Гурӯҳи ҳаштгона
«Гурӯҳи ҳаштгона» (Group 8, G-8), ҳаштгонаи бузург — бошгоҳи роҳбарони кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон, ки ба он ИМА, Ҷопон, Бритониёи Кабир, Олмон, Фаронса, Итолиё, Конодо ва Русия дохиланд.
Таърихи таъсис | 1997[1][2][3] |
---|---|
Номи кӯтоҳ | G8[2] |
Иваз шуд ба | G7[d][4][5][6][…] |
Ба ҷои | G7[d][7][3] |
Бо ҳузури | Конодо, Фаронса, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Итолиё, Ҷопон, Русия, Бритониёи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико |
Таърихи фурӯпошӣ | 2014[2] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ин бошгоҳ ҳамчун гурӯҳи ҳафтгонаи бузург соли 1975 ба мақсади раҳоӣ аз буҳрони нафт таъсис ёфт. Соли 1997 Русия ба узвияти клуб дохил шуд. Ба кишварҳои «Гурӯҳи ҳаштгона» аз се ду ҳиссаи ММД-и ҷаҳон рост омада, аз даҳ як ҳиссаи аҳолии дунё дар ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд. «Гурӯҳи ҳаштгона» ҳамчун зинаи олӣ дар низоми байнидавлатии танзими равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ амал мекунад. Вай самтҳои бунёдии ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳоро ҳамоҳанг месозад ва манфиатҳоро муайян карда, дар бартараф намудани мухолифатҳо мусоидат мекунад.
«Гурӯҳи ҳаштгона» чун иттиҳоди хоссаи сарони давлат ва ҳукуматҳо мақоми созмони байналмилалиро надорад. Вай ба низоми созишномаҳои байналмилалӣ дохил нест ва дастгоҳи доимӣ, аз ҷумла котибот надорад. Ҳар давлати аъзо бо навбат дар ҷараёни сол мақоми раисиро ба уҳда мегирад. Тамоми қарорҳо тибқи усули консенсус қабул мегарданд, ки аксаран хусусияти роҳбурдӣ (стратегӣ) доранд. Стратегияи миёнамуҳлати иқтисодӣ барои «Гурӯҳи ҳаштгона» ин ба вуҷуд овардани шароити мусдар бораирои сармоягузориҳо, рушди иқтисодӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. Механизми татбиқи қарорҳо аз тариқи созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) амалӣ мегардад. Ба ғайр аз масоили иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи «Гурӯҳи ҳаштгона», ҳамчунин масъалаҳои мубориза ба муқобили камбизоатӣ, терроризм ва дигар масъалаҳои глобалӣ қарор гирифтаанд.
Дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ дар назди «Гурӯҳи ҳаштгона» вазифаҳои мураккаб меистанд. Ҳамзамон фаъолияти он камсамар ва ҳамоҳангсозии заифи стратегияи иқтисодӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дида мешавад. Бо вуҷуди ин «Гурӯҳи ҳаштгона» як сохтори хеле бонуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Бархе аз кишварҳои рӯ ба инкишоф ба мисли Хитой, Ҳиндустон ва Бразилия даъвои дохил шудан ба «Гурӯҳи ҳаштгона»-ро доранд. Аз ибтидои соли 2014 дар натиҷаи шиддат гирифтани муносибатҳои байни Русия ва Ғарб сардори давлати Русия ба Иҷлосияи сарони «Гурӯҳи ҳаштгона» даъват намешавад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://uia.org/s/or/en/1100008024 — Union of International Associations, 1908. — ISSN 2211-3010
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ 3.0 3.1 https://www.sapere.it/enciclopedia/G8.html (итол.) — De Agostini Editore, 2001.
- ↑ Smale A., Shear M. D. Russia Is Ousted From Group of 8 by U.S. and Allies — Ню Йорк Таймз, 2014.
- ↑ Acosta J. U.S., other powers kick Russia out of G8 — CNN, 2014.
- ↑ Industriemächte verbannen Russland aus G8 — n-tv, 2014.
- ↑ The Globe and Mail (ингл.) — The Globe and Mail, 2008. — ISSN 0319-0714; 1196-2607
Адабиёт
вироиш- Гурӯҳи ҳаштгона // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.