Гулбаҳор Турсунова

Гулбаҳор Нозирҷоновна Турсунова - аз Ҳавзаи интихоботии Хуҷанд № 13 вилояти Суғд — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [1]

Гулбаҳор Турсунова
Гулбаҳор Нозирҷоновна Турсунова
Таърихи таваллуд: 19 сентябр 1970(1970-09-19) (54 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ: профессор
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна 19 сентябри соли 1970 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Аз соли 1977 то соли 1987 дар мактаби миёнаи №5 ба номи ҶШС Тоҷикистон таҳсил намудааст. Соли 1987 ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, онро соли 1992 бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1992 — 1997 дар факултети иқтисоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси иқтисодчӣ гардид. Аз соли 1992 то соли 2007 дар ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва аз соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаи омӯзгор, сармуаллима, дотсент ва декани факултет буд. Моҳи ноябри соли 2009 рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии Институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати савдо ва рушди иқтисод дифоъ намудааст. Докторанти Институти муаммоҳои бозории Академияи илмҳои Россия. Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна дар мавзӯи «Таърихи пайдоиш ва тараққиёти бозор ва муносибатҳои бозорӣ дар Осиёи Марказӣ» моҳи январи соли 2015 дар Шӯрои диссертатсионии назди ДДХБСТ рисолаи докториашро бо муваффақият дифоъ намуд. Ду монография, китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Эрон, Ҳиндустон нашр гардидааст. Турсунова Г.Н бо маърӯзаҳои илмӣ дар форумҳо ва конференсияҳои байналхалқӣ дар шаҳри Теҳрони давлати Исломии Эрон январи соли 2011, дар форуми якуми байналхалқӣ дар мавзӯи: «Региональные проблемы преобразования экономики: международное сотрудничество и межрегиональная интеграция», ки санаҳои 25 — 26 сентябри 2012 сол дар шаҳри Москва, дар Конвенти ҳафтуми байналхалқии Ассосиатсияи тадқиқотҳои байналхалқии Россия дар Институти давлатии муносибатҳои байналхалқӣ (VII Конвент РАМИ «Ресурсы модернизации: возможности и пределы международного контекста»: МГИМО), ки санаҳои 28 — 29 сентябри 2012 сол дар шаҳри Москва, дар форуми байналхалқӣ дар мавзӯи «Dynamics of Central Asia: Issues & Challenges (Осиёи Марказӣ: муаммоҳо ва имкониятҳо)», ки дар шаҳри Мумбайи мамлакати Ҳиндустон рӯзҳои 15 — 16 марти соли 2013, дар форуми чордаҳуми байналхалқӣ дар мавзӯи «Стратегическое планирование и развитие предприятий», ки дар шаҳри Москва рӯзҳои 9 — 10 апрели соли 2013, сентябри соли 2013 дар форуми дуюм ва моҳи октябри соли 2014 дар форуми сеюми байналхалқӣ дар Институти муаммоҳои бозорӣ АИ Россия шаҳри Москва ширкат варзид. Заҳматҳои Турсунова Г.Н. дар ҷодаи тарбияи мутахассисони лаёқатманд ва пешбурди корҳои илмӣ бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мебошад.[2]

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш