Даҳбеди Самарқанд (зиёратгоҳ)

Мавзеи Даҳбед дар қисмати шимолу ғарбии Самарқанд, дар байни Оқдарё ва Қародарё ҷойгир шуда, ҷои қадимӣ ва таърихӣ мебошад, ки он ҷойро Миёнқол меноманд (маънои "қол - айлоқ", "тақир", "ҷои кушод" аст.) Дар асоси манбаъҳои давраи Шайбониён Даҳбедро ноҳияи Офаринкант меномиданд. Даҳбед дар чоряки якӯми асри XVI пайдо шуда, асосгузори он аз водии Фарғона - Махдуми Аъзам (Сайид Аҳмадхоҷаи Касонӣ) - ба Миёнқол кучида омада 10 то дарахти бед мешинонад, ки аз ин ҷо ин мавзеъро Даҳбед меноманд. Махдуми Аъзам (Сайид Аҳмади Косонӣ) ба Самарқанд тахминан солҳои 1515-1528 кӯчида омадаст.

Дар давраи ҳукмронии Шайбониён, Аштархониён, Манғитҳо - ин мавзеъ Суғди Хурд ҳам номида мешуд, ки маркази он Даҳбед буд. Атрофи Даҳбед бо девор иҳота карда шуда буд. Дар мавзеи Даҳбед Кӯкчӣ, Мир Отабой, Сафедук, Сартарошхона, Шохоб, Тонготар, Бештут, Оинақӯргон, Катта-Қӯрғон, Очидоқар ном гузар ва маҳаллаҳо буданд.

Мақбараи Махдуми Аъзам

вироиш

Мувофиқи васияташон Махдуми Аъзами Даҳбедӣ - ро, дар назди дарахти дӯстдоштаашон дафн кардаанд ки ин дарахт то ҳол мавҷуд аст. Даҳма (мақбара)-и хонақо, дар Шимол ҷойгир шудааст, ки 14 гумбаз манора, масҷид дорад. Муаррих профессор Н. Веселовский менависад, ки дахмаи Махдуми Аъзам дар Осиёи Миёна аз ҳама калонтарин аст. Атрофи он бо санги мармар оро дода шуда, 18 метри мукааб ҳаҷм дошта, баландиаш 2 метр аст. Амалдори бонуфузи хонигарии Бухоро - Нодир Девонбегӣ (асри XVII) атрофи мақбараро бо девор гирифта, арки калон ва дарвозахонаи баландиаш 6- метра сохта буд. Дар болои дахма 7 то санги қабр гузошта шуда буд, ки онҳо чунин навиштаҷот доранд.[1].

Аз рӯи манбаъҳо, дар асри XIX дар Даҳбед ва атрофии он 1206 хонадон буда, 45 масҷид амал мекард. Ба хурд будани мавзеи Даҳбед нигоҳ накарда дар садаи XVI ин манзил маркази дини ислом тасаввуф – Нақшбандия ба ҳисоб мерафт, ки ба он Махдуми Аъзамиён роҳбарӣ мекарданд.

Даҳбед дар таърихи худ воқеаҳои хеле гуногунро аз сар гузаронидааст. Масалан дар давраи подшоҳии аштархонӣ Абдулазизхон (1645-80) маркази исёнгарон буд. Аз рӯи маълумоти Сайидои Насафӣ набера, абера ва чабераи Махдуми Аъзам – Хоҷа Ҳошим, Хоҷа Розиқ ибн Абдумӯъминхоҷа ва Хоҷа Маҳдӣ ибн Мусохоҷа ба шӯриш сарварӣ карда буданд. Сабаби низоъҳо аз он иборат буд, ки баъзе амиру ҳокимони Даҳбед ва Миёнқол ба подшоҳ итоат намекарданд. Дар давраи манғитҳо дар миёнаи асри XIX дар Даҳбед исён ба вуҷуд омад, ки он зидди ҳукмронии Бухоро равон карда шуда буд. Дар Осиёи Миёна бахшида ба авлоди Махдуми Аъзам дар Самарқанд мадрасаи Шердор, Хоҷа Авлиё, Хоҷа Исҳоқи Валӣ, дар Бухоро хонақои Шоҳ Аҳсӣ (хонақои Махдуми Аъзам), дар Косон дар Ахсикент, дар Тоҷикистон – Мақбараи Махдуми Аъзам Ҳисор , Урметан (Айнӣ), Фалғар, дар Қирғизистон дар Узганд, дар Хитой (Чин) – дар Ёркент, Қошғар, дар Афғонистон, дар Эрон… бунёд ёфтаанд. Бахшида ба Даҳбед, бобо ва бобокалони Махдуми Аъзам, ба худи Махдуми Аъзам бисёр обидаҳоро дидан мумкин аст. Дар асрҳои XVI - XVII дар маркази Самарқанд «Гузари Деҳбедӣ» ташкил ёфт. Яке аз гузарҳои Регистон кӯчаи Ҳазрати Даҳбед номида шудааст. Фарзандон ва авлоди хушхислати Ҳазрати Маҳдуми Аъзам шуҳрати тариқатро аз Мовароуннаҳр то ба Туркистони Шарқӣ, Ҳиндустон, Покистон, Эрон Афғонистон интиқол додаанд. Силсилаи Махдуми Аъзамиён дар ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоии ин сарзаминҳо мавқеи бузургеро бозида ҳамаашон пайрави Имом Аъзам буданд. Ҳоло авлоди Махдуми Аъзам дар гузашта ва ҳозир дар Самарқанд, Хуҷанд, Тошканду Душанбе, Қирғистон, Хитой, Дубай, Москав, Навосибирск, ки ҳазорҳо хонадонро ташкил мекунанд, ба илми ҷаҳонӣ, ниёгон ва муосир ҳиссаи бузурги худро гузоштанд ва гузошта истодаанд. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он зиёда аз 200 хонадони авлоди Махдуми Аъзам зиндагӣ мекунанд.

Нигораҳо

вироиш
  1. Абу-Тахир-Ходжа. Самария. Сочинение Абу-Тахир-Ходжи. Таджицкий текст, приготовленный к печати Веселовским Н. И.. С предисловием и приложением рисунков. Предисловие Веселовского Н.. СПб. Типо-литог. И. Бораганского и К. 1904г