Офаринишшиносӣ
Офаринишшиносӣ (форсӣ: آفرینششناسی), женетик (аз юн. γενητως — зодан, офаридан, пайдоиш), гене́тика — бахше аз дониши зистшиносӣ аст, ки ба варосат ва тафовутҳои ҷондорон мепардозад.
Мақсади асосии офаринишшиносӣ дарёфти усулу васоити идора кардани равандҳои марбут ба ирсият ва тағйирпазирӣ аст.
Таърих
вироишИстилоҳи офаринишшиносиро соли 1907 олими англис У. Бэтсон пешниҳод карда бошад ҳам, таҳқиқи ирсият ва тағйирпазирии рустанию ҳайвонот хеле пештар оғоз ёфта буд. Боғдорию чорводорӣ шуғли қадимии тоҷикон аст. Ба боғдорӣ аҷдоди тоҷикон – суғдиён, бохтариҳо, сакоиҳо, хоразмиҳо, фарғонагиҳо ва ғ. машғул буданд. Мувофиқи маълумоти М. Г. Попов, дар ҳудуди «тоҷикия» (маҳалҳои тоҷикнишини Осиё) 2000 сол қабл анвои гуногуни дарахтони мева парвариш карда мешуданд. Боғдорон нозукиҳои касби худро хуб медонистанд. Бинобар ин, онҳо баъзе хосиятҳои дарахтони меваро тағйир дода, аз ниҳолҳои самарашон пастсифат навъҳои мевае ба даст оварданд, ки таъми гуворо ва сифати аъло доранд. Бо ҳамин восита анвои серҳосили себу нок, анҷиру олу, анору биҳӣ, зардолуву бодом, чормағзу тут, харбузаву тарбуз рӯёнда шуданд. Имрӯз навъҳои себи Толибӣ, Маликӣ, Хубонӣ, Махмурӣ, Понғозӣ, Пахтасеб, Рахшсеб, Кадусеб, Сангсеб, Гармак, Муллораҷабӣ, Ҳусниюсуф, Аштархонӣ, Шоҳҳусайнӣ, Амирӣ, Мирсангинӣ ва ғ., зардолуҳои Арзамӣ, Аштак, Аҳрорӣ, Бибинигорӣ, Бобоӣ, Ворухӣ, Исфарак, Кафак, Мирсанҷарӣ, Моҳтобӣ, Ниёзӣ, Олимӣ, Паррак, Субҳонӣ, Қандак, Хурмоӣ ва ғ., Сурханору Шоҳанор, харбузаҳои Гургак, Давлатбойӣ, Даҳбедӣ, Зарметанӣ, Обинабот, Алопӯчоқ, Авазҷонӣ, Амирӣ, Аробакаш, Баргинозӣ, Бедонатӯр, Беҳзодӣ, Бӯишоҳӣ, Шакарпора, Сиёҳпӯчоқ ва ғ. шуҳрати хосса пайдо кардаанд. Калонтарин гӯсфанди ҷаҳон – гӯсфанди ҳисорӣ низ офаридаи ниёгони халқи тоҷик мебошад. Гузаштагони мо дар бобати ба вуҷуд овардани дигар зотҳои сермаҳсули чорво низ муваффақ гаштаанд.
Давраҳои
вироишПешрафти офаринишшиносиро ба чанд давра тақсим мекунанд:
- таҳқиқ ва фарзияҳо роҷеъ ба ирсият то охири садаи XIX;
- инкишофи менделгароӣ ва ташаккули офаринишшиносии илмӣ;
- таҳаввули назарияи хромосомии ирсият;
- рушди офаринишшиносӣ аз нигоҳи молекулавӣ.
Ҳар яке аз ин давраҳо усулҳои хосси таҳқиқ дорад. Дар давраи якум таҷрибаҳои селексионерон дар соҳаи чорводорӣ ва рустанипарварӣ ҷамъбаст ва баъзе маълумоти абстрактии ирсият ба даст оварда шуданд. Дар давраи дуввум таҳқиқи ирсият бо роҳи дурагакунонии рустаниҳои дараҷаи олӣ ва ҷуфтикунонии ҳайвонот ривоҷ ёфт. Дар давраи севвум ситология рӯ ба пешравӣ ниҳода, истифодаи усулҳои ситологии таҳқиқот боиси пайдоиши назарияи хромосомӣ гашт. Такмили техникаи микроскопӣ ва равнақи офаринишшиносии вирусу бактерияҳо ба давраи кунунии офаринишшиносӣ – ба омӯзиши ирсият аз нигоҳи молекулавӣ ва ташаккули офаринишшиносии молекулавӣ ибтидо гузоштанд.
Усули асосии таҳқиқи ирсият ва тағйирпазирӣ таҳлили генетикӣ мебошад. Тарзҳои ҷуфтиро дар силсилаи наслҳо таҳлили дурагакунонӣ меноманд (аз унсурҳои омори риёзӣ иборат аст). Дар назарияи таҳаввулот (эволютсия) қонунҳое, ки соли 1865 олими чех Г. Мендел муқаррар кард (нигар Қонунҳои Мендел), аҳаммияти калон доштанд. Онҳо яке аз мабдаъҳои асосии тағйирпазирӣ – тарзи нигоҳдошти аломоти мувофиқати намуд дар силсилаи наслро ошкор намуданд. Ақидаҳои Г. Мендел чандин хулосаи мантиқӣ ба вуҷуд оварданд, ки онҳо аз ҷумлаи масоили муҳимми офаринишшиносии ҷузъӣ мебошанд. офаринишшиносии ҷузъӣ вобаста ба соҳаи таҳқиқ ба офаринишшиносии одам, офаринишшиносии ҳайвонот, офаринишшиносии рустанӣ, офаринишшиносии микроорганизмҳо ва ғ. тақсим мешавад. офаринишшиносии молекулавӣ, офаринишшиносии биокимиёӣ, офаринишшиносии популятсионӣ, офаринишшиносии экологӣ, офаринишшиносии физиологӣ, офаринишшиносии иммунологӣ, офаринишшиносии тиббӣ, офаринишшиносии байторӣ, офаринишшиносии радиатсионӣ ва ғ. қисмҳои мустақили офаринишшиносии умумӣ ба шумор мераванд. офаринишшиносии биокимиёӣ синтези махсуси биокимиёии аз ҷиҳати генетикӣ қобили назоратро меомӯзад. офаринишшиносии физиологӣ имкон медиҳад, ки табиати биокимиёии маводди генетикӣ ошкор ва таъсиру ҷойгоҳи он дар хромосома омӯхта шавад, асари маводди мазкур дар дохили ҳаста ва ситоплазмаи ҳуҷайратухм, инчунин таъсири он ба ҳуҷайра дар давраи нашв, рушд ва таснифоти биокимиёии организм муқаррар гардад. Генетикаи радиатсионӣ тарзу қонунмандиҳои таъсири анвои гуногуни афканишотро ба маводди генетикии қаламча, тухмӣ ва ғаметаҳои мева меомӯзад. офаринишшиносии иммуннологӣ масъалаи генетикӣ ва тарзи меросгирии устувориро нисбат ба зараррасону касалиҳо, инчунин муносибати мутақобилаи паразиту ҳомилро таҳқиқ мекунад.
Офаринишшиносии одам
вироишОфаринишшиносии одам ба антропология ва пизишкӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, онро шартан ба антропогенетика (ирсият ва тағйирпазирии аломатҳои солими одамро меомӯзад) ва офаринишшиносии тиббӣ тақсим мекунанд. Таҳкурсии офаринишшиносии имрӯзаи одам, ки бо омӯзиши организми инсон алоқаманд аст, охири садаи XIX гузошта шуда буд. Соли 1875 олими англис Ф. Галтон барои муайян кардани мавқеи ирсият ва муҳит дар рушди аломатҳои одам, усули омӯзиши ташаккули онҳоро дар ҳамзодон (дугоникҳо) пешниҳод намуд. Ин тарзи таҳқиқи қонунмандиҳои генетикӣ минбаъд «усули ҳамзодон» ном гирифт. Соли 1908 бори нахуст бемориҳои ирсии мубодилаи моддаҳо тавсиф гардиданд; офаринишшиносии популятсионии одам, ки сохтору таркиби генҳоро дар гурӯҳи маҳдуди одамон (популятсияҳо) меомӯзад, ифодаи мушаххаси худро ёфт. Яке аз вазифаҳои асосии офаринишшиносии популятсионии одам «рӯйхат»-и фонди генҳои башарият аст. Ин соҳаи офаринишшиносиро геногеография меноманд. Рушди соҳаи офаринишшиносии популятсионӣ баҳри гузариш ба таҳлили таҳаввулоти силсилаи томи генҳо имкон фароҳам овард. Он тағйиротро дар табиати инсон пешгӯӣ мекунад. Солҳои 20 садаи XX евгеника – таълимот дар бораи пешгирии ихтилоли имконпазири сифатҳои ирсии одам арзи ҳастӣ намуд. Таҳқиқи офаринишшиносии одам нишон дод, ки ирсият ва тағйирпазирии организм, ҳамчунин гуногунии онҳо ба нишонаҳои истеъдоди ирсӣ ва шароити зиндагӣ (иҷтимоию иқтисодӣ, табиию иқлимӣ, фарҳангӣ ва ғайра) алоқаманд аст. Барои муҳофизати ирсияти одам, ҳифзи он аз таъсироте, ки боиси мутатсияи зарарнок ва марговар мегардад, муҳим аст. Шумораи чунин омилҳои мутагенӣ баробари пешрафти техника дар ҳаёти одамон меафзояд. Солҳои 50 садаи XX бинобар тараққии офаринишшиносии умумӣ ва радиатсионӣ мавҷи нави таҳқиқот оид ба офаринишшиносии одам мушоҳида шуд: соли 1956 шумораи дақиқи хромосомаҳо (46) муқаррар гашт; соли 1959 бемориҳои хромосомии одам (синдроми Даун)-ро кашф намуданд.
Офаринишшиносии одам генҳои ҳар як хромосома ва аломатҳоеро, ки онҳо назорат мекунанд, ҳамчунин саҳми ирсият ва муҳитро дар рушди аломатҳои муқаррарӣ ва пайдоиши мутатсия меомӯзад. Дар ин ҷода комёбиҳои назаррас ба даст омадаанд, ки гуногуншаклии ирсӣ ё полиморфизм аз ҷумлаи онҳост. Мас., имрӯз тақр. 200 варианти гемоглобин ва шаклҳои зиёди ферментҳо кашф карда шудаанд. Бо ёрии офаринишшиносии биокимиёӣ усулҳои ташхиси бемориҳои ирсиро дарёфт мекунанд. Мавҷудияти шумораи зиёди аломатҳои иммунологие, ки онҳоро аз ҷиҳати генетикӣ муайян кардан мумкин аст, собит гашт, аз ҷумла: сафедаҳои махсус ва карбогидратҳои сатҳи эритроситҳо ё лейкоситҳо; сафедаҳое, ки дар молекула қисми карбогидрат (гликопротеид) ва муайянсозандаи хусусиятҳои гурӯҳҳои хунро доранд ва ғ. Ҳамин тавр, илми мустақили иммуногенетика ба миён омад. Хромосомаҳоро ситогенетика меомӯзад. Олимон исбот намуданд, ки ҳуҷайраҳои омос нисбат ба ҳуҷайраҳои муқаррарӣ, одатан, маҷмӯи хромосомаҳои тағйирёфта доранд. Онҳо дар мавриди рушди омоси саратонӣ бо ҳуҷайраҳои бетағйир, ҳамчунин байни якдигар дар рақобат мебошанд. офаринишшиносии одам аз рӯйи қоидаи таъсири мутақобилаи омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ амал мекунад. Маълумоти офаринишшиносӣ далел бар он аст, ки инсон дар масъалаи пешрафти иҷтимоӣ ҳеч маҳдудияти ирсӣ надорад. Дар дунё ду шахси хусусиятҳои ирсиашон яксон мавҷуд нест. Аз назари офаринишшиносӣ ҳеч як нажод ё миллат аз нажод ё миллати дигар боло намеистад. Соли 1939 дар Конгресси II байналхалқии генетикҳо ба ҳамаи одамон, сарфи назар аз нажод, миллат ва ранги пӯст, барои рушду тараққӣ имконоти баробар ва комил дода шуд. Ба туфайли комёбиҳои офаринишшиносӣ саноати микробиологӣ ташкил ёфт, антибиотикҳо, аминокислотаҳо, сафеда, бактерияҳо, вирусҳо ва занбӯруғҳои микроскопии аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба даст оварда шуданд. Офаринишшиносӣ барои ҳалли бисёр масъалаҳои тиббӣ, пеш аз ҳама дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва ирсӣ муҳим аст. Дар ин бобат офаринишшиносии тиббӣ аҳаммияти беандоза дорад. Бахши асосии офаринишшиносии тиббӣ генетикаи клиникӣ аст. Он сабабҳои пайдоиш, инкишоф, ҷараён ва оқибати бемориҳои ирсиро меомӯзад. Генетикаи клиникӣ нейрогенетика, дерматогенетика, офталмогенетика, фармакогенетика ва ғ-ро дар бар мегирад. Тамоми мардуми рӯйи олам аз якдигар фарқ доранд, ба ҷуз ҳамзодҳои яктухмае, ки нишонаҳои ирсии онҳо асосан яксонанд. Асли ин гуногуниро тафовути меросӣ ташкил медиҳад, ки дар ҳазорҳо ген ва омезишҳои онҳо рамз (код) мондааст. Ғайр аз ин, ба туфайли мутатсия дар табиат ирсият ҳамеша тағйир меёбад.
Офаринишшиносии тиббӣ ҳамчун илм ибтидои садаи XX ба миён омад. Аввалҳо кӯшиш ба кор бурда мешуд, ки қонунмандии дар асоси таҷриба дар рустаниҳо анҷомёфтаро бевосита ба инсон нисбат диҳанд. Аммо солҳои 50-ум ба туфайли пажӯҳишҳо дар соҳаи офаринишшиносии биокимиёӣ, офаринишшиносии молекулавӣ, биологияи молекулавӣ ва ғ. зарурати амиқтар омӯхтани асосҳои генетикии ирсияти инсон ва бемориҳои ирсӣ пеш омад. Муқаррар гардид, ки генҳо мӯҷиби дар ҳуҷайраҳои ҳар ҷонвар (аз ҷумла инсон) ҳосил шудани ферментҳои барои ҳаёт муҳим ва кафили ҷараёни тибиии аксуламалҳои биокимиёии организм мебошанд. Ҷараёни нодурусти аксуламали биокимиёӣ боиси пайдоиши беморӣ мегардад. Сабаби аввалини ихтилоли биокимиёӣ тағйири генҳо аст. Он зуд намоён намешавад. Бисёр генҳо фақат дар давраи муайяни инкишофи фардии организм фаъол мебошанд. Аз ин рӯ, бемории аслан ирсӣ дар шахси ҳомили гени иллатнок метавонад дар миёнсолӣ ва ё ҳатто дар пирсолӣ зуҳур намояд.
Зиёда аз 2000 бемориҳои ирсии инсон маълуманд. Аломатҳои бо ҳам монанди бемориҳо маънои бемории ирсиро надорад. Мас., атрофия (хурд шудани ҳаҷму андоза)-и мушакҳо метавонад ҳам нишонаи миопатия ва ҳам нишонаи камғизоӣ – дистрофия бошад. Аломатҳои мазкур аз нигоҳи физиологӣ шабеҳанд, вале аз ҷиҳати биокимиёӣ фарқ мекунанд. Таҳлили дақиқи генетикӣ имкон медиҳад, ки бемории ирсӣ аз бемории ғайриирсии аломату нишонаҳояшон монанд фарқ карда шавад. Чунончи, микросефалия (хурд шудани андозаи косахонаи сар ва майна), ки мӯҷиби ноқисулақлӣ мегардад, бемории ирсӣ аст. Вале баъзе доруҳое низ, ки модар дар давраи ҳомилагӣ истеъмол кардааст, метавонанд сабабгори ин беморӣ шаванд. Ҳамчунин бемории сурхакон, ки модар дар оғози ҳамл аз сар гузарондааст, боиси карӣ, нақси дил ва осеби чашми тифл мегардад, ҳол он ки чунин аломатҳо дар мавриди баъзе бемориҳои ирсӣ низ ба мушоҳида мерасанд.
Барои ташхиси дурусти беморӣ бояд донист, ки он ба хешовандони бемор чӣ тавр мерос мемонад. Тартиб додани насабнома, инчунин ба мушоҳида расидани бемории мавҷуда ё бемории табиатан ба он наздик дар хешовандони бемор, барои муқаррар сохтани ниҳоди ирсии дард ва дараҷаи хавфи ба фарзандон мерос мондани он аҳаммияти бузург дорад. Вусъат ёфтани шабакаи машваратгоҳҳои офаринишшиносии тиббӣ баҳри бармаҳал ошкор сохтани хавфи ба дунё омадани кӯдаки бемор шароити мусоид фароҳам овард. Донистани сабабҳои молекулавии бемориҳои ирсӣ барои муолиҷаи босамари онҳо зарур аст.
офаринишшиносии тиббӣ тамоюли ирсии шахсро нисбат ба баъзе бемориҳо низ таҳқиқ мекунад. Дар бобати майли ирсӣ доштани бемориҳои гипертония, атеросклероз, шизофрения ва ғ. комёбиҳои назаррас ба даст омадаанд. Ин ба духтур имкон медиҳад, ки ба бемор ғизои мувофиқ ё парҳез фармояд.
Офаринишшиносии рустанӣ
вироишОфаринишшиносии рустанӣ ба рустаниҳои олиташаккул сарукор дошта, аз усулҳои зерин истифода мебарад: таҳлили моносомӣ (аҳаммияти ҳар як хромосомаро дар ворисият ва ташаккули аломатҳои гуногуни рустанӣ муқаррар менамояд); мутагенези таҷрибавӣ (гуногуншаклии дар селексия мавриди истифодаро ба вуҷуд меоварад); таҳлили конъюгатсияи хромосомаҳо ҳангоми мейози дурагаҳо; дурагакунӣ ва ғ. Истифодаи усулҳои биологияи молекулавӣ (дурагакунии КДН, КДН-КРН ва ғайра), офаринишшиносии популятсионӣ, биометрия ва ғ. дар офаринишшиносии рустанӣ беш аз пеш меафзояд. офаринишшиносии микроорганизмҳо бактерияҳо, вируси ҳайвоноту рустанӣ, занбӯруғҳои микроскопӣ, актинофагҳо, бактериофагҳо ва ғ.-ро таҳқиқ мекунад. Омӯзиши офаринишшиносии микроорганизмҳо боиси рушди офаринишшиносии молекулавӣ гашт. Дар ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои умдаи офаринишшиносии рустанӣ дар Институти ботаника, физиология ва биофизикаи рустанӣ, Институти биологияи Помир, Институти зироат таҳқиқот мебаранд. Солҳои 30 садаи XX дар водии Вахш бо ташаббуси Н. И. Вавилов Стансияи селексионию таҷрибавии пахтаю юнучқаи Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии пахтакорӣ ташкил карда шуд, ки заминаи асосии таҳқиқоти генетикӣ дар соҳаи селексияи пахтаи маҳиннах гардид. Худи ҳамон солҳо П. А. Баранов ақидаеро оид ба аҳаммияти полиплоидия дар ҷараёни таҳаввулот ривоҷ дод. Бо ташаббуси ӯ Стансияи биологии Помир таъсис ёфт, ки дар он оид ба қобилияти мутатсионии навъҳои маҳаллии гандуму ҷав пажӯҳишҳои назаррас анҷом пазируфтанд. Дар Институти ботаника, физиология ва биофизикаи рустанӣ доир ба генетикаи фотосинтез ва асосҳои физиологию генетикии серҳосилии рустаниҳо таҳқиқот карда мешавад. Олимони институт роҷеъ ба таъсири мутақобилаи кооперативии омилҳои ирсии геноми ядро ва пластоми хлоропласт дар назорати сохту вазифаи дастгоҳи фотосинтези рустаниҳои олиташаккул таҳқиқоти ҷолиб гузарониданд. Дар институт намунаи мутантҳои нахӯд, ҷав ва помидор ба вуҷуд оварда шудаанд. Институт муассисаи асосии илмӣ оид ба танзими корҳо дар соҳаи генетикаи фотосинтез ва ҳосилнокии рустанӣ мебошад. Июни 1975 дар назди Раёсати АИ ИҶШС Шуъбаи умумии генетикаи пахта таъсис ёфт. Шуъба вазифаи дарёфти тадбирҳои афзун гардондани ҳосили пахта ва масоили муҳофизати муҳитро ба зимма дошт. Кормандони Институти зироат доир ба селексияи навъҳои маҳиннахи пахта таҳқиқоти ҷолиб анҷом доданд. Онҳо бо усули мутагенези таҷрибавӣ ҳосилнокӣ ва сифати нахи бисёр навъҳои пахтаи маҳиннахро беҳтар сохтанд. Дар лабораторияҳои генетика ва селексияи Институти биологияи Помир қобилияти мутатсиявии анвои маҳаллии гандуму ҷав, ки дар ВМКБ мерӯянд, омӯхта мешаванд.
Офаринишшиносии ҳайвонот
вироишОфаринишшиносии ҳайвонот дар робита ба ҷонварони ваҳшӣ, хонагӣ ва кишоварзӣ (аз ҷумла моҳӣ ва занбӯр) таҳқиқот анҷом медиҳад. Он асосан аз усулҳои офаринишшиносии умумӣ истифода мекунад. Аломатҳои миқдории ҳайвонот (тез ба воя расидан, маҳсулнокии шир, пашм, тухм ва ғайра)-ро бо усулҳои офаринишшиносии математикӣ меомӯзанд. офаринишшиносии устувории ҳайвонот ба бемориҳо бахши наву асосии офаринишшиносии ҳайвонот мебошад. Дар Институти чорводорӣ оид ба зиёд кардани маҳсулнокии моли майда ва чорвои калон таҳқиқот анҷом медиҳанд. Ходимони институт барои ба вуҷуд овардани гови швитсии зебумонанд пажӯҳишҳои ҷолиб анҷом доданд. Дар натиҷаи кори бисёрсолаи онҳо зотҳои бузи серпашми шӯравӣ, гӯсфанди тоҷикӣ, гӯсфанди дарвозӣ, гӯсфанди фархорӣ низ ба вуҷуд оварда шуданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Генетика / С. Савлатов, А. Тошев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.