Гӯсфанди ҳисорӣ
Гӯсфанди ҳисорӣ - зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллист. Барои гӯшту равған парвариш карда мешавад. Гӯсфанди ҳисорӣ калонтарин гӯсфанди ҷаҳон аст.
Дар бораи пайдоиши гӯсфанди ҳисорӣ чун дигар гӯсфандони дунбадор то ҳол маълумоти аниқ нест. Гӯсфанди ҳисориро дар водии Ҳисор рӯёндаанд. Аз он ҷо рамаҳои чунин гӯсфандонро барои фурӯш ба бозори шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд, Қаршӣ ва ғ. мебурданд. Сайёҳи машҳури италиёӣ Марко Поло дар «Китоби Марко Поло» (1298) шояд Гӯсфанди ҳисорӣро дар назар дошта бошад, навиштааст, ки «гӯсфандон худи хар барин; думбаашон ғафсу калон… гӯсфандони хушнамуду серравған, гӯшташон хуштаъм». Гӯсфанди ҳисорӣ нисбат ба дигар гӯсфандони дунбадор калонҷусса буда,сару баданаш пурра ва қаду басташ зебост; зуд калон ва фарбеҳ мешавад, ба шароити кӯҳистон мутобиқ шудааст. Шох надорад, устухони биниаш барҷаста, гӯшаш калони овезон, тахтапушташ рост, гардану пойҳояш дароз, рангаш сиёҳ, бӯр ва сурхи зардча. Қади қӯчқораш (то сари дӯш) 80-85 см (баъзан то 1 м, вазнаш 120-140, баъзан то 195 кг) мешаш 75-80 см (вазнаш 80-85 кг). Вазни зиндаи барраи навзод 5-7, барраҳои 5-моҳа 40-50 (баъзан 55-60), 18-моҳа 70-90 кг мешавад.Вазни дунбаи мешаш андаряк 10-12 ва қӯчқораш 18-20 кг (баъзан мувофиқан 35 ва 55 кг). Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини Гӯсфанди ҳисорӣ (55%) дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. С.1950-60 Гӯсфанди ҳисориро барои беҳтар кардани зоти гӯсфандони маҳаллии ӯзбекӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ истифода бурда, дар Тоҷикистон зоти нави гӯсфанди тоҷикӣ ба вуҷуд оварданд.[1]
Парвариши зоти ҳисорӣ
вироишРамаҳои хушзоти гӯсфанди ҳисорӣ дар ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон, инчунин ноҳияҳои Ғончӣ, Зафаробод, Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд ноҳиябандӣ гардида, саршумори беҳтарини ин зот дар заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, хоҷагии деҳқонии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, ҶДММ «Баракати гӯсфанди ҳисорӣ»-и шаҳри Ҳисор, ҶДММ «Баракати зотпарварии гӯсфанди ҳисорӣ»-и ноҳияи Турсунзода, хоҷагии ба номи Меликмуродов, х/д «Зайниддин»-и ноҳияи Шаҳринав, х/д «Дилшод»-и ноҳияи Варзоб, х/д«Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, парвариш меёбанд.[2] Инчунин гӯсфанди ҳисорӣ дар хоҷагии зотпарварии «Бойсун»-и ноҳияи Шерободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон парварида мешавад.[1]
Гӯсфанд ҷонварест, ки ягон узви он исроф намегардад, ҳатто шохҳояшро истифода мебаранд. Барои саноати сабук аз гӯсфандон пашм, мӯина ва пӯст мегиранд. Чун маҳсулоти хӯрокӣ гӯшташро истеъмол мекунанд. Дар баъзе мамлакатҳо аз шири гӯсфандон сир, чакка, айрон, қаймоқ мегиранд. Сифати чунин маҳсулот назар ба маҳсулоти ҳайвоноти дигар (гов) якчанд маротиба беҳтар аст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 202-203
- ↑ ГӮСФАНДОНИ ЗОТИ ҲИСОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. 27 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 июни 2017.