев (Абдуллоев Воҳид Абдуллоевич; 15 майи 1912, Самарқанд – 30 июли 1985) — адабиётшинос, академики АИ Ӯзбекистон (1966).
Таърихи таваллуд | 15 май 1912 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1985 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | адабиёт |
Ҷойҳои кор | |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишИнститути педагогии Фарғонаро хатм кардааст (1932). Солҳои 1935 – 43 дар институтҳои педагогии Бухоро ва Самарқанд, солҳои 1944 – 69 дар Университети давлатии ба номи Навоии шаҳри Самарқанд мудири кафедраи адабиёти ӯзбек буд. Аз соли 1963 ректори ҳамин донишгоҳ. Абдуллоев доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Алишери Навоӣ, адабиёти ӯзбек ва густариши он дар Хоразм, таърихи адабиёти асрҳои 17 – 18 ӯзбек ва ғайра машғул шудааст. Дар баробари тадқиқи адабиёти ӯзбек Абдуллоев оид ба масъалаҳои равобити адабии тоҷику ӯзбек, баъзе намояндагони адабиёти халқҳои Осиёи Миёна мақолаҳову рисолаҳо таълиф намудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |