Домуллоҷон Назаров
Домуллоҷон Назаров ( 12 сентябр]]и 1918, Хуҷанд — 1988, Душанбе) — мутриб ва навозандаи машҳури тоҷик (ғижжак), Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1973). Лауреати мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1974)
Таърихи таваллуд | 12 сентябр 1918 |
---|---|
Зодгоҳ | Хуҷанд ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 1988 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | мутриб ва навозанда |
Соз | ғижжак |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1973), ордени «Нишони Фахрӣ», Лауреати мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1974) |
Зиндагинома
вироишДомуллоҷон Назаров соли 1937 шуъбаи созҳои халқӣ (ғижжак)и Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Ленинобод (ҳоз. Хуҷанд)-ро хатм намудааст. Солҳои 1937—1939 навозандаи оркестри Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва 1939—1942 консертмейстери ансамбли созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1942—1945). Солҳои 1946—1947 консертмейстери оркестри Театри драмаи мусиқии ба номи Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳоз. Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд), 1947—1965 консертмейстери Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1965—1982 роҳбари мусиқӣ ва навозандаи ансамбли давлатии рақсии «Лола» буд. Назаров дар Даҳҳаи санъати тоҷик (1941) ва Даҳҳаи адабиёту санъати тоҷик дар Москва (1949, 1957), Ӯзбекистон (1968), Литва (1970), Қирғизистон (1976) ва ғ. иштирок намудааст. Ба мамлакатҳои хориҷӣ: Канада (1967), Афғонистон (1971), Эрон (1972), Муғулистон (1974), Ҳиндустон, Покистон (1975), Фаронса (1976), Италия (1980) ва ғ. Сафари ҳунарӣ кардааст.
Ҷоизаҳо
вироишЛауреати мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1974). Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», Ситораи Сурх, медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 251. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)