Даста (сози мусиқи)

(Тағйири масир аз Дастон)

Даста (дастон) – нишонаҳое, ки дар дастаи (дастони) созҳои тории мусиқӣ гузошта мешаванд (аз риштаи абрешим, рӯдаи ҳайвонот, чӯб). Дастон дар созҳои ториӣ - тор, дутор, сетор, рубоб сато ва диг. насб карда шудааст.

Даста ба косаи (ҷавз) сози мусиқӣ насб шуда ва пастию баланди садоҳо тавассути пахш кардани торҳо муайян мешавад. Агар тори назди косаи соз ба ларзиш оварда шавад, садои нафису баланд хориҷ шавад. Баракс тори дур аз косаи соз ба ларзиш оварда шавад, садои ғализ ва паст хориҷ гардад. Созтарошон дастони созҳоро одатан аз абрешиму рӯдаи ҳайвонот таҳия намуда, аз торҳои филизӣ кам истифода менамуданд, чаро ки ин усули насби дастон барои тағйир додану мураттаб сохтани парда ва пастию баландии садоҳо ҷӯри созҳо мувофиқтар аст. Созтарошон имрӯз барои насби дастон аз маводи чӯбу филизӣ бештар истифода менамоянд. Танбӯр, ки аз созҳои умда дар анъанаи иҷроии мақомҳост пардаҳояшро созтарошон аз маводи филизию чӯбӣ ва баробари ин аз маводи риштаӣ ҳам таҳия мекунанд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 60 ISBN 978-99947-49-13-3