Сороҷон Юсуфова
Сороҷон Юсуфова (Юсуфова Сороҷон Михайловна; 5 [18] май 1910, Бухоро, генерал-губернатории Туркистон — 15 май 1966, Душанбе) — заминшинос, доктори илмҳои геология ва минералогия (1948), профессор (1950). Академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1960).
Юсуфова Сороҷон Михайловна | |
Таърихи таваллуд | 5 (18) май 1910 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 15 май 1966 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | заминшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Институти геологияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, ДДТ ба номи В. И. Ленин |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Самарқанд |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишСороҷон Юсуфова соли 1935 факултаи табиатшиносии Университети давлатии Самарқандро ба итмом расонда, дар Институти геологияи филиали узбекистонии АИ УССР ба сифати ходими илмӣ, ходими калони илмӣ кор кардааст, солҳои 1946—1948 мудирии бахши геологияи нафту гази шуъбаи геологияи Филиали тоҷикистонии АИ СССР ба зимма доштааст. Мудири озмоишгоҳи усулҳои таҳлили физикаву химиявии Институти геологияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1957—1959). Аз соли 1949 то охири умр мудири кафедраи минералогия ва нетрографияи ДДТ ба номи В. И. Ленин буд. Аввалин зан-академик дар Тоҷикистон мебошад, ки тамоми ҷидду ҷаҳдаш ба пешбурди илми геологияи тоҷик равона шудааст. Хидматаш дар таҳқиқи таҳнишастҳои мезозоӣ ва кайнозойи депрессияи Тоҷикистон, хусусиятҳои минералогии лёсс, гил ва таркиби химиявии онҳо, геохимияи элементҳои ҷудогонаи химиявӣ калон аст. Аввалин китоби дарсӣ дар соҳаи геологияро ба забони тоҷикӣ соли 1963 нашр кардааст. Осорашро ба тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ якзайл навиштааст. Дар тарбияи мутахассисони геология саҳми арзанда гузоштааст.
Осор
вироиш- Минералогические особенности лёссов Средней Азии. — М., 1956;
- Хусусиятҳои минералогии лёссҳои водии Вахш. — Сталинобод, 1958;
- Геология бо элементҳои минералогия ва петрография. Китоби дарсӣ барои донишҷӯён. — Д., 1963.
Ҷоизаҳо
вироишАдабиёт дар бораи Сороҷон Юсуфова
вироиш- Сороджан Юсупова. Библиография. — Д., 1965;
- Баротов Р. Академик Сараджан Юсупова. — Д., 2000.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.