Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

ориф, рӯҳонии саршинос ва донишманди маъруфи исломӣ

Домулло Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Қаротегинӣ[1] (Ҳикматуллоҳ Фатҳуллоев, маъруф ба Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ; 1941, деҳаи Ғилмон, Қаротегин — 13 апрели 2021, ноҳияи Тоҷикобод, Тоҷикистон) — ориф, рӯҳонии саршинос ва донишманди маъруфи исломӣ.

Домулло Ҳикматуллоҳ
Домулло Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Қаротегинӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: ориф
Таърихи таваллуд: 1941
Зодгоҳ: деҳаи Ғилмон, Қаротегин, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт: 13 апрел 2021(2021-04-13)
Маҳалли даргузашт: ноҳияи Тоҷикобод, Тоҷикистон
Табаъият:  Тоҷикистон
Падар: Фатҳуллоҳи Қаротегинӣ
Устодон: Эшони Абдурраҳмонҷон
Шогирдон: Домулло Маъруфи Элокӣ
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Ҳикматуллоҳ Фатҳуллоев маъруф ба Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ соли 1941 дар деҳкадаи Ғилмони водии Қаротегин дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Падараш деҳқони асил ва илмдӯст буда, ҳама фарзандонро ба хондан ва донистани ахлоқи шаръӣ тарғиб менамуд. Домулло Ҳикматуллоҳ таълими ибтидоии мазҳабиро назди бибиаш, яъне назди модари модараш гирифтаааст.

Худи домулло дар бораи оғози таълимоти динияш мегӯяд:

«Ин фақир назди ҷаддаи худ (модари модар) раҳмати Худо бар ӯ бод, дар хурдсолӣ хондани Қуръон ва саводхонии форсиро таълим гирифта будам. „Чаҳоркитоб“, „Каримо“, „Панҷганҷ“, девони Ҳофиз ва дигар китобҳоро мехондам…».

Дар соли 1952 хонаводаи эшон ба вилояти Қӯрғонтеппа кӯчидаанд ва онҷо таълимоти диниро дар даврони Шӯравӣ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифтааст[2].

Домулло Ҳикматуллоҳ илми худро назди Мавлавии Ҳиндустонӣ комил мегардонад ва китобҳои «Тафсири Ҷалолайн», «Тафсири Байзовӣ», «Саҳеҳи Бухорӣ», «Саҳеҳи Муслим», «Мишкоту-л-масобеҳ», «Мухтасару-л-маъонӣ», «Шамсия бо шарҳи Қутбӣ» ва «Сулламу-л-улумӣ ва таҳзиб бо Шарҳи Абдуллоҳи Яздӣ», «Ҳикмату-л-айн», «Ал-қонун фӣ-т-тиб», «Китоби Уқлидус», «Хулосату-л-ҳисоб», «Унвону-л-баён», «Адабу-д-дунё ва-д-дин», «Мақомоти Замахшарӣ», «Мақомоти ҳарирӣ», «Гулистон», «Бӯстон», «Шабистон», «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Чаҳор унсур», «Қасоиди фуюз» ва дигар рисолаҳои илмиро аз худ мекунад[3].

Соли 1964 Домулло Ҳикматулло бо тавсияи устодаш Мавлавии Ҳиндустонӣ ба ноҳияи Куйбишев меравад, то пас аз дарёфти «илми зоҳир» назди Эшони Абдурраҳмонҷон аз «илми ботин» низ бархурдор гардад.

Дар ин бора Домулло Ҳикматуллоҳ мегӯяд:

«Ҳазрати Мавлавӣ фармуданд, баъд аз дарёфти улуми зоҳирӣ ба улуми маънавӣ бояд пардозӣ ва ба ҳузури саросар нур Ҳазрати Эшони Абдураҳмон ибни Эшони Порсохоҷа рафта, адаби хидмат ба ҷой орӣ. Муддате ба хидмат мерафтем ва баракати суҳбат дарёфтем ва ба дуои хайр ва баракату назри покон ноил гардидем».

Таълифот

вироиш
  • «Изохату-ш-шубҳа ан даови-ш-ширк ва-л-бидъа»,
  • «Файзи зиёрат бо ёди Пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва саллам»,
  • «Хақиқати баён дар баёни хақиқати Нӯъмон»,
  • «Асъофу-л-аҳноф фи-л-хаҷҷи ва-л-иътимор бимашраби-л-аслоф»,
  • «Пандномаи ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷон ал-Қорӣ алайҳи раҳмату-л-борӣ»,
  • «Сайри ибрат дар аҳди гул», «Ҷавшани амон аз даврони шамшери буррон»,
  • «Ашъори Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ»,
  • «Ақидаи салима»,
  • «Ҷавшани амон аз даврони шамшери буррон».

Даргузашт

вироиш

Домулло Ҳикматуллоҳ соати 11 шаби 13 апрели соли 2021 дар зодгоҳаш, деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод бар асари беморӣ даргузашт[4].

  1. Ҷ. Наботов, А. Мӯсоев. Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст(тоҷ.). «Садои мардум» (1 июли 2013). 14 апрели 2021 санҷида шуд.
  2. Домулло Ҳикматуллоҳ: “Итоат аз подшоҳ амри воҷиб аст”(тоҷ.). Радиои Озодӣ. Радиои Озодӣ (24 сентябри 2014). 14 апрели 2021 санҷида шуд.
  3. Sputnik Тоҷикистон. Ҳолномаи домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ: рӯҳоние, ки президент ба хабаргириаш мерафт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (14 апрели 2021). 14 апрели 2021 санҷида шуд.
  4. Даргузашти домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ руҳонии саршиноси Тоҷикистон. Asia-Plus (14 апрели 2021).