Гулобод (деҳа, н. Ҳамадонӣ)
Гулобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 12 км, то маркази вилоят 174 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 5126 нафар (2013), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Ҳамадонӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Меҳнатобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 5126 тан (2013) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3315 |
|
Иқтисод
вироишДеҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 2 масҷиди панҷвақта, масҷиди ҷомеъ, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва 3 осиёби барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 131 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии кооперативии «Агроглобал» мавҷуд аст.
Таърих
вироишДеҳа соли 1949 таъсис ёфта, мардумаш аслан аз минтақаҳои Дошмандӣ ва Сари Хосори Балҷувон ба ин деҳа кӯчида, бо сарварии Мирзоев Исмат ва ёваронаш Муродов Искандар, Раҳмонов Хол, Пиронов Сағир, Қосимов Сафол, Достиев Гургак, Ғаффоров Исо ва Шарипов Гулаҳмад дар ҳайати колхози «20-солагии Тоҷикистон», минбаъд колхозҳои «Коммунизм» ва «Дружба» фаъолият кардаанд.
Шахсиятҳои маъруф
вироишУзви пайвастаи АИ тиб Саломуддин Исупов, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев ва генерал Шералӣ Мирзоев дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2