Гэри Беккер
Гэ́ри Стэнлӣ Бе́ккер (англ. Gary Stanley Becker; 2 декабри 1930, Поттсвилл, иёлати Пенсилвания — 3 майи 2014, Чикаго) — иқтисоддони амрикоӣ, Президенти Ассотсиатсияи иқтисодии Амрико (1987), Президенти Созмони иқтисодиёти меҳнат (1997).
англ. Gary Becker | |
Таърихи таваллуд | 2 декабр 1930[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 3 май 2014[1][2][3][…] (83 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | илми иқтисод |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | H. Gregg Lewis[d] |
Ҷоизаҳо | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДонишгоҳҳои Чикаго ва Принстонро хатм карда, ба ҳайси профессори ҳамин донишгоҳ (1970) ва Донишгоҳи Колумбия кор кардааст. Назарияпардози асосии империализми иқтисодӣ мебошад. Дар асарҳояш — «Сармояи инсонӣ — таҳқиқоти назариявӣ ва эмпирикӣ» (1964) ва рисола дар бораи хонавода (оила) назарияи интихоби оқилонаи иқтисодиро пешниҳод намуд, ки он бар манофеи шахсии фард асос ёфтааст ва қисмати бештари фаъолияти инсонро, ҳатто комилан ғайрииқтисодӣ, ба монанди бунёди оила муайян менамояд. Усулҳои назарияи иқтисодиро барои тавсифи ҷанбаҳои рафтору муносибати инсон истифода намуд, ки қаблан онро соҳаи ҳукмфармои ҷомеашиносӣ ва оморшиносӣ медонистанд. Ин таҳқиқоти Беккер «назарияи нави истеъмол» ном гирифт. Барои вусъати соҳаи таҳлили микроиқтисодӣ дар як силсила ҷанбаҳои рафтори инсонӣ ва ҳамкорӣ, аз ҷумла ғайрибозорӣ Беккер с. 1992 сазовори Мукофоти нобелӣ гаштааст.
Китобшиносӣ
вироиш- Беккер Г. С. Преступление и наказание. Экономический подход//Essays in the economics of crime and punishment / Ed. by G.S. Becker, W.M. Landes. — N.Y., 1974
- Беккер Г. С. Экономический анализ и человеческое поведение// THESIS. — 1993. Т.1, вып.1. С.38 (англ. Economic Analysis and Human Behavior, 1987)
- Беккер Г. С. Выбор партнера на брачных рынках // THESIS: теория и история экономических и социальных институтов и систем. — 1994. — № 6 — С.12-36 (англ. Assortative Mating in Marriage Markets, 1991)
- Беккер Г. С. Теория распределения времени //Вехи экономического мысли. Том 3. Рынки факторов производства/Под ред. В. М. Гальперина — СПб.: Экономическая школа, 2000 — С.82—121 — 489 с. — ISBN 5-900428-50-8 (англ. A theory of the allocation of time, 1965)
- Беккер Г. С. Человеческое поведение: экономический подход. М.:ГУ ВШЭ, 2003. — 672с. ISBN 5-7598-0173-2
- Беккер Г. С. Семья Бойгонӣ шудааст 24 июни 2016 сол.//Экономическая теория/ Под ред. Дж. Итуэлла, М.Милгейта[en], П.Ньюмена[en] — М.:Инфра—М, 2004. — С. 308—321 — 931с. — ISBN 5-16-001750-X
- Becker G.S. The Economics of Discrimination, 1957
- Becker G.S. Investment in Human Capital: A Theoretical Analysis Бойгонӣ шудааст 17 май 2017 сол.//Journal of Political Economy, Vol.70, No.5, Part 2, 1962, pp. 9–49 — DOI 10.1086/258724
- Becker G.S. A Theory of the Allocation of Time, 1965
- Becker G.S. Economic Theory, 1971
- Becker G.S. A Theory of Social Interactions, NBER, WP42, 1974
- Becker G.S. A Treatise on the Family. Cambridge, 1981.
- Becker G.S., Kominers S.D., Murphy K.M., Spenkuch J.L. A Theory of Intergenerational Mobility, MPRA Paper No. 66334, August 2015
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 Robert D. Hershey Jr. Gary S. Becker, 83, Nobel Winner Who Applied Economics to Everyday Life, Dies (ингл.) // The New York Times / J. Kahn — Manhattan: New York Times Company, A. G. Sulzberger, 2014. — ed. size: 443000 — ISSN 0362-4331; 1553-8095; 1542-667X
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.) — LZMK, 1999. — 9272 с.
- ↑ Nobel-winning U.S. economist Gary Becker dies at 83 - university (ингл.) // reuters.com — 2014.
- ↑ Nobel-winning economist Gary Becker dies at 83: university (ингл.) // Business Insider / H. Blodget — NYC: 2014.
- ↑ Samman A. THE 1930s AS BLACK MIRROR (ингл.) // Journal of Cultural Economy — Routledge, Taylor & Francis, 2012. — Vol. 5, Iss. 2. — P. 213—229. — ISSN 1753-0350; 1753-0369 — doi:10.1080/17530350.2012.660792
- ↑ ANALYSIS SCRATCH MY BACK TRANSCRIPT OF A RECORDED DOCUMENTARY — БиБиСи.
- ↑ Gary Becker - obituary (ингл.) // The Daily Telegraph / C. Evans — London: 2014. — ISSN 0307-1235; 1477-3805
Адабиёт
вироиш- Коржев Е. П. Гари Беккер — лауреат Нобелевской ҷоизаҳо 1992 г. в области экономики. М., 1992;
- Новая российская энциклопедия. Т.III (1), М., 2007;
- Britanica. Настольная энциклопедия. Т. 1.
Сарчашма
вироиш- Беккер Гари Стенли / И. Раҳматуллоҳ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.