Эшони Абдурраҳмонҷон

ориф

Абдурраҳмонҷон ибни Порсохоҷа (форсӣ: عبدالرحمان بن پارسا‌خواجه‎; маъруф ба Эшони Абдурраҳмонҷон; 1920, Туғчӣ, НТҶ12 июл 1991, Қалъаи Нав, НТҶ) — ориф, хушнавис, намояндаи барҷастаи тасаввуф ва ислом дар садаи XX.

Эшони Абдурраҳмонҷон
Абдураҳмонҷон ибни Порсохоҷа
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: сӯфӣ, ориф, хушнавис, олим
Таърихи таваллуд: 1920
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 12 июл 1991(1991-07-12)
Маҳалли даргузашт:
Фарзандон: Эшони Абдулқуддус, Эшони Абдулҳошир, Эшони Абдулботин, Эшони Абдулвоҷид, Эшони Абдулбасир, Эшони Абдулмоҳиб, Эшони Абдулматин, ва 10 духтар
Устодон: Шайх Абдурраҳим Давлати Элокӣ
Шогирдон: Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ва Мавлавии Ҳиндустонӣ
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Эшони Абдурраҳмонҷон ибни Порсохоҷа соли 1920 дар деҳаи Туғчии ноҳияи Ғарм дар оилаи рӯҳонӣ (аҳли тасаввуф) чашм ба ҷаҳон кушодааст. Падараш эшони Порсхоҷа ибни Ғиёсиддин ибни Муҳаммадшариф, ки бо номи Эшони Ҳоҷӣ машҳур аст, аз уламои намоёни ислом буд. Абдурраҳмонҷони хурдсол аввалин сабақро аз қиблагоҳи хеш гирифтааст. Ҳазрати Эшони Порсохоҷа баҳри фарогирии улуми исломӣ барои фарзанди худ тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овард. Ӯ дар зери роҳнамоии падар аз илму ҳикмат ва фалсафаи ислом бархурдор гардида, дониш ва маърифати худро дар асоси дастуру нишондодҳои сарчашмаҳои асосии ислом — Қуръони азизумушшаън ва суннатҳои Паямбар(с), гуфтаву фармудаҳои уламо, удабо ва фузалои дину мазҳаб такмил дод.

Эшони Абдурраҳмонҷон то синни 18-солагӣ аз таълимоти Қуръону ҳадис пурра бархурдор гардид ва илми тафсир, сарф, наҳв ва фиқҳро то дараҷае аз бар кард. Ба машқи хат машғул гардида, назокат ва зебоии хаттотиро омӯхт.

Тасаввуф

вироиш

Хонадон ва муҳите, ки ӯ ба воя расидааст, пайрави нақшбандия буданд ва худи ӯ низ ба занҷири ин тариқат пайваста буд. Рӯзе Эшони Абдурраҳмонҷон барои падари хеш оби таҳорат муҳайё мекунад, вале падараш ӯро манъ карда, чунин мегӯяд: «Шумо писарам, моли ман нестед, ба назди муршиде рафта, касби тариқат намоед». Баъди ин насиҳати падар ӯ дар синни 18-солагӣ, яъне соли 1941 даст ба домони пир зад ва муриди ҳазрати Эшони Абдурраҳими Давлат, қутби замон ва авлиёи барҳаққи Худовандӣ гардид.

Роҳнамоӣ ва дастгирии ин пири комил буд, ки Эшони Абдурраҳмонҷон дар синни 25-солагӣ, яъне баъди ҳафт соли муридӣ дар даргоҳи ҳазрати Бузургвор хатти иршод гирифт ва аз муҳибони он ҳазрат гардид.

Баъди аз вафоти Ҳазрати Бузургвор дар соли 1947 Эшони Абдурраҳмонҷон ҳамчун шогирди соҳибмартаба ва содиқи ӯ давомдиҳандаи мактаб ва тариқати ӯ гардид. Дар ин солҳо Эшони Абдурраҳмонҷон ҳамчун сарвар ва пешвои соликони тариқати нақшбандия ва роҳнамои мардум ба дину ойини ҳанифи Муҳаммадӣ хизматҳои бедареғ намуд. Ӯ шахси барҷастаи илми тасаввуф ва дигар улуми исломӣ гардида, шуҳрат ва овозааш тамоми Тоҷикистон ва баъзе мамолики Шарқро фаро гирифт.

Эшони Абдурраҳмонҷон дар таълим ва тарбияи садҳо нафар толибилмон ва пайравони ин тариқат саҳмгузор аст. Аксари эшон уламои шинохтаи шариату тариқат дар рӯзгори мо аз ҷумла Эшони Ҳабибуллоҳ, Эшони Махдуми Тоҷиддин, Фатҳуллоҳ, Саидмуъмин, Абдулқуддус, Абдулҳомид, Абдулвоҷид, Ибодуллоҳ, Зубайдуллоҳ, Қиёмуддин, домуллоҳои маъруф Ҳикматуллоҳ, Бурҳоннидин, Ҳусайн, Муҳаммад, Садруддин ва дигарон мебошанд.

Хушнависӣ

вироиш

Эшони Абдурраҳмонҷон аз хаттотони забардасти замон буданд, ки устоди илми хат ва хушнависии ӯ хаттоти машҳур Мирзо Роиб аст. Бо қалами Эшон чандин китоб, ба мисли «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалоллуддини Румӣ, «Мантиқу-т-тайр»-и Фаридуддини Аттор, «Шарҳи Мухтасару-л-вақоя», девони Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар асарҳои нодир хушнависӣ шудаанд.

Хонавода

вироиш
 
Хонаи Эшони Абдурраҳмонҷон

Эшони Абдурраҳмонҷон вақти ба деҳаи Қандаки ноҳияи Обигарм омаданашон бо духтари Нуъмонбой ном шахс издивоҷ намуданд. Ҳамсари ҳазрати Эшон — Бибӣ Савлат дар ин бора чунин мегӯяд: «Аввалин боре, ки Ҳазрати Эшон ба қишлоқи Қандак омаданд, ман духтари қадрас будам. Падарам дар маҳбас буданд, ман дар сарпарастии модар ва амакҳоям мезистам. Рӯзе ҳазрати Эшон дар зери дарахти туте хоб буданд, ки модарашон ба хобашон медарояд ва ба ӯ чунин мегӯяд: „Писарам, ба духтари Нӯъмонбой, Савлат хонадор шав. Ман бароятон фотиҳаамро додам“». Ин хоб сабаб мешавад ва Эшони Абдурраҳмонҷон соли 1942 бо Савлат бинти Нуъмонбой ақди никоҳ мебанданд. Ҳазрати Эшон соҳиби 7 писар ва 10 духтар гардиданд.

Имрӯзҳо писарони Хазрати Эшони Абдурраҳмонҷон Эшони Абдулқуддус, Абдулҳошир, Абдулботин, Абдулвоҷид, Абдулбасир, Абдулмоҳиб, Абдулматин аз олимони муътабари исломиянд, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрат доранд.

Даргузашт

вироиш
 
Марқади Эшони Абдурраҳмон

Эшони Абдурраҳмонҷон бегоҳии ҷумъаи 12 июли соли 1991[1] дар синни 72-солагӣ, дар деҳаи Қалъаи Нав даргузашт.

  1. Абд ар-Рахман-джан аулийа, ишан саййид б. ишан Парса-хваджа (1920–12.07.1991)(рус.). Исламология. Исламология. 14 Январ 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Мирзоҳусайни Бадалипур. Ҷилои оинаҳо (Тариқати нақшбандия ва пешвоёни он дар замони мо). — Душанбе, 2020. — 332 саҳ.