Гулбаҳор Ашурова
Гулбаҳор Сангиллоевна Ашурова — пизишк, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI[1][2]
Таърихи таваллуд: | 18 март 1973 (51 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Ҷомӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишАшурова Гулбаҳор Сангиллоевна 18 марти соли 1973 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси табиби акушер — гинеколог хатм кардааст. Номзади илмҳои тиб мебошад.
Фаъолияти кориашро соли 1997 ба ҳайси табиби акушер — гинеколог дар беморхонаи клиники № 6, шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои табиби акушер — гинеколог дар Маркази тиббӣ, мудири бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2014 дар вазифаи Директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб шудааст.[2]
Нигаред низ
вироишСарчашма
вироиш- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
- ↑ 2.0 2.1 Гулбаҳор Сангиллоевна Ашурова(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд.