Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТХ) — яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон | |
---|---|
Номи аслӣ | Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТХ) |
Номи байналмилалӣ | Khujand Polytechnical Institute of Tajik Technical University |
Соли таъсисёбӣ | 2010 |
Навъ | давлатӣ |
Директор | Саиди Дилафрӯз Раббизода |
Донишҷӯён | 4164 [1] |
Омӯзгорон | 187 |
Мавқеъ |
хиёбони Исмоили Сомонӣ |
Сайт | polytech.tj |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Маълумоти мухтасар
вироишДонишкада соли 1980 таъсис ёфта аст, ки бо номи филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикситон ва соли 2010 номи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд гирифтаст. Мақоми донишкада мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.
Таърих
вироишДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТХ) соли 1980 таъсис ёфтааст, ки онро соли 1996 директори хозираи он Саидӣ Дилафрӯз Раббизода хатм намудааст соли 2010 номи филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикситон ба донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд табдил ёфта аст. Дар донишкада 4 факултет ва 12 кафедра барои такомули дониши шогирдон фаъолият доранд. Дар онҳо беш аз 185 нафар устодон, ки зиёда аз 48 фоизашон унвони илмӣ доранд, фаъолият бурда, 4164 нафар донишҷӯёнро таълим медиҳанд.
Донишкада мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, сохтмон ва нақлиёт, технологияҳои компютерӣ, технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технологияи маводи хӯрока, технологияи саноати сабукро тайёр менамояд.
Донишкада тамоми имкониятҳои моддӣ ва техникиро дорост. Дар донишкада беш аз 36 лаборатория, 157 кабинетҳои тахассусӣ ва лингофонӣ, таҷҳизоти намоишдиҳии бо антен парабол пайваст, 33 синфи компютерӣ мавҷуданд. Донишкада дорои зиёда аз 1300 компютерҳои муосири ба Шабакаи интернет пайваст мебошад. Толори варзишии донишкада дар вилоят яке аз беҳтаринҳо аст. Теъдоди китобҳои 4 китобхонаи таълимгоҳ 112 ҳазор нусха ва 53010 адад дар китобхонаи рақамиро дар бар мегиранд. Донишкада узви Ассосиатсияи байналхалқии донишкадаҳо мебошад. Донишкада бо мактабҳои олии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ шартномаҳои дарозмӯҳлат бастааст, ки имконияти даъвати мутахассисон ва профессорони онҳоро дорад. Донишкада 237 шартномаҳои тарафайн бо созмону ташкилотҳои байналмилаӣ ва МТОК-ҳои хориҷиро дорост,
-ки 11 тои он барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва омӯзгорон ба мисоли JDEast Бойгонӣ шудааст 22 сентябри 2020 сол., Praktikum Global, Logo e.V, PRAXX;
-19 то барнома барои таҳсил ва тадқиқот дар хориҷа ба мисоли Erasmus+, DAAD.
Маркази мартабаи донишкада бо корхонаву ташкилотҳои ҳудуди вилоят ва берун аз он дар робитаи мустақим буда, миқдори шартномаҳои тарафайн 324 ададро ташкил медиҳад.
Факултаҳо
вироишДар донишкада 4 факултет фаъолият дорад:
- Муҳандисӣ-иқтисодӣ (ФМИ)
- Информатика ва энергетика (ФИЭ)
- Муҳандисӣ-технологӣ (ФМТ)
- Сохтмон ва нақлиёт (ФСН)
Директорони донишкада
вироиш- 2010—2014 Мақсудов Анвар Темурович
- 2014—2015 Дилрабо Сайдуллоевна Мансурова
- 2015 — то ин ҷониб Саидӣ Дилафрӯз Раббизода
Пайвандҳо
вироиш- Сомонаи донишкада Бойгонӣ шудааст 9 феврали 2020 сол.