Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов (26 ноябри 1967, Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС - 5 марти соли 2015, Истамбул, Туркия) — сиёсатмадори тоҷик, соҳибкор, асосгузор ва роҳбари Гурӯҳи 24 (аз соли 2012), яке аз мухолифони сарсахти Эмомалӣ Раҳмон[1].
Таърихи таваллуд | 21 ноябр 1968 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 март 2015 (46 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | тоҷир, сиёсатмадор |
Зиндагинома
вироишУмаралӣ Қувватов 26 ноябри соли 1967 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи маъруф бо номи “Док”, ба дунё омадааст. Дар 5-солагӣ аз падар ва ба дунбол аз модар маҳрум шудааст. Ба ин сабаб дар хонаи ятимони шаҳри Душанбе бузург шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна шомили факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегардад. Солҳои 2001–2012 яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон буд. Шаби 5 ба 6 март дар Истамбул бо зарби тир ба сараш кушта шуд[2][1]. Мақомоти Туркия тасдиқ карданд, Умаралӣ Қувватов дар минтақаи Фотеҳи шаҳри Истамбул бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шудааст.
Додоҷони Атовуллоҳ дар бораи қатли Умаралӣ Қувватов ба РБК гуфт[3]:
Я совсем не верю, что убийство спровоцирует кого-то в Таджикистане на восстание. Страх стал гостем в каждом доме. В маршрутке, в автобусе, на свадьбах или похоронах найдется доносчик, который укажет спецслужбам, что кто-то допускал антипрезидентские высказывания. |
Ҳаёти оилавӣ
вироишҲамсари Умаралӣ Қувватов Қумриннисо Ҳафизова буд[4].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Фармоишгар ва қотилони Умаралӣ Қувватов ошкор шуданд. isloh.net (12.02.2022).
- ↑ Расонаҳо: Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд. Sputnik (06.03.2015). 26 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ Таджикский Немцов.
- ↑ Хиромон Бақозода. Гуфтугӯ бо Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов дар YouTube (Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ)
Адабиёт
вироиш- Мӯъмин Аҳмадӣ ва Маҳмудҷони Раҳматзода. Умаралӣ Қувватов кӣ буд?. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (07.03.2015).
- Таджикский Немцов: за что в Стамбуле убили Умарали Кувватова(рус.). РБК (06 мар 2015). 27 июни 2024 санҷида шуд.
Пайвандҳои беруна
вироиш- Умаралӣ Қувватов: "Ҳадаф аз эълони митинг омӯзиши вазъи Тоҷикистон буд" дар YouTube (Ozodivideo)
- Ҳамсари Умаралӣ Қувватов: "Дигар ба ҳеҷ гурӯҳ бовар надорам" дар YouTube (Ozodivideo)
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |