Тахти Ҷамшед (юн.-қад. Περσέπολις (Персеполь) — маъно Шаҳри форсҳо), Тахти Ҷамшед (форсӣ: تخت جمشید‎) — шаҳри қадимаи форсҳо, ки дар асрҳои VI—V то милод, пойтахти шоҳанҳоҳии Ҳахоманишиён буд. Шаҳр аз ҷониби лашкари Искандари Мақдунӣ соли 330 то милод, ишғол гардида дар натиҷаи сӯхтор нест шудааст.

Сайёҳони тоҷик дар Тахти Ҷамшед

Дар 50 км аз шимолу шарқи Шероз, тақрибан 900 км дар ҷанубтари Теҳрон воқеъ аст. Ба шаҳристони Марвдашти Устони Форси Эрон дохил аст, фасли 4 километр аз Тахти Ҷамшед. Дар Тахти Ҷамшед боқимондаҳои комплекси қасри шоҳ ва иншооти дигар боқӣ мондаанд, ки масоҳати умумии он 135 000 м² ташкил медиҳад. Дар фосилаи 4 километр аз Тахти Ҷамшед оромгоҳи Нақши Рустам воқеъ аст. Релефҳои (нақшбарҷастаҳои) рӯи харсангии Нақши Рустам ва Нақши Раҷаб саёҳонро ҷалб мекунанд. Дар сохтмони шаҳр форсҳо меҳнати ғуломонро истифода бурдаанд. Аз маҷмааи бостонӣ машҳуртарин бино - қасри Ападана бо толори 72 сутундор мебошад.[1]

Нигористон

вироиш

Нигаред

вироиш
A walk through Pasargadae /Тахти Ҷамшед, Эрон