Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз

Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизмуассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи таълимӣ дар – шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, ш. Хуҷанд
 (КС ба номи С. Ҳофиз)
Номҳои пештара Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд
Соли асосгузорӣ 1929
Азнавташкилшавӣ ба коллеҷ
Соли азнавташкилшавӣ 1996
Навъ мусиқию омӯзгорӣ
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ 734000, шаҳри Хуҷанд

Таърих вироиш

Бунёди ин муассисаи таълимӣ ба солҳои 20-уми асри XX рост омада, дар назди техникум-студияи мусиқӣ-театрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе ташкил гардидааст ва нимаи дуюми соли 1929 ба шаҳри Хуҷанд кӯчонида шуд. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои мавҷуда, соли 1933 омӯзишгоҳро аввалин маротиба инҳо хатм кардаанд: Қобилов А., Фаёзов Р., Муродов Т., Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ӯрунбой Додобоев.
Омӯзгорони аввалин он солҳо М. Калонтаров, Ҳошим Назаров, Д. Акопян, Мавлонов, Отаев буда, Толибҷон Ҳасанов директори омӯзшпгоҳ буд (аз рӯи сурати хатмкунандагони соли 1933). Шумораи хонандагони омӯзишгоҳи мусиқӣ солҳои аввал ҳамагӣ 25-30 нафар буда, солҳои 1960-90-ум ба 650 нафар расид. Ҳоло дар омӯзишгоҳ 280 нафар таҳсил мекунанд.
Соли 1962 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд номи яке аз устодони номии мусиқии классики тоҷик Содирхони Ҳофизро гирифт.[1]
Бо қарори мушовараи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1996 омӯзишгоҳи мусиқӣ ба омӯзишгоҳи санъат ва соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз табдил дода шуд». Коллеҷи санъат дар тӯли 80 соли мавҷудияти хеш тавонист, ки шумораи донишҷӯёнро дар соли хониш то ба 365 нафар расонида, бисёр чеҳраҳои намоёни санъати тоҷикро тарбия намояд. Халқи тоҷик имрӯз бо номи Ҳунарпешаҳои халқии СССР Ғаффор Валаматзода, Ҳанифа Мавлонова, Тӯҳфа Фозилова, Ҳунарпешаҳои халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Сайфиддинов, Боймуҳаммад Ниёзов, Карим Қосимов, Одилҷон Назаров, Мӯътабар Иброҳимова, Ҷӯрабек Набиев, Абдураҳим Неъматов, Арбобони Ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Наримон Каримов, Ислом Саломов. Ҳунарпешаҳои шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Назаров, Маҷнун Баротов, Абдурауф Азаматов, Ҳофизони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯрунбой Додобоев ва Баён Облоқулов, олимони варзида, докторони илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов, Наим Ҳакимов, Султоналӣ Худойбердиев, барандагони мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Домуллоҷон Назаров ва ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ Восит Абдураҳмонов, Абдураҳмон Тошматов, Шариф Ҳикматов, Саид Ашрафов, Даврон Раҳматов, Шаҳло Ҷалилова, Саодат Саломова ва дигарон ифтихор дорад, ки онҳо бо бузургии ҳунару истеъдоди хеш на танҳо мояи ифтихори сокинони вилоят, балки балки тамоми тоҷикону тоҷикистониён гардидаанд.[1] Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз (омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд) мутахассисони соҳаҳои мухталифи санъати мусиқӣ - сарояндагону мутрибон, мутахассисони назарияи мусиқӣ, фарҳангшиносӣ, рассомӣ, китобдорӣ, хореографӣ, дирижёри хорӣ, эстрадӣ, овозхони академикиро баҳри ривоҷу равнақи фарҳанги тоҷик тайёр намудааст.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш