Газ (лот. Támarix), газм ҷинси рустанӣ мансуби оилаи газиҳо (Tamaricaceae), дарахт ва буттаи начандон калон.

Газ (дарахт)
Tamarix gallica
Tamarix gallica
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Tamarix L., 1753
Мутародифот
Номенклатурный тип

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ вироиш

Баландиаш 4—8 м. Навдаи дарози борик, барги сабз ё хокистарранг, гули дуҷинсаи сафед, гулобӣ, бунафш ва ғӯзамеваи сертухм дорад. Дар ҷангалҳои соҳили дарё, заминҳои шӯрхоку санглох, регзор ва боғҳо мерӯяд.

Навъҳо вироиш

Дар Авпрупо, Осиё ва Африқо 90 намудаш паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон 9 намуди Газ. (Tamarix arcenthoides, Tamarix elongata, Tamarix florida, Tamarix hispida, Tamarix hohenackeri, Tamarix kotschy, Tamarix meyeri, Tamarix ramosissima) вомехӯрад. Газ аз тухм, бехҷаст ва қаламча нумӯ мекунад.

Корбурдҳо вироиш

Газро дар сабзкорӣ, регбандӣ, пешгирии обшӯйи хок ва ғайра истифода мебаранд. Аз шохчаву навдаҳояш чиғ, сабаду бозичаҳо мебофанд. Баргу пӯстлохаш барои даббоғии пӯст истифода мешавад (дар таркиби пӯстлохи он 0,6–10,8% таннид мавҷуд аст). Шоху навдаи тару тозаашро чорво мехӯрад. Газ рустании рангдеҳ ва асаловар аст.

Корбурди пизишкӣ вироиш

Табибони тибатӣ аз навдаҳои газ чой дам карда, онро барои муолиҷаи тарбод истифода мебаранд.

Эзоҳ вироиш

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. Маълумот дар бораи ҷинси Tamarix дар пойгоҳи маълумотҳои Index Nominum Genericorum Ассотсиатсияи байналмилалии табақабандии растаниҳо (IAPT).(англ.)

Адабиёт вироиш

  • Качалов А. А. Деревья и кустарники. М., 1970;
  • Попова Т. Н. Жизнь растений. Т. 5. М., 1981;
  • Флора Таджикской ССР. Т. 6. Л., 1981;
  • Грин Н., Стаут У., Тейлор Д. Биология. Т. 2. М., 2009.
  • Комаров Б. М.. Определитель растений Северного Таджикистана, Душанбе., 1967;