Гӯсфанди қарокӯлӣ - яке аз намудҳои ҳайвоноти хонагӣ мебошад.Ватани гӯсфанди қарокӯлӣ – Бухоро ҳисоб меёбад. Аз он қароқӯли рангоранг: сиёҳ, сурх, кабуд, сафед мегиранд. Ҳаворанг ва тиллорангаш гаронбаҳо мебошад. Телпаку пӯстинҳои қарокӯлӣ дар бозори ҷаҳонӣ қимати баланд доранд ва бисёр давлатҳои хориҷӣ онҳоро мехаранд. Дар ҷумҳурӣ гӯсфандони қарокӯлӣ, ҳисорӣ ва ҷойдорӣ паҳн гаштаанд. Барои саноати сабук аз гӯсфандон пашм, мӯина ва пӯст мегиранд. Чун маҳсулоти хӯрокӣ гӯшташро истеъмол мекунанд. Дар баъзе мамлакатҳо аз шири гӯсфандон сир, чакка, айрон, қаймоқ мегиранд. Сифати чунин маҳсулот назар ба маҳсулоти ҳайвоноти дигар (гов) якчанд маротиба беҳтар аст.

Нигаред низ

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: