Гулхании Қумӣ
Гулхании Қумӣ (форсӣ: گلخنی قمی[1]; ? — 1507) — шоири форс-тоҷик, хоҳарзодаи Шаҳидии Қумӣ.
Зиндагинома
вироишДар замони ҳукмронии Султон Ҳусайни Бойқаро ва Амир Алишери Навоӣ аз зодгоҳаш ба Астаробод, сипас ба Ҳирот омада, дар он ҷо зиндагиву эҷод кард. Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» аз ӯ чун шоири саромади замон ёд намудааст. Номашро гоҳе Гулханӣ, гоҳе Гулхании Астарободӣ зикр кардааст. Гулхании Қумӣ шахси риндпеша ва ҳаззоле буд. Бо Султон Ҳусайни Бойқаро робитаи хуб дошт, аммо вақте ки ин подшоҳ наберааш — Мӯъмин Мирзоро ба қатл маҳкум кард, дар ҳаҷви вай манзумае иншо намуд, ки ин чор мисраъ аз он ҷост:
Бозори зулм боз ривоҷи дигар гирифт,
З-он кофаре, ки Муъмини динро шаҳид кард.
Он ҷо Язид омаду кори Ҳусайн сохт,
Ин ҷо Ҳусайн омаду кори Язид кард.
Пас аз кушта шудани Мӯъмин Мирзо мардуми Ҳирот дар мавзее бо номи Боғи Нав ҷамъомади мотам баргузор карданд. Гулхании Қумӣ (ба қавли Восифӣ Гулхании Астарободӣ) марсияе хонд, ки Восифии 13-сола ба байти матлаи он эрод гирифт. Гулхании Қумӣ эродро пазируфт ва ба Восифӣ девони ашъорашро, ки Султоналии Машҳадӣ китобат карда буд, бахшид. Абёти зерин намунае аз ашъори Гулхании Қумӣ мебошанд.
Онам, ки ба олам зи ман афтодатаре нест,
Озори мани сӯхта чандон ҳунаре нест.
Муште хасаму гулрухи ман оташи сӯзон,
То нек нигаҳ мекунӣ, аз ман асаре нест.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулхании Қумӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.