Додоҷони Атовуллоҳ

(Тағйири масир аз Дододжон Атавуллоев)

Додоҷони Атовуллоҳ (Додоҷон Атовуллоев; 2 марти 1955[1], деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик ва яке аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон. Муассиси ҷунбиши «Ватандор» ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон.

Додоҷони Атовуллоҳ
Додоҷон Атовуллоев
Таърихи таваллуд: 2 март 1955(1955-03-02) (69 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Маскав
Ҳизб: ҷунбиши «Ватандор»
Навъи фаъолият: сиёсатмадор

Зиндагинома

вироиш

Додоҷон Атовуллоев 2 марти соли 1955 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадаааст[1][2]. Охирҳои солҳои 1970 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст[3]. Ӯ дар замони Шӯравӣ, солҳои 80 бо мақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» ва «Омӯзгор» шуҳрат ёфта, соли 1991 «Чароғи рӯз» — нахустин рӯзномаи хусусӣ дар Тоҷикистонро таъсис дод[4].

Фаъолияти сиёсӣ

вироиш

Додоҷон Атовуллоев аз поёни соли 1992 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ то ибтидои солҳои 2000 дар Маскав кору зиндагӣ мекард, вале баъди чанд сӯиқасд ба ҷонаш ва чанд бор боздошт шуданаш бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба Олмон паноҳанда шуд[5].

Додоҷони Атовуллоҳ дар бораи қатли Умаралӣ Қувватов ба РБК гуфт[6]:

 

Я совсем не верю, что убийство спровоцирует кого-то в Таджикистане на восстание.

Страх стал гостем в каждом доме. В маршрутке, в автобусе, на свадьбах или похоронах найдется доносчик, который укажет спецслужбам, что кто-то допускал антипрезидентские высказывания.
Дододжон Атавуллоев
 

Парвандаҳои ҷиноятӣ

вироиш

Барои интиқодҳои тундаш аз ҳукумат дар Тоҷикистон ба зидди Додоҷони Атовуллоҳ чандин парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва Додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов дар як нишасти хабариаш ӯро «террористи иттилоотӣ» ном бурда буд[7].

Додоҷон Атовуллоев 16 декабри соли 2019 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ қатъ карда шуд[8].

  1. 1.0 1.1 АТОВУЛЛОЕВ Дододжон. Panlog Ltd. panlog.com. 3 Январ 2018 санҷида шуд.
  2. АТОВУЛЛОЕВ Дододжон | ЦентрАзия. www.centrasia.ru. 3 Январ 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  3. Дододжон Атовуллоев. Биографическая справка(рус.), РИА Новости (20120113T1125+0400Z). Проверено 3 Январ 2018.
  4. ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛОҲ: БА НАЗДИКӢ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУЛОҚОТ МЕКУНАМ. akhbor.com. 3 Январ 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  5. ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛОҲ: НАРХИ БИЛЕТИ БОЗГАШТИ МАН ХЕЛЕ ГАРОН АСТ!(тоҷ.), Ориён - расонаи иттилооти. Бойгонӣ шудааст 11 Декабри 2017  сол. Проверено 3 Январ 2018.
  6. Таджикский Немцов: за что в Стамбуле убили Умарали Кувватова(рус.). РБК (06 мар 2015). 27 июни 2024 санҷида шуд.
  7. Додоҷон Атовуллоев террористи иттилоотӣ аст, - прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. | Ҳабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. www.news.tj. 3 Январ 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  8. Одил Нозир. Додоҷони Атовулло авф шуд! Ӯ метавонад ба Ватан баргардад(тоҷ.). Tajikistan times. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (17 Декабри 2019). 17 Декабри 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)